Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 13.02.2020

“Аввал нархи картошкаро арзон кунанд, баъд ҷашн гиранд”

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ҷашни имсолаи Наврӯз дар Хуҷанд иди картошкаро, ки бо номи “нони дувум” ҳам машҳур аст, таҷлил хоҳанд кард. То ин дам дар Тоҷикистон иди кадуву ангуру себро ҷашн гирифтаанд. Мухолифон онро танқид мекунанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон пурсиданд, ки назарашон ба таҷлил ин гуна идҳо чист? Ҷавобҳоро дар видео бинед ва навиштани назари худро фаромӯш накунед.



Расидагӣ ба мушкили марди соҳиби 11 фарзанд аз Тоҷикистон дар Русия

Ozodi.org 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба падари 11 фарзанд аз Тоҷикистон иҷоза додаанд, ки дар фурсати кӯтоҳ ва бе навбат санади ҳаққи иқомат дар ин кишварро бигирад. Абдуманнон Сатторов, ки ҳамроҳ бо ҳамсари русаш Светлана Сатторова дар деҳаи Мала Дубнаи минтақаи Орехово-Зуевои вилояти Маскав зиндагӣ мекунад, моҳи феврали имсол соҳиби тифли ёздаҳум шуд. Вай панҷ писар ва шаш духтар дорад. Мушкил дар он аст, ки бо вуҷуди серфарзандӣ ва издивоҷаш бо ҳамсари рус, Абдуманнон Сатторов санадҳои расмии иқомату кор дар Русияро надорад. Читать дальше...

Мусовии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Гурҷистон дар Анталия

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Гурҷистон бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод. Аввалин бозии санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) муқобили мунтахаби ҷавонони Гурҷистон (U-19) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия 12-уми феврал баргузор шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ шавқовару пуршиддат сурат гирифт, вале ба футболбозони ҷавон задани гол муяассар нашуд.... Читать дальше...

Пешниҳоди андозситонӣ аз месенҷерҳо

Ozodi.org 

Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд ,бо айби мессенҷерҳои интернетӣ дар ним соли гузашта ширкатҳои мобилӣ андози кам супурдаанд. Ин ниҳод дар фикри андозситонӣ аз намояндагиҳои паёмрасонҳо шудааст.



Ҳукми масъулони "Манзили дастрас" эълон шуд

Ozodi.org 

Пас аз як соли таҳқиқу баррасӣ имрӯз Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми масъулини собиқи ширкати "Манзили дастрас"-ро содир кард. Акнун раиси пешини ин ширкат солҳои тӯлонӣ пушти панҷара хоҳад буд.

Баррасии маҳдуд кардани тавоноиҳои Трамп дар Сенати Амрико

Ozodi.org 

Сенати Иёлоти Муттаҳида, ки таҳти назорати ҷумҳурихоҳон мебошад, чораи дутарафаро барномарезӣ кардааст, ки тавонониҳои президент Доналд Трампро дар амалиёти ҳарбӣ ба зидди Эрон кам мекунад. Ҳашт сенатори ҷумҳурихоҳ бо хоҳиши зудтар ба овоздиҳии ниҳоӣ  гузоштани ин масъала  ба демократҳо пайвастанд. Овоздиҳии 12-уми феврал дар бораи мурофиаи интихоботӣ 51 ба 45 буд. Қатъномае, ки иҷрояш ҳатмӣ нест, Трампро водор хоҳад кард, нерӯҳои амрикоиро, ки дар амалиёти ҷангӣ ба зидди Эрон иштирок мекунанд... Читать дальше...

Дунганҳои Осиёи Марказӣ кӣ ҳастанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар охири ҳафтаи гузашта ва дар пайи муноқишаи маргбор дар деҳаҳои ҷануби Қазоқистон номи қавми дунган дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Онҳоро бо исми "ҳуйӣ" ҳам мешиносанд. Дунганҳо мусалмонанд ва дар асри 19 баъд аз шӯриши номуваффақ ба зидди императори Чин ба қаламрави ҳозираи Қазоқистону Қирғизистон гурехтаанд.  Онҳо ду сол пеш 140-умин солгарди омадани худро ба деҳаи Сортобеи Қазоқистон бо мусиқиву рақс ҷашн гирифтанд. Дар он сол аз рӯйи пайкараи ҳокими қазоқе ҳам пардабардорӣ шуд, ки ба... Читать дальше...

Дунганҳо кӣ ҳастанд?

