Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 07.02.2020

Тақозои 675 миллион доллар барои мубориза бо вируси нав. ВИДЕО

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки барои мубориза бо вируси нав ва пешгирӣ аз густариши он 675 миллион доллар ҷудо кунанд. Вируси нав, ки охири моҳи декабри соли гузашта пайдо шуд, то ҳол беш аз 560 нафарро кушт ва 28 ҳазор каси дигарро бемор кард. Дар кишварҳои дигари ҷаҳон 191 нафар ба ин бемории нави роҳҳои нафас гирифтор шудаанд. Чин ба мардуми зиёдтаре амр дод, ки дар хонаҳояшон бимонанд, то аз сирояти вируси нав эмин бошанд. Сонг Шули, намояндаи Вазорати тандурустии Чин, гуфт, "ҳоло 3219 бемории вазнин дорем. Читать дальше...



WHO барои мубориза бо вируси нав 675 миллион доллар хост

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи чаҳоршанбе аз кишварҳои ҷаҳон хост, барои мубориза бо вируси нав ва пешгирӣ аз густариши он 675 миллион доллар ихтисос диҳанд. Вируси нав, ки охири моҳи декабр пайдо шуд, то ҳол 600 нафарро кушт ва 28 ҳазор каси дигарро бемор кард.

Хашми Вашингтон аз зӯроварӣ ба зидди тазоҳургарон дар Ироқ

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео гуфт, ки Вашингтон аз зӯроварӣ ба зидди тазоҳургарон дар шаҳри Наҷафи Ироқ "хашмгин" шудааст. Ӯ аз Бағдод даъват кард, ки "фавран шикоятҳои қонунӣ"-ро баррасӣ кунад. Изҳороти Помпео рӯзи 6-уми феврал пас аз он садо дод, ки рӯзи чоршанбе дар рафти задухӯрдҳои ҳаводорони Муқтадо ас-Садр, рӯҳонии бонуфузи шиа ва тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар шаҳри Наҷаф камаш ҳашт нафар кушта шуд. Садри популист дар аввал тазоҳургаронро пуштибонӣ кард, вале пас аз чанд рӯз... Читать дальше...

Пешниҳоди вазорат: "Хизмати ҳарбӣ ним сол кам карда шавад".

Ozodi.org 

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ба қонуни хизмати ҳарбӣ тағйирот пешниҳод шудааст, ки бар асоси он, мӯҳлати хизмати ҳарбӣ дар кишвар аз 2 ба 1,5 сол кам карда мешавад. Мақомот мегӯянд, ин пешниҳод баъди мувофиқа бо вазорату идораҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ирсол шудаст.



Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро аз Чин ба Тюмен бурдааст

Ozodi.org 

Масъулони Вазорати дифои Русия гуфтанд, дар як ҳафтаи ахир беш аз 140 нафарро аз шаҳри Вуҳани Чин берун овардаанд. Дар миёни онҳо ду хориҷӣ ҳам будаанд, ки яке аз Тоҷикистон ва дигаре аз Арманистон аст. Аз онҳо ном бурда намешавад. Мақомоти Русия гуфтанд, ин афрод дар вилояти Тюмен ҳастанд. Хадамоти матбуоти Вазорати дифои Русия гуфт, ҳеч кадом аз онҳо бемор нест, аммо тибқи қоида ду ҳафта дар карантин ё назорати пизишкон хоҳанд буд. Ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии Русия дар Чин чандин донишҷӯ аз кишварҳои пасошӯравӣ... Читать дальше...

Даҳҳо додрас барканор ва дубора ба мансабҳои нав таъйин шуданд

Ozodi.org 

Беш аз 90 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон аз мақомҳои худ барканор шуда, бархе дубора ба кор дар ноҳияҳои дигар пазируфта шудаанд ва баъзе соҳиби мансабҳои баландтар дар ин соҳа гардиданд. Мақомот мегӯянд, рӯзи 7-уми феврал беш аз 50 хатмкардаи донишгоҳҳоро низ ба ҳайси додрас ба кор гирифтанд. Ҷойивазкунии кадрҳо дар низоми додгоҳии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки охири соли гузашта президент Раҳмон аз боздошту зиндонӣ шудани ​25 додраси додгоҳҳои кишвар бо "ҷиноятҳои коррупсионӣ" нигаронӣ карда буд. Читать дальше...

Дармондани донишҷӯи тоҷик дар Филиппин аз тарси вирус ва баҳси симкортҳо дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дармондани донишҷӯи тоҷик дар Филиппин аз тарси вирус, баҳси симкортҳо ва сарсонии муҳоҷирон аз мавзуъҳои барномаи "Озодӣ Онлайн" аст. Ин барномаро бо видеои як донишҷӯи тоҷик оғоз мекунем, ки аз вируси хатарнок дар Чин гурехта, ба Филиппин рафт, аммо дар онҷо дармонд. Ӯ як ҳафта боз ҳаққи берун шудан аз фурудгоҳро надорад ва вазъу ҳолашро дар видео нақл кардааст. Вируси хатарнок дар Чин беш аз 500 нафарро кушта ва ҳазорҳо каси дигарро гирифтор кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, даҳҳо донишҷӯро аз Чин меоранд. Читать дальше...

