Шиорҳои зидди ҷанг ва Путин ҳангоми видоъ бо Навалний
Маросими видоъ бо раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний дар шаҳри Маскав ҷараён дорад. Бо вуҷуди чораҳои бисёр сахти амниятӣ ва ҳузури зиёди нерӯҳои полис, ҳазорон нафар ба маросим рафтанд. Дар миёни онҳо хешовандону наздикон ва тарафдорону мухлисони Навалний ҳастанд.