Дастаи посдорони сулҳи қазоқистонӣ ба баландиҳои Ҷулон расиданд
Низомиҳои қазоқистонӣ ба баландиҳои Ҷулон расиданд. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Қазоқистон рӯзи 16 март хабар доданд. Онҳо нахуст ба шаҳри Димишқи Сурия рафта ва аз онҷо бо мошин то пойгоҳи ҳифзи сулҳи Фавар расидаанд.