"Нерӯи барқ нест", "нархи маҳсулот гарон"
Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон дар шароите оғоз шуд, ки сокинони аксар шаҳру деҳаҳо бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. Мардум мегӯянд, чунин “лимит”-ро чанд соли охир надида буданд. Нархи баъзе аз маҳсулоти ғизоӣ ҳам боло рафтааст.