Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Новости за 02.04.2020

Теъдоди гирифторон ба коронавирус аз 1 миллион нафар гузашт

Ozodi.org 

Бар асоси омори навтарини Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс (Амрико), шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон рӯзи дувуми апрел аз 1 миллион нафар бештар шуд. Зиёда аз 51 ҳазор кас бар асари олудагӣ ба бемории ҳамагир ҷони худро аз даст додаанд. Бовар меравад, теъдоди воқеии фавтидагон ва мубталоён аз омори эълоншуда бештар аст. Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, шумори зиёди гирифторон ба коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабт шуда, ба беш аз 236 ҳазор нафар баробар аст. Итолиё аз ҳама зиёдтар қурбонӣ додааст. Читать дальше...



Табиб вазъи шахси кордхӯрда дар "карантин"-ро шарҳ дод

Ozodi.org 

Зоиршо Қодиров, корманди 35-солаи Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон, ки охири ҳафтаи гузашта бо захмҳои шадиди корд дар бемористон бистарӣ карда шуд, мегӯяд, вазъи саломатиаш беҳтар аст.

Мавсими нави даъват ба артиш оғоз ёфт. Облава мешавад?

Ozodi.org 

Ба хотири пешгирӣ аз густариши бемории Ковид -19 Русия, Қазоқистон ва Украина маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи артишро барои чанд муддат мавқуф гузоштанд. Дар Тоҷикистон бошад, мавсими сарбозгирӣ тибқи нақша ,дирӯз расман оғоз шуд.

Ҷовидонро барои саркашӣ аз сарбозӣ ду сол зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе як пайрави созмони "Шоҳидони Яҳво"-ро бо гуноҳи саркашӣ аз хидмат дар артиши Тоҷикистон ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми Ҷовидон Бобоҷонови 20-сола рӯзи 1-уми апрел содир шуд.

Аз ҷалабу сагу пишакгӯӣ то фаршшӯӣ бо папаха: вокуниши таҳқиромези Тонӣ ба Ҳабиб–видео

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Тонӣ Фергюзсон, размикори амрикоӣ ба тасмими худдории Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ, аз зӯрозмоии тарҳрезишудаашон, вокуниши эҳсосӣ ва таҳқиромез нишон додааст

Кишоварзон мегӯянд, мо боғ бунёд кардем, касе меваи онро хоҳад хӯрд

Ozodi.org 

Як идда иҷоракорони хоҷагии МирСайид Али Ҳамадонии Кулоб, ба Радио Озодӣ шикоят карданд ки дар як пора замини иҷора боғе бунёд намудаанду имсол, вақте ин боғ самар меорад,эҳтимол меваи онро каси дигар хоҳад чашид. Зеро ин боғро аз дасташон гирифтаанд.



Мардикорбозори Душанбе гарм шудааст

Ozodi.org 

Дар пай хуруҷи коронавирус дар Русия ва эълони вазъи карантин, тай чанд ҳафтаи ахир мақомоти Тоҷикитсон аз бозгашти садҳо муҳоҷири тоҷик ба кишвар хабар доданд. Огоҳони умур мегӯянд, дар чунин шароит ҳукумат бояд ҳар чӣ зудтар тасмимҳоеро руй даст гирад, ки аз шиддати вазъи бекорӣ ҷилавгирӣ шавад.

Ҳушдори нави Доналд Трамп ба Эрон ва ҳампаймононаш

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти Амрико, ба Эрон ҳушдор дод ва гуфт, агар Эрон ё  ҳампаймононаш ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва дороиҳояш дар Ироқ ҳамла кунанд, бо баҳои гарон пардохт хоҳад кард. Трамп рӯзи 1-уми апрел дар Твиттер навишт, "аз рӯи маълумот ва бовар, Эрону гуруҳҳои наздик ба он дар ҳоли тарҳрезии ҳамлаи ғофилгиронае  ба нерӯҳои ИМА ва дороиҳояш дар Ироқ ҳастанд."   Вай афзудааст: "Агар чунин шавад, дар ҳақиқат Эрон бо  баҳои гарон пардохт хоҳад кард!" Аммо ҳамоно рӯшан набуд, ки  оё Трамп гуфтанӣ аст... Читать дальше...

Кӣ муҳоҷири 22-солаи тоҷикро аз ошёнаи дувум ба замин партофт?

