Ҳимояти Тоҷикистон аз қатъномае барои оташбас дар Ғазза; Исроил танқид кард
Тоҷикистон аз қатъномае пуштибонӣ кардааст, ки ба оташбаси фаврӣ дар минтақаи муҳосирашудаи Навори Ғазза даъват мекунад. Онро Маҷмаи Умумии Созмони Милал рӯзи 27-уми октябр бо 120 ройи мувофиқ пазируфт, аммо Исроил ва баъзе аз ҳампаймонҳояш эътироз карданд.