20 кӯдак дар Ғазза аз гуруснагӣ ҷон додаанд
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, 20 кӯдак дар Ғазза аз гуруснагӣ ҷон додаанд ва садҳо кӯдаки дигар аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд ва рӯҳану ҷисман беморанд. Ҳамлаи Исроил ба Ғазза даҳҳо ҳазор кӯдаки фаластиниро сарсон кардааст ва ҳазорон кӯдак хонаву волидони худро аз даст додаанд.