"Ҳамос" ду гаравгони исроилиро раҳо кардааст
"Ҳамос" рӯзи 23-юми октябр эълон кард, ки ду гаравгони исроилиро раҳо кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмони тундрав дар ҳамла ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр 1400 исроилиро куштанд ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифтанд. Дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Исроил беш аз 5 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.