Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 17.02.2020

Қарори манъи истифодаи таксиҳои куҳна бозбинӣ мешавад

Ozodi.org 

Мақомот дар Душанбе мехоҳанд, қарори манъи истифодаи мошинҳои таксии истеҳсолашон то соли 2014-ро бозбинӣ кунанд. Маҳмадсаид Зубайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, гуфт, бо эҳтимоли зиёд ба истифодаи мошинҳои кӯҳна, "аммо бо вазъи хуби техникӣ" иҷозаи хадамоти такси дода мешавад. Пештар намояндагони ҳукумати пойтахт гуфта буданд, аз моҳи январи имсол танҳо мошинҳои истеҳсолашон аз соли 2014 ба ин тараф ҳаққи хадамоти таксиро доранд ва ин иқдом нигаронии ронандаҳоро ба вуҷуд овард.



Ёвари ҳукумат ё мухолифи он: ҲИИТ бо чӣ ба интихобот меравад?

Ozodi.org 

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), ки худро мухолифи ҳукумат муаррифӣ мекунад, тасмим дорад, дар порлумони ояндаи кишвар соҳиби 5 курсӣ шавад.  Сиёсатшиносони тоҷик ин ҳизбро на мухолиф, балки яке аз шарикони ҳукумат мешуморанд.  Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон яке аз ҳафт ҳизби расман номнависшуда аст, ки корзори интихоботиро бо 7 номзад аз рӯйхати ҳизбӣ ва 11 номзад аз ҳавзаи якмандатӣ ба поён мерасонад. Раҳбарияти ин ҳизб, ки ҳоло дар порлумон соҳиби се курсӣ аст, умедвор аст... Читать дальше...

Шумораи гирифторони вирус дар ҷаҳон аз 71 000 нафар гузашт

Ozodi.org 

Шумораи тасдиқшудаи гирифторон ба коронавирус дар саросари ҷаҳон аз 71 ҳазор нафар гузашт. Беш аз 70 ҳазор ҳолатро дар Чин ба қайд гирифтаанд. Шумораи фавтидагон ба 1770 нафар расид. Комиссияи миллии нигоҳдории тандурустии Чин рӯзи 17-уми феврал гузориш дод, ки боз 105 ҳодисаи фавти одамон бар асари коронавирус дар Чин ба қайд гирифта шудааст.  Дар ин миён мақомоти Ҷопон аз олуда шудани 70 нафари дигар дар киштии Diamond Princess хабар доданд, ки дар соҳили Ҷопон дар карантин аст. Ҳамин гуна... Читать дальше...

Дар Узбекистон сокинон ба ҳимоят аз манзилҳояшон бо табару бел бархостанд

Ozodi.org 

Дар вилояти Сурхандарёи Узбекистон сокинони ноҳияи Олтинсой зидди он кормандони пулис, ки барои тахриби хонаҳояшон рафта буданд, бо табару бел бархостанд, Дар натиҷаи занозанӣ як сокини осоишта ва ду корманди пулис захмӣ шуданд. Ба гуфтаи шоҳидон, субҳи 14-уми феврал гуруҳи кормандони пулис, додситонӣ ва ҳукумати ноҳияи Олтинсой ба маҳаллаи "Халқобод" рафта, сокинонро огаҳ кардаанд, ки хонаҳояшон тахриб хоҳад шуд. Хабари тахриби манзилҳои зист боиси сар задани занозанӣ миёни ҷонибҳо шудааст. Дар наворҳое... Читать дальше...



Пулис нагузошт, сокинон шикояташонро ба Назарбоев расонанд

Ozodi.org 

Пулиси шаҳри Нурсултон субҳи 17-уми феврал роҳи даҳҳо эътирозгареро баст, ки ба самти қароргоҳи президенти Қазоқистон равон буданд. Эътирозгарон, ки шуморашон наздики 60 нафар буд, мулоқот бо президенти пешин ва раиси якумрии Шӯрои амнияти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, духтари ӯ - раиси сенати порлумон Дариға Назарбоева ва раиси дастгоҳи президент Ерлан Кошановро талаб доранд. Ба қароргоҳи президент ҳамчунин соҳибони манзилҳои баҳсӣ, қарздорони ипотека ва гуруҳи сокиноне мехостанд, ворид шаванд... Читать дальше...

