Ҳабси ду рӯзноманигор дар Эрон барои инъикоси қазияи Маҳсо Аминӣ
Додгоҳе дар Эрон рӯзи 22-юми октябр ду рӯзноманигореро ба солҳои дароз зиндонӣ кард, ки қазияи Маҳсо Аминиро расонаӣ карда буданд. Аминии 22-сола соли гузашта барои бадҳиҷобӣ боздошт ва дертар дар бемористон фавтид.