Боздошти вазири пешини адлияи Қазоқистон
Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон хабар дод, ки вазири пешини адлияи ин кишвар бо гумони сӯистифода аз мақом дастгир карда шуд.
Мақомоти тафтишотӣ бар инанд, ки вазири собиқ ба нафъи ширкате шартномаҳои солона барои хидматрасониҳои нолозимро имзо карда, ба давлат зарари калон расонидааст.
Манбаъ аз ҷузъиёти парванда, аз ҷумла ному насаби вазири собиқ "ба далели халал ворид нашудан ба рафти тафтишот" худдорӣ кардааст.
Чандин расонаи Қазоқистон бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додаанд, ки сухан дар бораи Марат Бекетоеви 48-сола, собиқ вазири адлияи Қазоқистон дар солҳои 2016-2022 меравад.
Бекетоев яке аз нахустин мансабдорони баландпояи Қазоқистон буд, ки баъди ҳодисаҳои январи соли 2022 дар он кишвар аз мақом барканор шуда буд.