Тарҳи қонуни ҷанҷолии ВАО-ро дар Қирғизистон боз хонданд
Бо дастури президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов тарҳи қонун "Дар бораи ВАО" бозхонд шудааст. Пештар аз ин Ҷабборов бо роҳбарони расонаҳои Қирғизистон мулоқот ва аз ҷумла тарҳи қонун "Дар бораи ВАО"-ро баррасӣ кард. Ин тарҳи қонун дар баррасии порлумони он кишвар буд.