"Аз мӯйи сарам кашида, ба девор зад." Чаро табибони қирғизро мезананд?
Дар Қирғизистон ҳолатҳои ҳамла ва латукӯби табибон бештар шудааст. Иттифоқи касабаи пизишкони Қирғизистон бо нигаронӣ мегӯяд, кормандон соҳаи тиб дар ҷои кор мавриди ҳамла латукӯб ва таҳқир қарор мегиранду дар бисёр ҳолатҳо ҳамлагарон ё озордиҳандаҳои онҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.