Куриёи Шимолӣ ба Русия наздики 7 ҳазор "контейнер" муҳимоти ҷангӣ фиристодааст
Шуруъ аз соли 2023 Куриёи Шимолӣ ба Русия наздики 7 ҳазор "контейнер" муҳимоти ҷангӣ ва дигар таҷҳизоти низомӣ фиристодааст. Дар ин бора вазири мудофиаи Куриёи Ҷанубӣ Шин Вон Сик хабар дод.