"Гуфтанд, шароб фурӯшу кор кун." Дар Узбекистон ошхонаҳои "ҳалол"-ро мебанданд
Мақомоти Узбекистон камаш даҳ ошхонаи ба истилоҳ “ҳалол”-ро дар шаҳри Тошканд бастаанд. Ҷойҳое, ки намозхона доранду ба муштариён шароб намефурӯшанд. Маъмурони амниятӣ ба соҳибкорон гуфтаанд, дар сурати фурӯши шароб метавонанд дубора дари ошхонаҳои худро кушоянд.