Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 27.02.2020

Ҷавонони тоҷик дар бораи интихобот чӣ медонанд?

Ozodi.org 

Садҳо ҷавон дар Тоҷикистон бори аввал рӯзи 1-уми март дар интихоботи порлумонӣ иштирок хоҳанд кард. Чанде аз онҳо гуфтанд, ки дар бораи интихобот хабар доранд ва барои раъйдиҳӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ мераванд. Аммо баъзеи дигар мегӯянд, ки дар бораи интихоботу номздаҳо чизе намедонанд.



"Пеш номзадҳо барои вохӯрӣ меомаданд, ҳоло аслан намеоянд"

Ozodi.org 

То интихоботи порлумонии Тоҷикистон ду рӯзи дигар мондааст. Баъзе аз сокинони ноҳияи Восеъ дар Хатлон мегӯянд, ки сардаргуманд. Ба қавли онҳо, дар интихоботҳои пешина номзадҳо барои вохӯрӣ ва шиносоӣ бо мардум меомаданд, аммо ин дафъа на номзадеро дидаанд ва на барномаи пешазинтихоботиро. Вале мақомоту номзадҳо мегӯянд, ки вохӯрӣ бо интихобкунандаҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар баргузор шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо баъзе аз сокинони Восеъ суҳбат кард ва хулосаашро дар видео бинед.

Дар Хатлон як Эйфели дигар месозанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шаҳри Леваканд, (Сарбанди собиқ) манораи Эйфел месозанд.  Мақомоти шаҳр бовар доранд, бо сохтани нусхае аз манораи маъруфи пойтахти Фаронса Леваканд, шабеҳи Париж мешавад.

26 мурда, 245 гирифтор ва лағви намози ҷумъа. Коронавирус дар Эрон

Ozodi.org 

Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки шумораи  мурдагон аз коронавирус дар кишвар аз се то ба 26 нафар расидааст. Аз рӯи нақшае, ки хабаргузории IRNA рӯзи 27-уми феврал нашр кард, то кунун олуда шудани 245 нафар ба ин беморӣ тасдиқ шуда ва он аз 20 вилоят ба 31 вилояти кишвар паҳн шудааст. Мақомоти Эрон гуфтанд, ки намози ҷумъаи 28-уми феврал дар Теҳрон бекор шудааст.   Шумораи аз ҳамаи бештари гирифторон ба ин вирус бо 63 ҳолати тасдиқшуда, дар минтақаи марказии Эрон, шаҳри Қум, мебошад.... Читать дальше...

Эълони ҳукми масъулони "Инвест Лото" дар Душанбе

Ozodi.org 

Ҳукми раҳбари ширкати "Инвест Лото" ва ҳамроҳонаш, ки ба гуфтаи худашон бозии шаффоф доштанд, вале ба қавли мақомот ба ташкили қиморхона, қаллобӣ ва муомилоти ғайриқонунии асъор муттаҳаманд, эълон шуд. Додгоҳи Душанбе 27 феврал Муҳиддин Назаров, раиси "Инвест Лото"-ро ба 19 соли зиндон маҳкум кард. Ду ҳамкораш - Фаромарз Наҷотов ва Максим Попович 22-солӣ зиндонӣ шуданд.



Зоирони тоҷик дар роҳ ба сӯи Ҳаҷҷи Умра дар Дубай дармондаанд

Ozodi.org 

48 шаҳрванди Тоҷикистон, ки нияти Ҳаҷҷи Умраро доштанд ва дар роҳ ба сӯйи Арабистони Саудӣ буданд, дар шаҳри Дубай дармондаанд. Мақомоти Саудӣ рӯзи 26-уми феврал барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус вуруди зоиронро ба қаламравашро ​манъ кард.

Трамп: Коронавирус барои Амрико ҳанӯз хатари зиёд надорад

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти ИМА шоми чаҳоршанбе дар як нишасти хабарии вижа гуфт, ки вируси корона дар ҳоли ҳозир барои Амрико хатари зиёд надорад. Вай илова кард, ки Майк Пенс, ноиб-президент талошҳои мақомоти Амрикоро дар амри мубориза бо ин вирус роҳбарӣ мекунад.​ "Мо омодаи тағйирёбии вазъ ҳастем: чи хуруҷи фарогир бошад чи на. Бо таваҷҷуҳ ба талошҳое, ки мо рӯи даст гирифтем, хатари ин вирус барои амрикоиҳо дар сатҳи пойин боқӣ мондааст... Мо бо назардошти вазъ амал мекунем ва дар сурати авҷ... Читать дальше...

