Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 04.02.2020

Модарони тоҷик порае аз ҷигари худро ба духтарони якдигар доданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ду модари тоҷик барои наҷоти ҷони фарзандони хеш порае аз ҷигарҳои худро ба фарзандони хурдсолашон доданд. Рухшона Аҳмадова аз Ҳисор як пораи ҷигарашро ба духтари Зарнигор Сангова аз Душанбе ҳадя кард ва Зарнигор Сангова пораи ҷигарашро ба духтари Рухшона Аҳмадова. Пизишкон мегӯянд, ин таҷрибаи аввали табдили "донор"-ҳо барои пайвандсозии ҷигар дар Тоҷикистон аст. Ҷарроҳии ҳар кадоме 8-соатӣ идома кардааст. Рухшона Аҳмадоваи 39-сола аз Ҳисор баъд аз ҷустуҷӯи тӯлонии донор барои духтари даҳсолааш билохира тавонист ҷони ӯро наҷот диҳад. Читать дальше...



Посухи Додгоҳи Душанбе ба талаби озодии Далер Шарифов

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Душанбе талаби раҳоии Далер Шарифов, хабарнигори боздоштшудаи тоҷикро рад кард. Қаблан вакилони мудофеи ӯ аз додгоҳи пойтахт хоста буданд, ки Шарифовро дар замони тафтиши парвандааш озод кунанд.  Далер Шарифов рӯзи 30-юми январ бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду моҳ ҳабс шуд. Мақомот ӯро ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва нажодиву мазҳабӣ муттаҳам карданд. Пайвандонаш иттиҳомро беасос мешуморанд. Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева, вакилони мудофеи Далер Шарифов... Читать дальше...

Раҳбари Туркманистон "инқилоб"-и рангро "саркӯб кард"

Ozodi.org 

Ба мардоне, ки дар идораҳои давлатии вилояти Лебапи Туркманистон кор мекунанд, дастур шудааст, ки дар остонаи сафари раҳбари худкома Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба ин минтақа мӯйсари худро ранг накунанд. Рӯзи 4-уми феврал чанд коргари мактабҳои маҳаллӣ, сохторҳои тиббӣ ва идораҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар суҳбат бо хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ҳамаи мардони аз 40-сола боло таъкид шудааст, ки мӯйи сафеди худро сиёҳ накунанд. Ба онҳое, ки ин дастурро иҷро намекунанд, гуфта шуд... Читать дальше...

Вируси нав. Чӣ гуна аз он эмин бошем?

Ozodi.org 

Дар Чин теъдоди гирифторони вируси наве, ки садҳо нафарро кушт, зиёд шудааст. Табибон мегӯянд, ин вирус мисли САРС хатарнок нест, аммо суръати густаришаш сахттар аст ва бояд аз он ҷилавгирӣ кард.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. Ду нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ду қочоқбари афғонро, ки дар қатли Хайриддин Аҳтамов, cарҳанги нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, гумонбар буданд, дар як амалиёт аз байн бурдаанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ин амалиёт шаби 1-уми феврал дар мавзеи "Хористон"-и ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин анҷом шудааст. Мақомоти Афғонистон то кунун дар робита ба ин ҳодиса ибрози назар накардаанд. Хайриддин Аҳтамов моҳи декабри соли 2017 дар задухӯрд бо қочоқчиёни афғон кушта шуда буд. Читать дальше...

Русия ба Тоҷикистон васоили ташхиси вирус фиристод

Ozodi.org 

Аз Русия ба Тоҷикистон 2 ҳазор адад васоили ташхиси вируси нав ё тест-системаи санҷиши вуҷуди короновирусро дар ҷисми инсон ворид шудааст. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорати беҳдошти Тоҷикистон рӯзи 4 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ёрӣ аз ҷониби "Роспотребнадзор" - як ниҳоди давлатии Русия ба Тоҷикистон шаби сешанбе ворид шуд ва аллакай ба ҳамаи беморхонаҳо тақсим карда шуд. Ӯ гуфт, "ҳоло ҳамаи онҳоеро, ки мо дар беморхонаҳо бистарӣ кардаем, аз ташхиси ҳамин тест-система мегузаранд. Мо доштем, вале кифоят намекард. Читать дальше...



