Дар Нигерия ҷустуҷӯи беш аз 280 кӯдаки рабудашуда идома дорад
Дар Нигерия ҷустуҷӯи 280 мактабхоне идома дорад, ки рӯзи 7 март аз ҷониби даҳҳо афроди мусаллаҳ рабуда ва ба макони ношинос бурда шуданд. Шумори онҳо беш аз 300 нафар буд, вале чанде тавонистанд фирор кунанд ё раҳо шаванд.