Муҳоҷирон мегӯянд, кори сахт монеи рӯзадорӣ намешавад
Аксари муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар Русия, бо вуҷуди кори сангин ва бо он, ки дар як рӯз то 12–14 соат заҳмат мекашанд, рӯза мегиранд. Дар Рамазон ба мусофирон ва ё афроде, ки кори вазнин мекунанд сабукиҳое дода шудааст. Вале муҳоҷирон мегӯянд, кор наметавонад монеи рӯзадорӣ шавад.