Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 06.02.2020

Таърифи муовини вазир аз раҳпаймоии донишҷӯён. "Касе шикоят накардааст"? ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, 90 дарсади муҳассилин аз ҷалб шудан ба раҳпаймоиҳо ё "маршировка"-ҳо хушҳоланд. Дар ин бора рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат шуд. Баъзе волидон аз он шикоят доранд, ки бештари вақти фарзандонашон сарфи маршировкаҳо шуда, ба сатҳи таълими онҳо халал мерасонад. Мақомот мегӯянд, касе расман шикоят накардааст. Обидҷон Назариён, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ, ки то куҷо иштироки донишҷӯён дар роҳпаймоиҳо қонунӣ аст... Читать дальше...



Садҳо нафар дар ду киштӣ интизори натиҷаи ташхиси вирус

Ozodi.org 

Дар як киштии мусофирбарӣ дар бандари Йокогама дар Ҷопон боз 10 каси дигар ба коронавируси Чин олуда шудаанд. 170 нафари дигар ҳанӯз интизори натиҷаҳои санҷиш мебошанд. Вазири тандурустии Ҷопон Катсунобу Като рӯзи 5-уми феврал гуфт, 3700 нафаре, ки савори киштии “Diamond Princess” ҳастанд, то 14 рӯз карантин хоҳанд шуд. Онҳое, ки гирифтори вирус буданд, ба марказҳои дармонӣ  фиристода шуданд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ба сафорати Русия дар Токио хабар додааст, ки дар киштӣ 24 шаҳрванди Русия  ҳастанд. Читать дальше...

Тоҷикистон 58 шаҳрвандашро аз Вуҳани Чин берун меорад

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ду рӯзи дигар донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Вуҳани Чин -- маркази сирояти бемори коронавирус, берун оварда мешаванд. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, шумораи донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вуҳан 58 нафар мебошанд.

Таърифи муовини вазир аз раҳпаймоии донишҷӯён

Ozodi.org 

Мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, 90 дарсади муҳасиллин аз ҷалб шудан ба раҳпаймоӣ хушҳоланд. Дар ин бора рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат шуд.

Дар як сол аз Хатлон 445 тонна шираи камол содирот шудааст

Ozodi.org 

Мақомот дар Хатлон мегӯянд, ки соли гузашта танҳо аз ин вилоят ба хориҷ аз кишвар 544 тонна ва 700 килограм шираи камол содирот шудааст. Зафар Маҳмадалиев, сардори Идораи гумруки вилояти Хатлон рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин миқдор шираи камол тариқи гузоргоҳи" Панҷи поён" ба Афғонистон ва аз онҷо ба Ҳиндустон интиқол ёфтааст. Ӯ афзуд, ки содироти шираи камол аз Душанбе тариқи ҳавопаймо сурат мегирад, вале танҳо омори содироти ин гиёҳи нодир аз Хатлонро дар ихтиёр дорад. Аз чанд... Читать дальше...



Шаффоф ё не? Баҳси интихоботии раҳбарони 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нахустин дебат ё баҳси раҳбарон ва намояндагони 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар ростои интихоботи порлумонии 1-уми март. Оё интихобот шаффоф ва одилона хоҳад гузашт? Беҳизбӣ шудани кумисюнҳои интихоботӣ беғаразии онҳоро таъмин мекунад? Раиси ояндаи порлумон аз ҳоло маълум аст? Ҳизбҳо мушкилоти мардумро медонанд? Нархҳо, андозҳо, маошҳо чӣ гуна мешаванд? Муҳоҷирати корӣ ба поён мерасад? Ба маҳрум будани Ҳизби наҳзати исломӣ аз ширкат дар ин интихобот чӣ назар доред? Тоҷикистон узви Иттиҳоди АвруОсиё мешавад? Читать дальше...

Дар Тошканд соҳибкореро бо айби "дуздӣ" ва "қаллобӣ" ба додгоҳ кашиданд

Ozodi.org 

Дар додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 4-уми феврал баррасии парвандаи соҳибкори 34-сола Элдор Миралиев шуруъ шуд. Элдор Миралиев бародари хурдии соҳибкори парандапарвар Ойбек Миралиев, машҳур бо лақаби "Ойбек-Фаберже", аст. Миралиеви хурдиро дар "дуздӣ" ва "қаллобӣ" айбдор мекунанд. Тафтишот мегӯяд, Элдор Миралиев амволи хонаводаи соҳибкор Ғафур Раҳимов ва афроди дигарро, ки арзиши умумиашон ба чанд миллион доллар мерасад, тавассути қаллобӣ аз худ кардааст. Аммо яке аз пайвандони Элдор Миралиев гуфт... Читать дальше...

