Дар Узбекистон тарабхонаҳои "ҳалол"-ро бастанд
Мақомоти шаҳри Тошканди Узбекистон 10 тарабхонаеро, ки худро "ҳалол" муаррифӣ мекарданд ва ба муштариён нушокиҳои спиртӣ намефурӯхтанд, бастанд.
Ба гуфтаи соҳибони тарабхонаҳо, маъмурони амниятӣ ба онҳо гуфтаанд, ки дар сурати фурӯши машрубот метавонанд дубора дарҳои худро боз кунанд.
Соҳибони чандин тарабхонаи "ҳалол" ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, тарабхонаҳои онҳо моҳи равон дар пайи рейди кормандони умури дохилӣ, амниятӣ, андоз ва хадамоти беҳдоштӣ баста шуданд.
"Кормандони беҳдоштӣ ошхонаро ва аз андоз хазинаву ҳуҷҷатҳоро тафтиш карданд. Маъмурони амниятӣ ҳуҷраи намозхониро тафтиш карда, кормандонро дар бораи ақидаҳои мазҳабияшон пурсиданд ва ҳатто телефонҳои онҳоро санҷиданд", - изҳор дошт яке аз ҳамсуҳбатони радио.
Ба гуфтаи соҳибкорон, мақомот барои гузаронидани рейд ҳеч гуна санади расмиеро нишон надодаанд.
"Онҳо гуфтанд, машрубот бифрӯш ва бидуни мушкил кор хоҳӣ кард. Ҳамчунин илова карданд, хуб мешавад, агар ба мо муқобилият нишон надиҳед", - гуфт, соҳиби яке аз тарабхонаҳои басташуда дар Тошканд.
Мақомоти Узбекистон басташавии тарабхонаҳоро то ҳол шарҳ надодаанд.