Амрико ҳузури низомиашро дар Ховари Миёна тақвият медиҳад
Бо авҷ гирифтани ҷанг миёни Исроил ва “Ҳамос”, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид кард, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши муноқиша ҳузури нерӯҳояшро дар Ховари Миёна афзоиш медиҳад. Ҳамзамон ба гуфтаи фармондеҳони Амрико, ин кишвар омода аст, ба ҳар навъ таҳдиди ногузир бе ягон истиҳола ҷавоб бидиҳад.