Ozodi.org 

Пайвандони Акбарҷон Холиқов, муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, шикоят доранд, ки муовини мудири корхонаи "Жилищник"-и ноҳияи Коптево дар Маскав Андрей Третяков фарзанди онҳоро аз ошёнаи дувуми хобгоҳ ба замин партофтааст. Ҳодиса рӯзи 1-уми апрел рӯй додааст.

Президенти Филиппин: дар сурати муқобила нишон додан, гирифторони вирус "кушта шаванд"

Ozodi.org 

Родриго Дутерте, президенти Филиппин гуфт, ки ба пулис ва артиш дастур додааст, дар сурати муқобила нишон додан ва таҳдид ба ҳаёти кормандони мақомот, гирифторони вируси корона "кушта шаванд". "Фармони ман ба пулис ва артиш: агар чунин мушкиле мавҷуд аст ва агар чунин ҳолат пеш ояд, ки онҳо муқобила нишон диҳанд ва ба ҳаёти шумо хатар эҷод кунанд - кушед. Фаҳмост? Кушед", - гуфт Дутерте дар як муроҷиати телевизионӣ. Вай шарҳ дод, чунин дастур ба касоне ҳам дахл дорад, ки ба карантин фиристода шуданд, аммо онро риоя накарданд. Читать дальше...

Узбекистониҳои аз 65-сола болоро аз ҳаққи кӯча баромадан маҳрум карданд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон сар аз 1-уми апрел афроди аз 65-сола боло иҷозаи аз хона баромаданро надоранд. Ба наздиктарин мағоза ва ё дорухона рафтан истисност. Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза зидди вируси корона чунин қарор қабул кард. "Сар аз 1 апрел шаҳрвандони аз 65-сола боло хонаҳояшонро набояд тарк кунанд. Ба мағоза ва ё дорухонаи наздики манзил рафтан истисност", - хабар додааст комиссия. Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, 190 шаҳрванди ин кишвар мубтало ба коронавирус шудаанд. Аз ин шумор 12 кас шифо ёфт, ду тан вафот кардааст.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон аз 400 нафар гузашт

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Қазоқистон аз сабти 16 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод. Дар маҷмӯъ, то 2-юми рӯзи апрел дар Қазоқистон 402 ҳолати гирифторӣ сабт шудааст. Дар пайи гирифторӣ аз вируси нав дар Қазоқистон се кас фавтида ва дар маҷмӯъ 26 каси дигар шифо ёфтааст. Ҳамзамон, нахустин кӯмаки башарии Чин ба фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон расид. Чин васоили тиббӣ ва таҷҳизот ирсол кардааст. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик қисмати дувуми кумаки Чин ба Қазоқистон расад.

Таби баланди писари табиб дар таваллудхонаи Андиҷон ҳангома барпо кард

Ozodi.org 

Сардори шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилояти Андиҷони Узбекистон 27 март писари 29-солаи худро бо таби баланд барои табобат ба таваллудхона бурдааст. Дар ин бора яке аз табибони беморхона иттилоъ дод. "Ҳамкори мо дониста ҷони табибон, ҳамшираҳо, модарон ва тифлони навзодро дар таваллудхона зери хатар гузошт. Ӯ 27 март писарашро бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус ба беморхона оварда, 15 соат дар утоқи корияш нигаҳ дошт. Ҳамшираҳоро маҷбур кард, ки барои поин бурдани таби писараш сӯзандору кунанд. Читать дальше...

Коронавирус, "сарбозшикор" ва иҷрои нақша. Даъват ба артиш бо чӣ оғоз шуд?

Ozodi.org 

Даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи Тоҷикистон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи кишвар шуруъ шуд. Мақомот дар ҳоле маъракаро оғоз бахшиданд, ки ҷаҳон бо бемории ҳамагири КОВИД-19 даст ба гиребон аст.

Иктишофии ИМА: Чин роҷеъ ба коронавирус воқеиятро нагуфт

Ozodi.org 

Хадамоти иктишофии ИМА дар як гузориши махфии худ ба Кохи Cафед гуфтааст, маълумоти расмии мақомоти Чин дар бораи шумори мубталоён ва қурбониёни коронавирус дур аз ҳақиқат аст. Дар ин бора Bloomberg иттилоъ додааст. Манбаъҳои Bloomberg иттилои бештареро дар бораи гузориш пешниҳод накардаанд. Мақомоти Чин гуфтанд, ҷамъан 82 ҳазор сокини ин кишвар ба коронавирус, ки охирҳои моҳи декабри соли гузашта дар Вуҳан ошкор гашт, мубтало шуда, 3 ҳазору 300 кас ҷон бохтаанд. Дар ИМА беш аз 200 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда... Читать дальше...