Изҳороти раиси Кӯлоб дар бораи қарзҳои ширкати писари Бег Сабур

Ozodi.org 

Мақомоти Кӯлоб гуфтанд, ки ширкати сохтмонии "Комил 2010" дар ин шаҳр беш аз 4 миллион сомонӣ (тақрибан 400 ҳазор доллар) андози напардохта дорад. Ширкат ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, мутааллиқ аст. Намояндагони "Комил 2010" дар суҳбати кӯтоҳ қарздорӣ аз идораи андози Кӯлобро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, "ҷойи нигаронӣ нест, пулро медиҳанд". Ин ширкат дар Душанбе ва шаҳри Кӯлоб чанд бинои маъмурӣ ва истиқоматӣ месозад.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Тибқи иттилои расонаҳо, ҳайатҳои Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳадафи аломатгузорӣ ва мушаххас кардани марзҳои давлатии ду кишвар, мулоқот карданд.  Хабаргузории русии "Интерфакс" рӯзи 7-уми феврал бо такя ба изҳороти ҳукумати Қирғизистон иттилоъ дод, ки ин мулоқот рӯзҳои 4-5 феврал дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон баргузор шудааст.  Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин мулоқот, ҷонибҳо хостори ҳалли масоили марзӣ шудаанд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини сарвазир Азим... Читать дальше...

Миллионҳо сомонӣ қарзи ширкати писари Бег Сабур аз андоз. Мақомот талаб доранд. ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Мақомоти Кӯлоб гуфтанд, ки ширкати сохтмонии "Комил 2010" дар ин шаҳр беш аз 4 миллион сомонӣ (тақрибан 400 ҳазор доллар) андози напардохта дорад. Ширкат ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, мутааллиқ аст. Намояндагони "Комил 2010" дар суҳбати кӯтоҳ қарздорӣ аз идораи андози Кӯлобро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, "ҷойи нигаронӣ нест, пулро медиҳанд". Ин ширкат дар Душанбе ва шаҳри Кӯлоб чанд бинои маъмурӣ ва истиқоматӣ месозад. Баҳром Иноятзода, шаҳрдори Кӯлоб... Читать дальше...

Трамп гуфт, раҳбари "Ал-Қоида" дар нимҷазираи араб кушта шуд

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе гуфт, дар натиҷаи як амалиёти махсуси нерӯҳои амрикоӣ дар Яман раҳбари гуруҳи ҳаросафкани "Ал-Қоида дар нимҷазираи араб" Қосим Ар-Раймӣ кушта шуд. Ба гуфтаи президенти ИМА, ин гурӯҳ ба раҳбарии Қосим ар-Раймӣ нисбат ба сокинони осоиштаи Яман амалҳои бераҳмона ва зидди Амрико ҳамлаҳои бешумор анҷом додааст. Трамп афзуд, ки куштори ар-Раймӣ "Ал-Қоида"-ро заифтар сохта, аз байн бурдани таҳдидҳоеро наздик месозад, ки ин гурӯҳҳо барои амнияти миллии ИМА доштанд. Читать дальше...

Дар Узбекистон аз "буҷавиҳо" нусхаи шиносномаи наздиконашонро талаб доранд

Ozodi.org 

Дар вилояти Самарқанди Узбекистон аз кормандони муассисаҳои тиббӣ талаб доранд, ки нусхаи шиносномаи наздикон - ҳамсар, фарзанд, волидон ва ҳатто бародару хоҳари худро ба раҳбарият пешниҳод кунанд. "Чанд рӯз пеш дар беморхона ҷаласа баргузор шуд. Аз ҳама талаб карданд, ки нусхаи шиносномаи наздикони худро пешниҳод кунед. Вале шарҳ надоданд, ки ин дастури кӣ аст ва барои чӣ бояд нусхаи шиносномаҳо пешниҳод шавад. Танҳо гуфтанд, ки ин ҳатмӣ аст ва касе дастурро иҷро намекунад, зиддаш чораандешӣ хоҳад... Читать дальше...

Як шаҳрванди Амрико аз сӯи Толибон рабуда шудааст

Ozodi.org 

Як мақоми расмии Амрико рӯзи 6-уми феврал гуфт, ҷангҷӯёни вобаста ба гурӯҳи Толибон як шаҳрванди ин кишварро дар Афғонистон рабудаанд. Ба қавли ӯ, Марк Фрерики 57-сола аз аёлати Иллиноисро ҷангҷӯёни шабакаи Ҳаққонӣ рабудаанд. Ин шабакаи тундрав дар вилояти Хуст воқеъ дар шарқи Афғонистон, қароргоҳ дорад. Ҳоло маълум нест, ки Марк Фрерик дар Афғонистон чӣ кор мекард ва ӯро дақиқан дар куҷо рабудаанд. Маҷаллаи "Нюсвик", ки аввалин шуда хабарро нашр кард, гуфтааст, ки шаҳрванди Амрикоро ҳафтаи гузашта дар вилояти Хуст рабудаанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Булат Окуджава

