Дар Нигерия бар ивази раҳоии хонандагон маблағ талаб доранд
Гуруҳи мусаллаҳе, ки 7 март дар Нигерия беш аз 280 хонандаро рабуда буд, барои раҳоии онҳо маблағ талаб кардааст. Одамрабоён бар ивази раҳоии хонандагон як миллион найраи нигерӣ (620 432 доллар) хостаанд.