Додгоҳи Қазоқистон парвандаи шиканҷаи маҳбусонро дубора бозбинӣ мекунад

Ozodi.org 

Додгоҳи вилояти Павлодари Қазоқистон 5-уми феврал бозбинии парвандаи шиканҷаи зиндониён дар маҳбаси "АП-162/3" дар соли 2016-ро оғоз кард. Бозбинии парванда дар асоси қазияи марги қаҳрамони пешини чандкаратаи ҷудои Қазоқистон Бахитҷон Абдукаримови 44-сола дар маҳбас сурат мегирад. Бародари варзишкор Жандос Абдукаримов аз додгоҳ хост, банди парвандаи марги бародарашро аз "Расонидан ба худкушӣ" ба "Куштор" иваз кунад. Мурофиаи дирӯз бо баромади Килишбой Муродбеков, падари яке аз маҳбусони дигари... Читать дальше...

Дар Намангон ба сегоникҳо номи ҳамсар ва духтарони Мирзиёевро гузоштанд

Ozodi.org 

Як ҷуфт аз ноҳияи Чартаки вилояти Намангони Узбекистон Аҳмадҷон Қодиров ва Одинахон Алтимешова ба духтарони сегоникашон номҳои ҳамсар ва духтарони президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёевро гузоштаанд. Муовини аввали раиси Чартак Акмалҷон Умрзақов гуфт, намояндагони ҳукумати ноҳия ба аёдати сегоникҳо - Зироатхон, Саида ва Шаҳноза рафта, туҳфаҳо тақдим кардаанд. "Ин ҷуфт се духтар доштанд ва ҳоло шаш духтарро тарбия мекунанд. Бинобар ин, намояндагони ҳукумат ба аёдати онҳо рафта, туҳфаҳои сармоягузоронро расонданд",-афзуд ӯ. Читать дальше...

Даргузашти писар ва ҷияни Аскар Оқоев дар Маскав

Ozodi.org 

Айдар Оқоев, писари калонии президенти пешин ва фирории Қирғизистон Аскар Оқоев 5-уми феврал дар шаҳри Маскав даргузашт. Ба гуфтаи манобеи наздик ба хонаводаи Оқоевҳо, Оқоеви 44-сола бар асари сактаи қалбӣ ҷон додааст. Писари калонии Аскар Оқоев соли 1998 бо Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев издивоҷ карда, як муддат зиндагии муштарак доштанд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки 5-уми феврал дар вилояти Чӯйи Қирғизистон маросими дафни Кубан Оқоев, ҷияни Аскар Оқоев низ баргузор шуд. Читать дальше...

Манъи сиёҳ кардани мӯй ба мардони аз 40-сола боло дар шарқи Туркманистон

Ozodi.org 

Ба мардоне, ки дар идораҳои давлатии вилояти Лебапи Туркманистон кор мекунанд, дастур шудааст, ки дар остонаи сафари раҳбари худкома Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба ин минтақа мӯйсари худро ранг накунанд. Рӯзи 4-уми феврал чанд коргари мактабҳои маҳаллӣ, сохторҳои тиббӣ ва идораҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар суҳбат бо хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ҳамаи мардони аз 40-сола боло таъкид шудааст, ки мӯйи сафеди худро сиёҳ накунанд. Ба онҳое, ки ин дастурро иҷро намекунанд, гуфта шуд... Читать дальше...

Узбекистон 84 шаҳрвандашро аз Вуҳон берун овард

Ozodi.org 

Ширкати ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йулларӣ" рӯзи 5-уми феврал 84 шаҳрванди ин кишварро аз Вуҳони Чин ба шаҳри Тошканд овард. Расонаҳо менависанд, шаҳрвандони овардашуда дар бемористон бистарӣ ва ба карантин гирифта шудаанд. Ҳамзамон рӯзи 4-уми феврал 250 тан аз шаҳрвандони Узбекистон тавассути парвози чартерӣ аз Чин ба Тошканд оварда шуданд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ҳамаи мусофирон дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ ва зери назорат ҳастанд. Бино ба иттилои охир, шумори қурбониёни вируси нав дар Чин ба 500 тан расида... Читать дальше...

ИМА: Дигаргуниҳои Осиёи Марказӣ фазои нави ҳамкориро боз мекунанд

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ки роҳбарияти нав дар Осиёи Марказӣ ва ҳамкориҳои беҳтари байни давлатҳои ин минтақа барои Вашингтон имкониятҳои бештари таҳкими ҳамкориҳоро бо ин қаламрави дорои захираҳои ғанӣ фароҳам меоранд. Муовини аввали ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Элис Уэллс рӯзи 5 феврал гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида стратегияи минтақавии худро бо назардошти рӯйдодҳои панҷ соли охир бозбинӣ кардааст. "Мо комилан рушан мебинем, ки мо дар арафаи имкониятҳои нав ҳастем"... Читать дальше...