Даъватҳо ба истеъфои Назарбоев баъди марги Дулат Агадил

Ozodi.org 

Ҳудуди 80 сокини Қазоқистон ба хотири гиромидошти ёдбуди фаъоли маданӣ Дулат Агадил, ки дар боздоштгоҳи пулиси шаҳри Нурсултон ҷон бохт, назди ёдгории Истиқлол дар майдони Ҷумҳурии шаҳри Алмато ҷамъ шуданд. Дар дасти бештари ҷамъшудаҳо акси Агадил буда, онҳо дар марги ӯ мақомоти Қазоқистонро айбдор карданд. Ба гуфтаи эътирозгарон, фаъоли мадании қазоқро "нобуд" кардаанд. Сокинони Алмато пас аз дуо дар ҳаққи Агадил муҷозоти онҳоеро талаб карданд, ки сабабгори марги фаъоли маданӣ шудаанд. Пас аз марги Дулат Агадили 43-сола дар идораи пулис... Читать дальше...

Нигарониҳо аз эҳтимоли истирдод шудани Ҳизбулло аз Австрия ба Душанбе

Ozodi.org 

Намояндагони мухолифини тоҷик дар берун аз кишвар мегӯянд, Австрия (Утриш) тасмим гирифтааст, ки паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбулло Шовализодаи 29-соларо ба Душанбе фиристад. Вай аз 22-юми январ боз дар боздоштгоҳ аст. Мухолифон аз додани ин паноҳҷӯ ба Тоҷикистон дар ташвишанд ва мегӯянд, дар он ҷо ба ӯ шиканҷа ва бадрафторӣ хоҳанд кард. Онҳо аз мақомоти Австрия хостаанд, тасмими худро бознигарӣ кунанд. Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик дар хориҷ, рӯзи 27-уми феврал гуфт, Шовализода баҳори соли гузашта... Читать дальше...

Ҷоми ФФТ-2020: Чаҳор даста дар даври ниманиҳоӣ

Ozodi.org 

Чаҳор даста - «Равшан» (Кӯлоб), ССКА ВМ ҶТ (Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) - ҳарду аз гурӯҳи «А», «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Душанбе-83» (Душанбе) - ҳарду аз гурӯҳи «Б» ба даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) роҳ пайдо карданд. Дар бозиҳои нимфиналӣ, ки рӯзи ҷумъа, 28-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд, «Равшан» бо «Душанбе-83» ва «Кӯктош» – ССКА рақобат мекунанд. Ҷоми ФФТ-2020 Марҳилаи ниҳоӣ Гурӯҳи «А»: ССКА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан», «Равшан». Читать дальше...

Ҳукми масъулони "Инвест Лото" эълон шуд. Маҳкумшудаҳо норозиянд

Ozodi.org 

Ҳукми раҳбари ширкати "Инвест Лото" ва ҳамроҳонаш, ки ба гуфтаи худашон бозии шаффоф доштанд, вале ба қавли мақомот ба ташкили қиморхона, қаллобӣ ва муомилоти ғайриқонунии асъор муттаҳаманд, эълон шуд.

Сӯхтор дар маҷмааи "Шарқи Озод"

Ozodi.org 

Субҳи панҷшанбеи 27-уми феврал дар бинои маҷмааи "Шарқи Озод" маъруф ба ГЖК, сӯхтор сар зад. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, сӯхтор соатҳои тақрибан 10:30 дар ошёнаи 11-уми ин бино сар задааст. Дар ин ошёна утоқҳои кории нашрияҳои "Тоҷикистон" ва "Оила", ҷойгир ҳастанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор аз асбоби гармидаҳанда сар задааст. Гуфта мешавад, ки дар ин сӯхтор ҳеҷ кас осеб надидааст. Барои хомуш кардани аланга дар ин бино беш аз 10 мошини сӯхторхомушкунӣ сафарбар шудаанд. Мақомот то кунун ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ надодаанд. Читать дальше...

Манъи сафар ба Ҳаҷҷи умра ва эҳтимоли лағви Олимпиадаи Токио. Доманаи вирус аз Осиё то Аврупову Амрико

Ozodi.org 

Арабистони Саудӣ рӯзи чоршанбеи 26-уми феврал ба хотири  пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, ба таври муваққатӣ вуруди афрод ба ин кишварро барои адои Ҳаҷҷи умра ва зиёрати Масҷиди паёмбар, манъ кард. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ бо нашри як паём дар "Твиттер", ҳамчунин вуруди афрод бо визаи сайёҳӣ аз кишварҳоеро, ки ҳамакнун вируси корона дар онҳо таҳдид ба шумор меравад, мамнӯъ кард. Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ айни замон аз шаҳрвандони худ хостааст... Читать дальше...


