Ронандаи таксӣ аз муҳоҷирон мехоҳад, ҳушёр бошанд
Як муҳоҷири қирғизистонӣ дар Маскав, ки дар ширкати Яндекс ба ҳайси курйер кор мекунад, қариб буд, нофаҳмида ба қочоқбари маводи мухаддир табдил ёбад. Алиёр Матраимов таваккалӣ бастаеро, ки ба ӯ барои расондан дода буданд, кушод ва дар дохилаш маводи нашъадорро пайдо кард.