Музыкальные новости
Антонио Вивальди

30 мая «Времена года» Антонио Вивальди прозвучат в Эрмитаже





Rss.plus
#123ru.net

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».




Дадут за курить: штрафовать за мелкие нарушения планируют с помощью камер

В Балашихе открылся центр поддержки грудного вскармливания «Саввино»

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия

В поселке Калинина Люберец установили дорожные знаки, запрещающие остановку




Ҳалокати 3 нафар дар садамаи ҳавопаймо дар Туркия

Ozodi.org 

Бар асари садамаи ҳавопаймои Boeing-737-и мутааллиқ ба ширкати Pegasus дар фурудгоҳи Сабиҳаи Истанбул се нафар ҷон бохтаанд. Дар оғоз дар бораи фавтидагон гузориш нашуда буд. Ҳавопаймо аз Измир ба Истанбул мерафт ва шаби 5-уми феврал ҳангоми фурудоӣ аз хатти парвоз берун шуда, ба садама дучор омад. Мақомоти Туркия гуфтанд, дар ҳавопаймо 177 мусофир ва 6 узви экипаж буданд ва аксари онҳо маҷруҳ шудаанд. Вазорати тандурустии Туркия гуфт, вазъи ду сарнишин вазнин аст. Дар миёни мусофирон 22 хориҷӣ аз 12 кишвар будаанд. Читать дальше...

Тоҷикистон 58 шаҳрвандашро аз Вуҳани Чин берун меорад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ду рӯзи дигар донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Вуҳани Чин -- маркази сирояти бемори коронавирус, берун оварда мешаванд. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, шумораи шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вуҳан 58 нафар мебошанд, ки то ду рӯзи дигар вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон афзуд, ин донишҷӯён тариқи ҳавопаймо оварда мешаванд ва гурӯҳҳои махсус барои пешвози ин донишҷӯён омода шудаанд. Читать дальше...

Номзадии Завқибек Саидаминӣ рад шуд. Номзадҳои аҳзобро сабтином карданд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Файзобод номзадии рӯзноманигори 35-солаи тоҷик Завқибек Саидаминиро барои иштирок дар интихоботи порлумонии моҳи март рад кардаанд. Зиёратшо Акрамзода, раиси ҳавзаи интихоботии рақами 11 дар Файзобод, гуфт, ин тасмим баъди ошкор шудани чанд имзои, ба қавли ӯ, қалбакӣ гирифта шуд. Вай мегӯяд, дар маҷмуъ ҳабдаҳ имзои ҷамъовардаи рӯзноманигорро бекор карданд. Иддаое, ки Саидаминӣ рад мекунад ва мегӯяд, ёваронаш ба ҳар нафар ҳадафро ошкор фаҳмонида ва бо ризояти худи онҳо имзо гирифтаанд. Афроде... Читать дальше...

Бохти cевуми мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тайланд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар севумин дидори худ дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship   2020») рӯзи 5-уми феврал аз мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 0:2  шикаст хӯрд.  Аз ин пеш мунтахаби Тоҷикистон бозиҳоро ба тими Эрон бо ҳисоби 2:3 ва ба дастаи дувуми Тайланд бо ҳисоби 2:4 бохта буд. Дар бозии дигари даври севуми мусобиқа дастаи Тайланд-2 мунтахаби Эронро, ки ба Тайланд бо ҳайати дувум омадааст, бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқа мизбонон ... Читать дальше...

Мудири FBI: Русия дар остонаи интихобот "ҷанги иттилоотӣ" пеш мебарад

Ozodi.org 

Мудири Идораи Таҳқиқоти Федеролии Амрико гуфт, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии имсола Русия ба зидди кишвараш “ҷанги иттилоотӣ“ пеш мебарад. Айни замон ӯ гуфт, ҳеҷ аломати талоши Русия барои рахнаи зербунёдҳои интихоботӣ дар Амрикоро надидааст. Кристофер Рей рӯзи 5-уми феврал дар ҳузури вакилони Кумитаи адлияи Маҷлиси Намояндагон гуфт, Русия бо истифода аз маъракаҳои пинҳонӣ мехоҳад ба афкори умумӣ дар ҷомеаи Амрико таъсири гузошта, бо истифода аз ихтилофот дар байни мардум тафриқа андозад. Читать дальше...



Москва

Армяне России поддерживают движение «Тавуш во имя Родины»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Концерт

Концерт «Моя Москва» покажут на mos.ru




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


WTA

Виктория Азаренко пробилась в четвертьфинал турнира WTA в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Game News

Badlands Champions 1.5.141



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России