Музыкальные новости
Анастасия Волочкова

Больше не пьет просекко! Волочкова призналась еще в одной зависимости





Rss.plus
ЦСКА

Гол Чалова с пенальти принес ЦСКА победу над "Зенитом" в чемпионате России




«Ожившая» Мона Лиза, репродукции Арчимбольдо и Босха на выставке «Арт-Ростов»

В Полесском проезде столицы инвестор реорганизует участок по программе КРТ

Терминал для сортировки грузов построят в Дмитрове

Миллионы пассажиров в месяц. Самые загруженные станции метро Москвы




Суқути ҳавопаймои Ан-2 дар Қазоқистон: халабон бистарӣ шуд

Ozodi.org 

Ҳавопаймои Ан-2 нимарӯзии 26-уми феврал дар вилояти Қазоқистони Шарқии ҷумҳурии Қазоқистон суқут кард. Ба иттилои кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар, ҳавопаймо панҷ сарнишин дошт. Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки халабони ҳавопаймо бистарӣ ва чаҳор сарнишин баъди муоинаи табибон рухсат ёфтаанд. Ба иттилои мақомот, ҳавопаймои Ан-2 барои иҷрои дастури тиббӣ аз маркзи вилояти Қазоқистони Шарқӣ ба минтақаи Аксуат парвоз мекард. Соати 12:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ халабон аз сар задани мушкил дар муҳаррики ҳавопаймо хабар дод. Читать дальше...

Қирғизистон барои таҳияи шиносномаҳои биометрӣ боз озмун эълом кард

Ozodi.org 

Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон барои таҳия ва воридоти бланкаи шиносномаҳои электронии шаҳрвандони ин кишвар озмун эълом кард. Ин ниҳод тасмим дорад, барои таҳияи шиносномаҳо 973 миллиону 123,5 ҳазор сом ҷудо кунад. Дархостҳо барои иштирок дар озмун то 19-уми марти соли равон қабул карда мешаванд. Пештар дар Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон гуфта буданд, ки то соли 2021 шаҳрвандонро бо шиносномаҳои биометрӣ таъмин мекунанд. Дар Қирғизистон қарор буд, сар аз соли 2019 нашри шиносномаи умумишаҳрвандии электронӣ шуруъ шавад. Читать дальше...

Боздошти гуруҳи ҷиноӣ дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон

Ozodi.org 

Кормандони департаментҳои пулис ва амнияти миллии вилояти Туркистони Қазоқистон гуруҳи ҷиноиеро бо номи "Сариагашские" боздошт карданд. Ба иттилои Polisia.kz, аъзои гуруҳ дар гузаргоҳи марзии "Капланбек"-и Қазоқистон бо Узбекистон тамаъҷӯӣ мекардаанд. Онҳо тайи муддати тӯлонӣ аз ронандаҳои мошинҳои боркаши кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои гузаштан аз сарҳад 15000 то 50000-тангаӣ (ҳудуди аз 40 то 133-долларӣ) талаб мекардаанд. Агар ронандаҳо пул надиҳанд, онҳоро таҳдиду латтукӯб карда, шишаи мошинҳоро мешикастаанд. Читать дальше...

Украина "Рӯзи муқобила бо ишғоли Қрим"-ро таъсис дод

Ozodi.org 

Президенти Украина Владимир Зеленский фармони таъйини "Рӯзи муқобила бо ишғол шудани Қрим аз сӯи Русия"-ро имзо кард. Ин рӯз ҳамасола 26-уми феврал таҷлил мешавад. Маҳз соли 2014 дар ҳамин рӯз дар Симферопол тазоҳуроти тоторҳои Қрим зидди ишғоли нимҷазира баргузор шуда буд. Алайҳи онҳо ҷонибдорони пайвастани Қрим ба ҳайати Русия бархостанд, ки дар натиҷаи задухӯрд ду нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шуданд. Як рӯз пас порлумон раъйпурсии пайвастани Қрим ба Русияро таъйин кард. Намояндаи Кремл Дмитрий Песков гуфт... Читать дальше...

Аз соҳибони қаиқҳо ва катҳо дар Тошканд андоз меситонанд

Ozodi.org 

Ҳукумати Узбекистон сар аз 1-уми майи соли ҷорӣ аз соҳибони катҳо ва қаиқҳои ноҳияи Бустонлиқи вилояти Тошканди Узбекистон андоз меситонад. Ин андозситонӣ озмоишӣ буда, як сол давом мекунад. Дар ин бора аз маркази матбуотии Кумитаи андози Узбекистон хабар доданд. Бар асоси қарори ҳукумати он кишвар аз 20-уми феврал, нақлиёти обӣ, дучархаҳои обӣ, васоили лижаронӣ, парапланҳо, делтапланҳо, инчунин катҳо ва дигар минтақаҳои фароғатии ноҳияи Бустонлиқ манбаи андозбандӣ ба ҳисоб мераванд. Гуфта мешавад... Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Песня

Вывод Песни, Альбома, Клипа в ТОП Музыкальных Чартов!




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Третий этап шахматного турнира завершился в Егорьевске

Гепарды – новые персонажи мультсериала «Команда МАТЧ»

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее


WTA

Ангеліна Калініна поступилася восьмій ракетці світу Саккарі на турнірі WTA 1000 у Римі: результат



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Зиновьева рассказала о свободных площадях для бизнеса в Подмосковье



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России