Дар лигаи олии футболи Тоҷикистон 12 даста бозӣ мекунад
Дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ теъдоди тимҳои иштироккунандаи мусобиқот ду адад зиёд шуда, ба 12-то расид. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гирифта шуд.