Ozodi.org 

Дар охири ҳафтаи гузашта ва дар пайи муноқишаи маргбор дар деҳаҳои ҷануби Қазоқистон номи қавми дунган дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Онҳоро бо исми "ҳуйӣ" ҳам мешиносанд. Дунганҳо мусалмонанд ва дар асри 19 баъд аз шӯриши номуваффақ ба зидди императори Чин ба қаламрави ҳозираи Қазоқистону Қирғизистон гурехтаанд.

Боздошти беш аз 20 номзади мухолиф дар Бокуи Озарбойҷон

Ozodi.org 

Пулиси шаҳри Бокуи Озарбойҷон рӯзи 11-уми феврал эътирозгаронеро боздошт кард, ки назди Комисияи марказии интихоботии Боку даст ба иқдоми эътирозӣ зада буданд. Эҳсон Зоҳидов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Озарбойҷон хабар дод, иқдоми эътирозӣ ғайриқонунӣ буд ва ширкатдорони он талаботи қонунро иҷро накарданд. Ба иттилои Комисияи марказии интихоботии Озарбойҷон, ҳизби ҳокими "Озарбойҷони Нав" 70 курсӣ аз 125 курсии порлумонро дар интихоботи рӯзи якшанбе соҳиб шудааст. Гуфта мешавад, курсиҳои дигарро... Читать дальше...

Чин аз афзоиши гирифторон ба коронавирус хабар медиҳад

Ozodi.org 

Мақомоти Чин мегӯянд, шумораи онҳое, ки дар вилояти Хубэйи ин кишвар ба коронавирус гирифтор шудаанд, рӯзи панҷшанбе назар ба рӯзҳои пешин даҳ баробар афзоиш ёфта, ба наздики 15 ҳазор нафар расидааст. Пештар, рӯзи чаҳоршанбе Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ гуфта буд, ки суръати паҳншавии коронавирус афзудааст. Ба гуфтаи мақомоти Чин, танҳо дар рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе 2 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирусро ба қайд гирифтаанд. Дар Комиссияи миллии тандурустии Чин дар шарҳи афзоиши шумори беморон гуфтанд... Читать дальше...

Дар Узбекистон Вазорати маҳалла ва оила таъсис меёбад

Ozodi.org 

Дар Узбекистон ба ҷои Кумитаи занон, Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсози фаъолияти ниҳодҳои худидории маданӣ ва Бунёди "Нуронӣ"-и ин кишвар Вазорати умури маҳалла ва оила таъсис дода мешавад. Дар ин бора 12-уми феврал дар нишасте ба раҳбарии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба такмили институтҳои маҳалла, тақвияти суботу оромӣ ва ҳушдор аз қонуншиканиҳо хабар дода шуд. Бино ба хабарҳо, вазорати нав беш аз 40 ҳазор кормандони маҳалла ва ниҳодҳои сатҳи ҷумҳуриявиро ба ҳам меорад. Дар робита ба ин... Читать дальше...

Вазир гуфт, танҳо бо пули худӣ сохтани Роғун “ғайриимкон аст”

Ozodi.org 

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, танҳо бо пули буҷа идома додани сохтмони нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” ғайриимкон аст ва мақомот барои дарёфти маблағ бо созмонҳои молии ҷаҳонӣ музокирот доранд. Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 13-уми феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳамасола аз буҷа беш аз 2,1 миллиард сомонӣ барои сохтмони “Роғун” ҷудо мешавад.  Қаҳҳорзода ҷузъиёти музокирот бо созмонҳои молии ҷаҳониро барои ҷалби маблағ барои “Роғун” шарҳ надод, аммо гуфт, “феълан ба фурӯш баровардани евронбонд ё коғазҳои қимматнок дар баррасӣ нест”. Читать дальше...

Раҳбари пешини "Манзили дастрас" ба 21 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Пас аз як соли таҳқиқу баррасии парвандаи масъулини пешини ширкати "Манзили дастрас", Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми феврал ҳукми худро эълон кард. Бар пояи ин ҳукм, Нурулло Наимов, раиси пешини ин ширкат ба 21 сол ва панҷ тан аз ҳамроҳони ӯ мутаносибан аз 8 то 16 солӣ, ба зиндон маҳкум шуданд. Муштариёни "Манзили дастрас" пас аз эълони ҳукм аз он нигаронӣ карданд, ки сарнавишти маблағҳои онҳо чӣ мешавад ва оё онро бозпас гирифта метавонанд ё на. Бар пояи ҳукме, ки аз сӯи додраси парванда Асомиддин Бобохонзода қироат шуд... Читать дальше...


