Чаро қимати газ дар Тоҷикистон боло рафт?
Гази моеъ, ки бештар аз 50 дар сади мошинҳои кишвар бо он ҳаракат мекунанд камчин ва гарон шудааст. Боло рафтани қимати ин маводи сухт, ки ду моҳ пештар арзон буд, ҳоло ба қимати дигар молу мавод таъсир гузошта ва бахусус ба ҳамёни мардуми камбизоат зарба задааст.