Вазири дифои Чин аз мақом барканор шудааст
Вазири дифои Чин Ли Шангфу аз мақом барканор ва аз ҳайати Шӯрои давлатӣ берун карда шудааст.
Расонаҳои чинӣ хабар додаанд, ки Ли Шангфу бо қарори кумитаи доимии Маҷлиси умумимиллии намояндагони мардумии Чин барканор гаштааст.
Сабаби барканории Ли Шангфу гуфта нашудааст ва ҳамчунин маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ таъйин мешавад.
Ли Шангфу бори охир моҳи августи имсол дар мазҳари ом пайдо шудааст. Пеш аз он, вай аз Русия ва Белорус боздид карда буд.
Расонаҳои ғарбӣ бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додаанд, ки зидди вазири ҳамакнун пешини дифои Чин бо гумони фасодкорӣ тафтишот оғоз шудааст. Пекини расмӣ ин хабарро рад ё тасдиқ намекунад.