Мулоқоти Саида Мирзиёева бо Иванка Трамп дар Дубай

Ozodi.org 

Рӯзи 16-уми феврал дар шаҳри Дубай Анҷумани ҷаҳонии бонувон оғоз шуд. Дар рӯзи аввали анҷуман Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёева ҳамчун узви Комиссияи баробарии гендерӣ дар ин кишвар баромад кардааст. Мирзиёева пеш аз оғози анҷуман дар Telegram навиштааст, ки ӯ бо Иванка Трамп, духтари Доналд Трамп вохӯрдааст. "Пеш аз оғози Анҷумани ҷаҳонии бонувон президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпасс маро бо Иванка Трамп шинос намуд",-навиштааст вай. Духтари Мирзиёев дар суханронияш... Читать дальше...

Додситонӣ хабари додани пора ба раъйдиҳандагон дар Ӯшро шарҳ дод

Ozodi.org 

Раёсати шаҳрии корҳои дохилии Ӯши Қирғизистон тафтиши ибтидоии бо ришваву пора ҷалб кардани раъйдиҳандагонро шуруъ кард. Дар ин бора Додситонии кулли Қирғизистон хабар медиҳад. Дар хабари додситонӣ омадааст, ки мақомоти назоратӣ иҷрои қонунҳои интихоботиро дар давраи маъракаи интихоботи маҳаллӣ назорат мекунанд. Мақомот ҳамчунин тағйири дастаҷамъии қайди ҷойи зисти сокинонеро месанҷанд, ки дар остонаи интихобот аз деҳот ба шаҳр "кӯчидаанд". Ба иттилои додситонӣ, пулис тафтишот мебарад ва роҳбарони... Читать дальше...

Хӯҷа-Командир аз Дубай ба Душанбе оварда шуд

Ozodi.org 

Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), фармондеҳи пешини Фронти Халқии Тоҷикистонро аз Дубай ба Душанбе овардаанд. Вай тобистони соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуда буд.   Cомонаи "Ахбор" рӯзи 17-уми феврал бо такя ба манобеаш дар бораи истирдоди Хӯҷа Каримов аз Дубай хабар дод. Манобеи Радиои Озодӣ низ ба Душанбе овардани фармондеҳи пешини Фронти Халқиро тасдиқ карданд. Як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ ҳоло бозпурсӣ мешавад".  Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз ба Душанбе овардани Хӯҷа-Командирро тасдиқ ё рад накардаанд. Читать дальше...

Боздошти раҳбарони оппозитсия ва норозиҳо аз натиҷаҳои интихобот дар Озарбойҷон

Ozodi.org 

Пулиси Озарбойҷон се тан аз раҳбарони мухолифини ҳукумати ин кишвар ва беш аз 100 фаъоли сиёсиро дар остонаи эътирозҳо дар Боку боздошт кард. Ин эътирозҳо алайҳи натиҷаҳои интихоботи порлумонии ҳафтаи гузаштаи ин кишвар роҳандозӣ шуда буд. Интихоботе, ки нозирони байналмилалӣ аз он интиқод кардаанд. Бисёре аз боздоштшудаҳо дар поёни рӯзи якшанбеи 16-уми феврал раҳо шуданд. Бар пояи натиҷаҳои эъломшуда аз тарафи Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон, дар интихоботи ҳафтаи гузашта ҳизби ҳокими "Озарбойҷони навин" аз 125 курсии порлумон... Читать дальше...

Пешравии артиши Сурия дар Идлиб ва Ҳалаб. Гуфтугӯи телефонии Трамп ва Эрдуғон

Ozodi.org 

Президенти Амрико Доналд Трамп бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон телефонӣ сӯҳбат карда, бо ибрози нигаронӣ аз вазъ вилояти Идлиби Сурия, аз Русия хостааст, ки аз нерӯҳои Башор Асад ҳимоят накунад. Ба иттилои Кохи Сафед, Доналд Трамп дар ҷараёни ин гуфтугӯ гуфтааст, Амрико мехоҳад Русия ба ҳимояташ аз нерӯҳои ҳукумати Сурия поён диҳад. Президенти Амрико ҳамчунин хостори "ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ барои поёни бӯҳрони Сурия шудааст". Муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Амрико изҳор дошт, ки ин гуфтугӯи... Читать дальше...

Сафари "Хуҷанд" ба Қирғизистон барои бозӣ бо "Нефтчӣ"

Ozodi.org 

Бошгоҳи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, барои бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 муқобили дастаи “Нефтчӣ”, барандаи Ҷоми Қирғизистон, рӯзи якшанбе, 16-уми феврал, ба Ҷалолобод расид. Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Нефтчӣ” ва “Хуҷанд” 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и Ҷалолобод соати 13:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад. Бозии ҷавобӣ 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад. Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) ҳакамонеро... Читать дальше...

