Сарвазири Узбекистон ба Бишкек меравад
Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон имрӯз, 1-уми август, ба Қирғизистон меравад. Ба иттилои маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон, дар шаҳри Бишкек ҷаласаи байниҳукуматии Узбекистону Қирғизистон баргузор мешавад. Мулоқоти пешини Орипов бо ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқулӣ Абилғозиев моҳи марти соли гузашта барпо шуда буд. Дар мулоқоти пешин ду вазир "Харитаи роҳ"-и ҳамкориҳоро имзо карданд. Аз замони сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон, содироти мол ба Қирғизстон панҷ баробар афзудааст. Читать дальше...