Гузоришҳо: Толибон созишномаи CASA-1000 имзо карданд
Ба иттилои чанд расона дар Афғонистон, ҳукумати Толибон ва кишварҳои минтақавӣ бо татбиқи тарҳи энерживу нақлиётии CASA-1000 мувофиқат ва созишномаи иҷрои онро имзо карданд. Дар ин бора, рӯзи 9 март amu.tv (Ому.ТВ) ва pajhwok.com хабар доданд.