Иброҳим Рустамов: "Википедия донишнома аст, на зиндагинома"
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе 20-солагии таъсиси Википедияи тоҷикиро ҷашн гирифтанд. Дар он олими тоҷик Иброҳим Рустамовро яке аз бунёдгузорон ва муҳаррири нахустини Википедияи тоҷикӣ номида, афсӯс хӯрданд, ки натавонист дар ҷашн ширкат кунад.