"Дуоям ин аст, ки мактабҳо ба рӯи духтарон боз шаванд"
Як сол пеш, Муска Шоҷии 13-сола ҳамроҳ бо оилааш аз Афғонистони зери назорати Толибон фирор кард ва ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико паноҳ бурд. Ин духтарак ҳоло дар синфи 7 мехонад ва медонад, ки агар дар Афғонистон мебуд, таҳсил барояшон номумкин мешуд.