Банд мондани 400 мошини боркаш дар марзи Қирғизистону Қазоқистон
Дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек"-и Қирғизистон бо Қазоқистон садҳо мошини боркаш ҷамъ шудааст.
Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, то нисфирӯзии 23 октябр барои убур аз марз 410 мошини боркаш ҷамъ шудааст.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, афзоиши мошинҳои боркаш дар марз ба "афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти ниёзи мардум аз Қазоқистон рабт дорад". Ҷониби Қирғизистон афзудааст, ки кормандони гумруки ду кишвар "барои убури мошинҳои боркаш монеаи эҷод накардаанд".
Бори охир ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар марзи ду кишвар охири моҳи августи соли ҷорӣ мушоҳида шуда буд.