"Хуҷанд" дар бозии санҷишӣ дар Тошканд аз "Локомотив" мағлуб шуд

Ozodi.org 

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, дар бозии санҷишӣ дар Тошканд аз тими “Локомотив”, ноиби қаҳрамони Узбекистон, бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии «Хуҷанд» ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2020, имрӯз, 4-уми феврал, дар пойтахти Узбекистон доир гардид. Бозии санҷишӣ бо пирӯзии «Локомотив» бо ҳисоби 3:0 ба поён расид. Ёдовар мешавем, «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, 21-уми январ дар марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои... Читать дальше...

Мақомот: "ДОИШ дар 3 зиндон ошӯб мехост". Назари муттаҳамон маълум нест

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, таҳқиқи парвандаи қасди ошӯб дар се зиндони Тоҷикистон анҷом шуда, ба додгоҳ ирсол шудааст. Ба гуфтаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, афроди гурӯҳҳои тундрав ба мисли ДОИШ мехостанд дар се зиндон дар Душанбе ва Хуҷанд даст ба ошӯб зананд. Барои қасди ошӯб 30 нафар боздошт шудаанд. Назари муттаҳамон феълан дар робита ба ин ҳодиса дастрас нест ва низ маълум нест, ки онҳо то куҷо ин иттиҳомро қабул доранд. Дар бораи парвандаи як гурӯҳ зиндониён барои қасди ошӯб дар зиндон, рӯзи 3-юми феврал Шермуҳаммади Шоҳиён... Читать дальше...

Хуршед Зиёӣ раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ шуд

Ozodi.org 

Хуршед Зиёӣ бо амри президенти Тоҷикистон раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Диловар Қодирзода шуд. Оқои Зиёӣ дар моҳи октябри соли гузашта муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ таъйин шуда буд.   Хуршед Зиёӣ қаблан дар мақомҳои раиси Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва илми назди вазорати маориф ва ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кардааст. Оқои Зиёӣ соли 1980 мактаби миёнаро бо медали тилло ва соли 1985 бахши арабии... Читать дальше...

Роҳбарияти Эътилофи умумирусиягии варзиши сабук истеъфо дод

Ozodi.org 

Роҳбарияти Эътилофи умумирусиягии варзиши сабук (ЭУВС) тасмим гирифт, ки ба истеъфо равад. Уҳдадориҳои эътилофро то интихоботи нав, ки дар таърихи 28-уми феврал таъйин шудааст, гуруҳи кории Кумитаи олимпии Русия иҷро мекунад. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ медиҳад. Роҳбарияти эътилоф дар пайи талошҳои бенатиҷаи барқарорӣ дар World Athletics ва таъмини ширкати варзишкорони Русия дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ истеъфо додааст. Вазорати варзиши Русия рӯзи 31-уми январ аккредитатсияи Эътилофи умумрусиягии варзиши сабукро қатъ кард. Читать дальше...

Садамаи автобуси ҳомили 20 мусофир дар наздикии Тошканд

Ozodi.org 

Рӯзи 2-юми феврал дар роҳи мошингарди ҳалқавии шаҳри Бекободи наздикии Тошканди Узбекистон автобуси ҳомили 20 мусофир садама кард. Дар натиҷа 4 мусофири автобус ба бемористон интиқол шуд. Маркази матбуотии Раёсати тафтишотии ВКД Узбекистон хабар дод, ки автобус дар натиҷаи корношоям шудани чархҳояш садама кардааст. Автобус аз шаҳри Бекобод ба шаҳри Ширини вилояти Сирдарё ҳаракат мекард. Аз рӯи ин ҳодиса Шӯъбаи тафтишотии раёсати корҳои дохилии шаҳри Бекобод тафтиш мебарад.

Қазоқистон воридоти молро аз Чин манъ накардааст

Ozodi.org 

Вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Бахит Султонов рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, кишвараш содирот ва воридоти мол аз Чинро қатъ накардааст. "Дар ҳоли ҳозир бархе аз тоҷирон бо баҳонаи баста будани марзҳо бо Чин арзиши маҳсулотро боло бурдаанд. Ин амали беинсофонаи гуруҳи тоҷироне аст, ки барои боло бурдани нархҳо аз вазъият сӯистифода мекунанд", - изҳор дошт вазири қазоқ. Мақомоти Қазоқистон пештар гуфтанд, ки равуои автобусҳоро миёни ин кишвару Чин аз 27-уми январ ва равуои қатори мусофирбарро аз 1-уми феврал қатъ кардаанд. Читать дальше...