Музыкальные новости
Булат Окуджава

Урганту не дали выступить на вечере памяти Окуджавы





Rss.plus
РПЛ

В РПЛ сменился лидер турнирной таблицы




Участники более 2 тыс аварий обратились в Службу помощи при ДТП Подмосковья

Вступают в силу: май

Задержанного в Москве пьяным и без одежды американца отпустили

Российская авиакомпания запустит ежедневные рейсы между Москвой и Мурманском с 7 июня




Додгоҳи Покистон ҳукми марг барои куштори Даниэл Перлро бекор кард

Ozodi.org 

Рӯзи 1 апрел як додгоҳи покистонӣ ҳукми қаблии марг ва иттиҳоми кушторро барои як ҷангҷӯи зодаи Бритониё дар қазияи қатли журналисти амрикоӣ Дениэл Перл бекор кард. Вакили дифоъ Хваҷа Навид гуфт, ки бар асоси қарори бозбинишуда дар Додгоҳи Олии вилояти Синдҳ, Аҳмад Умар Саидшайх барои одамрабоӣ гунаҳгор ва ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Азбаски Саидшайх аз соли 2002 дар зиндон буд, интизор меравад, ки озод шавад, вале ҳанӯз ҳукми додгоҳ дар ин замина содир нашудааст.  Перли 38-сола раиси... Читать дальше...

Сенатори амрикоӣ Ҳизби коммунистии Чинро дар “дурӯғгӯӣ” муттаҳам кард

Ozodi.org 

Як сенатори амрикоӣ Ҳизби коммунисти Чинро дар дурӯғгӯиву пахши “таблиғоти ифлос” дар бораи хуруҷи коронавирус муттаҳам кард. Сенатор Бен Сасс дар изҳороте рӯзи 1 апрел гуфт, “иддаои ин ки дар ИМА шумори марги инсонҳо дар паи коронавирус бештар аз Чин аст, як дурӯғ аст”. Ин намояндаи ҷумҳурихоҳҳо аз Небраска ва узви Кумитаи иттилооти Сенат изҳороти худро баъди он нашр кард, ки оҷонсии Блумберг гуфт, ҳафтаи гузашта Кумитаи иттилооти Сенат ба Кохи Сафед гузорише ироа кард.  Сасс гуфт, ки иттилооти махфиро шарҳ намедиҳад... Читать дальше...

ИМА вуруди маводи тиббӣ аз Русияро тасдиқ кард

Ozodi.org 

ИМА тасдиқ кард, ки дар паи сӯҳбати телефонии оғози ҳафтаи ҷории президентони ИМА ва Русия -  Доналд Трамп ва Владимир Путин - ҳавопаймое бо маводи тиббӣ  аз Русия ба Амрико расид. Департаменти давлатии ИМА дар изҳороташ рӯзи 1 апрел гуфт, ки дар миёни ёриҳои ба Оҷонсии мудирияти изтирории ИМА супурдашуда дар Ню-Йорк васоили нафаскашӣ ва ҳифозати инфиродӣ мебошад. Морган Ортагус, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки ин кӯмакҳо баъди сӯҳбати рӯзи 30 марти Трамп ва Путин фиристода шуд ва гуфт, ки... Читать дальше...

Вазирони хориҷаи НАТО пандемияи коронавирусро баррасӣ мекунанд

Ozodi.org 

Дар як ҷаласаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО рӯзи 2 апрел вокуниши кишварҳо ба пандемияи коронавирус баррасӣ мешавад. Паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ, ки аввалин бор дар таърихи 70-солааш ҷаласаро тавассути видео-конфронс барпо мекунад, гуфтааст, ки барои ҳимояти худ аз ҳама таҳдидҳо омода аст. Формати интернетии ташкили  ҷаласа  бо сабаби маҳдудият дар ҳаракату тамосҳои рӯбарӯи мардум интихоб шудааст. 30 вазири хориҷӣ қарор аст вокуниши ҳамоҳангшуда ба таҳдидҳои пандемияро баррасӣ бикунанд. Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Антонина Арталевская

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Пензенские регбистки выиграли первенство России


ATP

Хачанов вышел в третий круг турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Google

OpenAI готовит конкурента поисковику Google, но на базе ИИ



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России