В БРХК прошел Урок памяти Булата Окуджавы





Rss.plus
Геннадий Зюганов

Геннадий Зюганов возложил цветы к Вечному Огню Мемориала танкистам-первогвардейцам




Находящийся на ремонте теплоход «Ломоносов» загорелся в Архангельске

Площадь квартир в новостройках Москвы сократилась на четверть за 5 лет

В Москве прошла Премия Green Awards 23/24, которая объединила более 250 ведущих компаний и экспертов в ЗОЖ/ЭКО индустрии, инфлюенсеров

Врач МОДКТОБ рассказал об опасности открытых окон для детей




CPJ аз Тоҷикистон хост, Далер Шарифовро "фавран" озод кунад

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ё CPJ мақараш дар Ню-Йорк, рӯзи 6-уми феврал бо нашри як изҳорот, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки рӯзноманигор Далер Шарифовро бидуни таъхир раҳо намуда, иттиҳомот алайҳи ӯро бекор ва ба ӯ иҷоза бидиҳанд, ки бидуни ҳеҷ гуна мамониат фаъолияти худро идома диҳад. Далер Шарифов рӯзи 28-уми январ боздошт ва ду рӯз баъд аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Мақомот ӯро ба барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам медонанд. Читать дальше...

Пешниҳоди вазорат: "Хизмати ҳарбӣ ним сол кам карда шавад". Оё "облава" аз байн меравад?

Ozodi.org 

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ба қонуни хизмати ҳарбӣ тағйирот пешниҳод шудааст, ки бар асоси он, мӯҳлати хизмати ҳарбӣ дар кишвар аз 2 ба 1,5 сол кам карда мешавад. Мақомот мегӯянд, ин пешниҳод баъди мувофиқа бо вазорату идораҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ирсол шудаст. Дар гузашта бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод карда буданд, ки мӯҳлати хизмат дар артиш кам карда шавад, то ҳолатҳои даъвати иҷбории ҷавонон ба хизмати аскарӣ аз байн равад. Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали Вазири... Читать дальше...

Мусовии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Озарбойҷон дар Туркия

Ozodi.org 

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бозии севуми санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия бо тими мунтахаби наврасони Озарбойҷон (U-17) бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Голи ягонаро Кабир Салимшоев ба ҳадаф расонд. Аввалин бозии санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон муқобили дастаи «Коняспор»-и Туркия бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Дар бозии дувуми санҷишӣ футболбозони навраси тоҷик бар дастаи «Виктория»-и Берлини Олмон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд. Читать дальше...

Аввалин пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тайланд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии охиринаш дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020») дар Тайланд рӯзи 6-уми феврал мунтахаби Малайзияро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Со голро Умед Қузиев ва яктоашро Иқбол Воситзода ба самар расониданд. Аз ин пеш мунтахаби Тоҷикистон бозиҳоро ба тими Эрон бо ҳисоби 2:3, ба дастаи дувуми Тайланд бо ҳисоби 2:4 ва ба дастаи аввали Тайланд бо ҳисоби 0:2 бохта буд. Дар бозии дигари даври чоруми мусобиқа дастаи аввали Тайланд бар тими Тайланд-2 бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Читать дальше...

Дар Тоҷикистон "Маркази фарҳангии Украина"-ро барҳам доданд

Ozodi.org 

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, бо талаби ин ниҳод, додгоҳ "Маркази фарҳангии Украина"-ро дар кишвар барҳам дод. Ба гуфтаи масъулини ин вазорат, "Маркази фарҳангии Украина" ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд амал мекард ва талаботҳои қонунгузории Тоҷикистонро иҷро накард. Вокуниши масъулини ҷамъият ба ин иддаои Вазорати адлия феълан маълум нест.  Муҳаммадбашир Раҳмонзода, як масъули Вазорати адлия рӯзи 7-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, "Маркази фарҳангии Украина" муддатҳои дароз уҳдадории худро иҷро накард. Читать дальше...

Табиби чинии ифшогари "корона" худ қурбонии ин вирус шуд

Ozodi.org 

Бемористони марказии Вуҳан дар Чин эълом кард, ки Ли Венлианг, табиби чиние, ки барои аввалин бор дар бораи нишонаҳои паҳн шудани вируси корона ҳушдор дода буд, бар асари мубтало шудан ба ин вирус, ҷони худро аз даст додааст. Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", субҳи рӯзи панҷшанбе гузоришҳои мутаноқизе дар мавриди марги ин табиби 34-солаи чинӣ нашр шуда буд ва бемористони марказии Вуҳан ҳам эълом карда буд, ки ҳоли ӯ "вазнин" аст. Аммо нимашаби гузашта ин бемористон эълом кард, ки Ли Венлианг ҷон бохтааст. Читать дальше...



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Арутюнов

Сергей АРУТЮНОВ на своём сольном концерте в Государственном Кремлёвском Дворце презентовал дуэт с Родионом Газмановым. Артисты вместе исполнили хит “Люси”




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге


WTA

Александрова не смогла обыграть Саснович и покинула турнир WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

PFL MENA 1: Best photos from Riyadh



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России