Ба доди нобинои ғоратшудаи сарсон расиданд
Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ғорати ҳисоби бонкии як нобино дар Душанбе, бонк пули ӯро баргардондааст. Шаш моҳ пеш се ҳазор сомонии Аслиддин Ҷалиловро рабуданд. Саргузашти ин нобино интиқоди зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.