Истиқболи Помпео аз "пешрафт"-и Узбекистон дар бахши ҳуқуқи инсон

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз "рушди хубу босуръат"-и шарикии Амрико бо узбекистон истиқбол кард. Ба гуфтаи ӯ, узбекистон кишваре аст, ки "аз нигоҳи пешрафти ҳуқуқи инсон" бояд ба он баҳои баланд дод. Помпео дар ин бора 3-юми феврал баъди гуфтугӯ бо вазири умури хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов дар шаҳри Тошканд изҳори назар кард. Котиби давлатии ИМА ҳамчунин бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ ва ба ӯ барои "раҳбарии ташкили шарикии стратегӣ миёни Вашингтону Тошканд" миннатдорӣ баён кард. Читать дальше...

Падар гуфту писар нахост: Ҳабиб дар бораи реванш бо Конор бар ивази 100 миллион

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Ҳабиб гуфтааст, ки ҳатто 100 миллион доллар пардохт кунанд ҳам, намехоҳад "бори дигар Конорро занад". Аммо падари варзишкор гуфта буд, ки писараш бар ивази 100 миллион ба реванш мебарояд

Прокурори ҳарбӣ, муовинони вазири дифоъ ва нерӯҳои марзбонӣ нав шуданд

Ozodi.org 

Рӯзи 4-уми феврал дар шуморе аз ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазоратҳои дифоъ, маориф ва илм, рушди иқтисод, Нерӯҳои марзбонӣ ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Тибқи иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони президент, Абдусаттор Шоҳиён муовини вазири дифои Тоҷикистон таъйин гардид. Ӯ қаблан дар мақоми муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ кор мекард. Дар мақоми муовини вазири дифоъ ӯ ҷойгузини Асрор Латифзода шуд, ки муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ интихоб шуд. Читать дальше...

Бохти дувуми мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тайланд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар дувумин дидори худ дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship  2020») рӯзи 3-юми феврал аз тими Тайланд-2 бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Рустам Ҳамидов ва Файзалӣ Сардоров ба самар расониданд. Дар бозии дигари даври дувуми мусобиқа мунтахаби Эрон, ки ба Тайланд бо ҳайати дувум омадааст, бар мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа мунтахаби Эрон бо шаш... Читать дальше...

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол 10 "ҳукми сафед" содир кардаанд

Ozodi.org 

Додрасҳои Тоҷикистон дар соли гузашта танҳо 10 нафарро бегуноҳ эълон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар додгоҳҳои кишвар наздики 11 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шудааст. Кам будани ҳукмҳои сафед дар гузашта интиқодҳои зиёдеро аз кори додрасон ба миён оварда буд. Масъулини Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, аз 10 нафаре, ки дар додгоҳҳо бегуноҳ дониста шуданд, ду нафар барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, як нафар ба қаллобӣ, ҳашт нафари дигар ба қасдан расондани... Читать дальше...


Музыкальные новости
Shaman

Shaman спел хит «Я русский» посреди улицы в Рязани





Rss.plus
Google

OpenAI готовит конкурента поисковику Google, но на базе ИИ




Актриса Юлия Зыкова попала в больницу после ДТП в Москве

Житель Заречного занял у своих знакомых более двух миллионов рублей на азартные игры

Ольга Орлова рассказала, как жить с мужчиной, который зарабатывает 50 тыс в месяц

Владелец «Макфы» подал иск на 100 млн рублей к ток-шоу «Малахов»




Airbnb дар бозори иҷораи хона дар Тоҷикистон. Мақомот дар фикри андоз

Ozodi.org 

Ширкати Airbnb, пойгоҳи интернетӣ барои кирояи маконҳои зист, ба тозагӣ вориди бозори Тоҷикистон шудааст. Ҳамакнун даҳҳо молики хона дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд тавассути ин пойгоҳ хонаҳои худро кироя медиҳанд. Бар хилофи торномаҳои маҳаллӣ барои эълони иҷораи хона – Airbnb дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст ва имкони ҷалби иҷорагирон ва ё сайёҳони хориҷӣ тавассути он бештар аст. Ҳоло дар торнамои Airbnb танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 20 хонаи иҷора ба муштариён пешниҳод... Читать дальше...