Аввалин бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ дар Анталия

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии санҷишӣ аз бошгоҳи «Виборг»-и Дания бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуд. Бозии дувуми санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) муқобили «Виборг»-и Дания дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия рӯзи шанбе, 15-уми феврал, доир гардид. Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар Анталия 12-уми феврал аввалин бозии санҷиширо муқобили мунтахаби ҷавонони Гурҷистон (U-19) бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода буданд. Читать дальше...

Қатъи интернет дар Қазоқистон ва талоши мақомот барои ислоҳи вазъ

Ozodi.org 

Рӯзи якшанбеи 16-уми феврал дар Қазоқистон аз кор мондани чанде аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, Youtube ва хизматрасонҳои Google мушоҳида шуд. Корбарони аз суръати кунди Интернет шикоят доранд. Мушкили дастрасӣ ба паёмрасони Telegram чанд рӯз аст, ки давом дорад. Берик Уалӣ, сухангӯи президенти Қазоқистон хабар дод, ки Қосимҷомарт Тоқаев дастур дод, "фаъолияти ҳамаи сомонаҳову шабакаҳо барқарор шавад". Тоқаев айни ҳол бо сафари корие дар Олмон қарор дорад. Читать дальше...

Зодгоҳи Бердимуҳаммадов беҳтарин ноҳия эълон шуд

Ozodi.org 

Ноҳияи Геоктепини Туркманистон барандаи озмуни беҳтарин ноҳияҳои он кишвар дар соли 2019 эълом ва соҳиби 1 миллион доллари ИМА шуд. Ба навиштаи расонаҳо, маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 13-уми феврал дар деҳаи Изганти ноҳияи Геокдепин сурат гирифт. Дар ин маросим ноиби сарвазир, вакилони порлумон, роҳбарони вилоятҳову ноҳияҳо, намояндаи созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигарон ширкат карданд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон фармон дар бораи тақдими 1 млн долларро 7-уми феврал имзо карда буд. Читать дальше...

Узбекистон эътироф кард, ки дар ҳаводиси Андиҷон мардумро нерӯҳои ҳукуматӣ паронданд

Ozodi.org 

Муовини Додситони кулли Узбекистон Светлана Ортиқова эътироф кард, ки 13-уми майи соли 2005 дар Андиҷон ба самти сокинони осоишта на гуруҳҳои мусаллаҳ, балки нерӯҳои ҳукумати ин кишвар оташ кушода буданд. Ортиқова дар суҳбат бо расонаи Qalampir.uz гуфт, бархе аз мансабдорони давлатӣ, ки дар оташкушоӣ ба сӯи сокинони осоишта даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Вале ӯ ному насаби муҷозотшудаҳоро дақиқ нагуфт. "Бархе аз онҳо аллакай ба зиндагии муқаррарии худ баргаштаанд",-афзуд Ортиқова. Тошканди расмӣ то ба имрӯз мегуфт... Читать дальше...

"Facebook" рӯзона миллион саҳифаи дурӯғинро пок мекунад

Ozodi.org 

Бунёдгузори шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" Марк Сукерберг гуфт, маъмурияти шабака ҳамарӯза беш аз 1 миллион саҳифаи дурӯғинеро пок мекунад, ки барои пешбурди маъракаҳои сиёсии ҳукуматҳои гуногун боз шудаанд. "Дар ҳоли ҳозир мо рӯзона беш аз 1 миллион саҳифаи дурӯғинро пок мекунем. Дурӯғин будани бештари ин саҳифаҳо ҳамагӣ баъд аз чанд соати боз шуданашон маълум мешавад. Аксари онҳо ба ниҳодҳои давлатие рабт надоранд, ки мехоҳанд ба интихобот таъсир расонанд. Вале бидуни шак, баъзе аз онҳо як қисми маъракаи ҳукуматҳоянд"... Читать дальше...

Суръати сирояти вируси нав дар Чин суст шудааст

Ozodi.org 

Мақомоти Чин се рӯзи пайиҳам аз коҳиши сирояти вируси нав гузориш медиҳанд, вале Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, аз ҳоло дар бораи чӣ гуна идома ёфтани бӯҳрон чизе гуфтан зуд аст.



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

Брейн присоединился к СКА. Баста выложил фото с ним: «Приветствуем Сергея в нашей большой семье»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании


Даниил Медведев

Тарпищев: нельзя Медведева назвать главным претендентом на золото Олимпиады



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

В Сети появилось видео пожара на теплоходе в Архангельске



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России