Музыкальные новости
Пианист

Пианист Мирослав Култышев выступит с концертом в "Зарядье"





Rss.plus
Сергей Собянин

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро




Марат Джуккаев представил КЧР на Всероссийской олимпиаде школьников по английскому языку

Ксения Шойгу назвала Москву лидером по числу участников полумарафона «Забег.РФ»

Матвиенко: Аграрные успехи должны конвертироваться в рост качества жизни селян

В ТиНАО Москвы реконструируют очистные сооружения «Пучково»




Дар Тоҷикистон шумораи онҳое, ки аз 100 сол беш умр доранд, 108 нафар будааст

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон онҳое, ки синнашон аз 100 сол боло аст, 108 нафар мебошанд. Дар ин бора масъулони Оҷонсии омор рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд. Гулнора Ҳасанзода, раҳбари ин ниҳод гуфт, ки аз ин теъдод, 50 нафарашон дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Ӯ умри миёнаи мардони тоҷикро 72 ва аз занонро 76,1 сол гуфт. Шумораи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 9 миллион нафар аст. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз рӯйи мизони таваллуд дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ пештоз аст. Бино ба омори расмӣ... Читать дальше...

Тоҷикистон дар 3 соли оянда нақшаи аз Чин қарз гирифтан надорад

Ozodi.org 

Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, кишвар дар се соли оянда нақшаи гирифтани қарз аз Чинро надорад ва интиқодҳо дар бораи онки қарзи зиёд Душанберо вобастаи Пекин мекунад, нодуруст аст. Ин посухи Вазири молия ба ибрози назари як муҳаққиқи амрикоӣ мебошад, ки гуфт, "қарзҳои зиёд Тоҷикистонро пойбанди Чин мекунад". Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, гуфтаи муҳаққиқи амрикоӣ дар бораи вобаста шудани Душанбе аз Пекин "танҳо назари як коршинос аст" ва онҳо наметавонад пойбанди он бошанд. Читать дальше...

Коронавирус воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистонро кам кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи хуруҷи коронавирус дар Чин, ҷониби Тоҷикистон дар воридоти моли чинӣ маҳдудият ҷорӣ накардааст. Аммо мақомот мегӯянд, аллакай дар моҳи феврал воридоти мол аз Чин коҳиш ёфт. Чин яке аз кишварҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон аст, ки бештари молҳои ниёзи мардум аз онҷо ворид мешавад. Аз ҳоло нигарониҳое вуҷуд дорад, ки коҳиши воридот аз Чин ба нархи бозор таъсир мегузорад. Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 12-уми... Читать дальше...

Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Саудӣ дар бозии дӯстона

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси гурҷӣ, дар бозии дӯстона бар тими мунтахаби Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 12-уми феврал дар шаҳри Даммом доир гардид. Голҳои Рустам Ҳамидов ва Иқбол Воситзода ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ овард. Мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 13-уми феврал, дар Даммом бо мунтахаби Кувайт бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин шашумин бозии мунтахаби... Читать дальше...

Дар Ишқобод волидонро барои телефони фарзандон ҷарима мекунанд

Ozodi.org 

Волидони хонандагони макотиби шаҳри Ишқободи Туркманистонро барои телефони ҳушманд доштани фарзандонашон ҷарима мекунанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Ҷаримаи волидон дар ҳолест, ки пештар аз ин мақомоти Туркманистон истифодаи телефонҳои ҳушмандро барои хонандагон манъ карда буданд. Дар як ҳафтаи охир ҳолатҳои истифодаи телефони мобилӣ аз сӯи хонандагон дар ду мактаби Ишқобод ошкор шудааст. "Омӯзгорон нахуст хонандаҳоро ба утоқи мудир бурданд. Баъдан кормандони пулис омада... Читать дальше...

Узбекистон ба Чин кӯмаки башарӣ мефиристад

Ozodi.org 

Узбекистон тасмим дорад, бо ҳадафи кӯмак дар амри мубориза ва маҳви хуруҷи вируси нав ба Чин кӯмаки башарӣ ирсол кунад. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 11-уми феврал амр содир кард. Дар девони вазирони Узбекистон гуфтанд, кӯмаки башарӣ аз маводи тиббӣ, дастпӯшҳои тиббӣ, камзулҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳои тиббӣ иборат хоҳад буд. Кӯмакҳои башариро то Чин Вазорати ҳолатҳои фавқулодДаи Узбекистон мерасонад. Бино ба иттилои ахир, шумори қурбониён аз вируси нав дар Чин ба 1113... Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

"Они убрали Листьева". Лоза назвал виновников убийства Владислава Листьева




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Не успели программисты сдать ГТО. Теперь УМО?

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее


WTA

Потапова проиграла Остапенко во втором круге турнира WTA 1000



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о господдержке многодетных семей



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России