Созмони ҳамкории исломӣ тарҳи "муомилаи қарн" барои Ховари Миёнаро рад кард

Ozodi.org 

Чанд рӯз пас аз ҳимояти шуморе аз кишварҳои арабӣ аз тарҳи Доналд Трамп барои сулҳи Ховари Миёна, намояндагони ҳамон кишварҳои арабӣ ва дигар кишварҳои мусалмон, ки дар нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷидда иштирок кардаанд, ин тарҳро "якҷониба" хонда ва онро радд карданд. Шоҳзода Файсал бин Фарҳон Оли Суъуд, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар ин нишаст гуфт, ин кишвар аз талошҳо барои гуфтугӯ ҳимоят мекунад, вале чунин тарҳ бояд натиҷаи одилона дошта бошад ва ҳуқуқи фаластиниҳо "аз... Читать дальше...

Доналд Трамп паёми солона ироа мекунад

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп зимни ироаи паёми солонааш ба мардум дар рӯзи 4-уми феврал дигарбора мардум ва Конгресси дутақсимшудаи кишварашро ба ваҳдату ягонагӣ даъват хоҳад кард. Соли гузашта дар айни ҷанҷолҳо дар бораи буҷаи Амрико, таъхир дар суханронии солона ва тарҳи бунёди девори баҳсбарангез дар марз бо Мексика, Доналд Трамп дар суханрониаш мардумро ба "давраи нави ҳамкорӣ" даъват кард. Ӯ он замон дар нишасти ҳарду палатаи Конгресс гуфт, "мо бояд аз сиёсати ниқорҷӯӣ, мухолифату подошталабӣ даст кашем ва роҳи ҳамкории фаррох... Читать дальше...

Дар Узбекистон ниҳоди нави дахлу харҷи мансабдоронро назорат мекунад

Ozodi.org 

Дар Узбекистон мутобиқати дахлу харҷи мансабдорони давлатиро назорат мекунанд. Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар ин бора охири моҳи январ хабар додааст. Ба гуфтаи президент, дар манзили яке аз сардорони гузаргоҳҳои марзӣ 400 ҳазор доллар пайдо шудааст. "Сардори як гузаргоҳи хурд. 400 ҳазор доллар. Ин танҳо дар як рӯз. Мо талош дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ моро эътироф кунад... Аммо чи хоҳад шуд, ки агар сардори танҳо як гузаргоҳ 400 ҳазор доллар бигирад?", - гуфт Мирзиёев. Читать дальше...

Додгоҳ парвандаи Азимҷон Аскаровро дубора бозбинӣ мекунад

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро ба далели ошкор шудани ҳолатҳои нав дубора бозбинӣ мекунад. Ҷаласаи нахустин рӯзи 25-уми феврал таъйин шудааст. Дар ин бора Толекан Исмоилов, роҳбари созмони ҷамъиятии "Бир дуйно Қирғизистон" хабар дод. Маркази матбуотии Додгоҳи олии Қирғизистон низ хабари бозбинии парвандаи мазкурро тасдиқ карда буд. Додгоҳи ноҳияи Бозор-Қурғони Қирғизистон ҳамаи маводи парвандаи Аскаровро ба зинаҳои болоии додгоҳӣ ирсол кардааст. Қирғизистон... Читать дальше...

Ду кӯдак дар оташсӯзии манзиле дар вилояти Алмато ҷон бохтанд

Ozodi.org 

Ду кӯдак, солҳои таваллудашон 2016 ва 2017, дар оташсӯзии манзиле дар деҳаи Остемири вилояти Алмато кушта шуданд. Сабабҳои сӯхтор ҳанӯз муайян нашудааст. Ҳамсояҳо то омадани оташнишонон кӯдаконро аз манзили оташгирифта берун оварданд. Кӯдакон аз ҷароҳатҳои бардошта дар роҳ ба сӯи бемористон вафот карданд. Ин ҳодиса дар ҳоле сурат мегирад, ки як сол пеш дар ҳамин рӯзҳо дар оташсӯзие дар наздикии шаҳри Нурсултон панҷ хоҳар аз як хонавода кушта шуданд. Оташ соати 3 шаби 4 феврали соли 2019 дар ҳоле сар зад... Читать дальше...



Москва

В День Пушкина театр кукол «Ульгэр» в райцентре Бурятии: Россия, Культура, Дети


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Игорь Бутман заявил, что Пугачева ему безразлична, и назвал ее ЖКП




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Пензенские регбистки выиграли первенство России

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге


WTA

Александрова не смогла обыграть Саснович и покинула турнир WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Авто

Ремонт Северодвинского моста в Архангельске начнут 15 мая



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России