Раисони ҳукуматҳои СҲШ ва ИДМ дар Бишкек мулоқот мекунанд
Ҷаласаҳои Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ), Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё 26 октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешаванд.
Муовини аввали президенти Эрон Муҳаммад Муҳбар, сарвазири Русия Михаил Мишустин, сарвазири Узбекистон Абдулло Орифов, сарвазири Беларус Роман Головченко ва сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов барои ширкат дар ин нишастҳо ба Бишкек рафтаанд.
Сарвазири Чин Ли Сян низ 24 октябр дар доираи як сафари расмӣ вориди Бишкек шуда буд. Ӯ низ дар мулоқоти раисони ҳукуматҳои СҲШ иштирок мекунад.