Пизишки узбек дар Доғистон маҷбур шуд, исбот кунад, ки "яҳудӣ" нест
Шоми 29 октябр дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон эътирози зидди яҳудиён баргузор шуд. Бино ба иттилои мухталиф, дар ин иқдом ҳудуди ҳазор кас иштирок кардааст.
Ба иттилои Кавказ.Реалии, эътирозгарон мусофири аз Москва ба Доғистон парвозкардаро бо гумони шаҳрванди Исроил будан боздошт кардааст. Марди боздоштшуда талош кард, ки ба эътирозгарон фаҳмонад, на яҳудӣ асту на шаҳрванди Исроил. Дар ниҳоят кормандони пулисе, ки либоси мулкӣ доштанд, ӯро аз дасти эътирозгарон раҳо карданд.
Дертар маълум шуд, ки вай Дилшод Мамадалиев, узбектаборе аст, ки дар Маскав ба ҳайси пизишк кор мекунад.
Неруҳои интизомии Доғистон тавонистанд, ки эътирозгаронро субҳи 30 октябр аз фурудгоҳ берун кунанд. Кумитаи тафтишотии Русия дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.