Дар Узбекистон милиса нисбати фурӯшандаҳои эътирозгар аз нерӯ кор гириф
Дар бозори ноҳияи Оққурғони вилояти Тошканди Узбекистон рӯзи 13-уми август даҳҳо зан дар робита ба сохтмони мағоза дар макони савдои онҳо эътироз карданд. Дар наворе, ки дар расонаҳо нашр шуд, дида мешавад, ки чӣ гуна занони савдогар бо кормандони милиса баҳс мекунанд. Ба гуфтаи як шоҳид, сабаби эътирози занон сохтмони мағозаест, ки дар макони тиҷорати онҳо бунёд мешавад. "Ин занҳо дар канори роҳ савдо мекунанд. Ҷои савдои онҳо ҳамеша серодам аст. Ҳамин заминро ба кадоме аз соҳибкорон фурӯхтаанд ва соҳибкор ба сохтмони мағоза шуруъ кардааст. Читать дальше...