Сардори як мизи ҳарбиро дар Ашт барои қаллобӣ ҷазо додаанд
Як низомиро дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд барои қаллобӣ ҷазо доданд. Сардори мизи ҳарбии ҷамоати Ориён ба гирифтани 15 ҳазор сомонӣ дар ивази таҳияи билет ва аз хидмат озод кардани як сокини ноҳия гунаҳкор шудааст.