Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Новости за 22.04.2020

Аввал "облава", баъд ихроҷ аз донишгоҳ. Навгоние дар "сарбозшикор"

Ozodi.org 

Як сокини вилояти Суғд шикоят дорад, ки писари донишҷӯяш Фаррухҷон Зокировро "облава" карда, бо фишор аз ӯ баёнот гирифтаанд, ки "маро бо хоҳиши худам аз донишгоҳ хориҷ кунед". Мақомот чунин ҳолатро рад мекунанд ва мегӯянд, касе ба ин ҷавон фишор наовардааст.

Калонсолон дар Душанбе тавсияи хонашиниро нодида мегиранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба шахсони бузургтар аз 65-сола тавсия дод, ки бе зарурат аз хона дур нараванд, "ҳамроҳи оила бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд". Эмомалӣ Раҳмон ин гапҳоро ҳафтаи гузашта дар Маҷлиси Миллӣ, ҳангоми нигарониҳояш аз густариши коронавирус дар ҷаҳон, ба забон овард.

Қодиров сарашро тарошид, зердастон аз ӯ пайравӣ карданд

Ozodi.org 

Мақомот дар ҷумҳурии Чеченистони Қафқози Шимолӣ аз раҳбарашон Рамазон Қодиров пайравӣ карда, сарашонро покиза тарошиданд. Қодирови 43-сола, ки аз пуштибонии Кремлин бархурдор аст, гуфт, дар шароити маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус ва баста будани сартарошхонаҳо, қарор кард, мӯйи сарашро покиза тарошад. Қодиров аз соли 2007 ба ин сӯ Чеченистонро бо панҷаи оҳаниаш раҳбарӣ карда, тамоми озодиҳои ҷамъиятиву ҳуқуқи инсонро поймол кардааст.  Қодиров, ки инчунин дар Чеченистон ба парастиши шахсияти худаш роҳ додааст... Читать дальше...



Амри Трамп ба хароб кардани қаиқҳои озордиҳандаи низомии эронӣ

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ба нирӯҳои баҳрии кишвар амр додааст, ки  ҳама гуна киштиҳои эрониро, ки киштиҳои амрикоиро азият мекунанд, хароб кунанд. Ин амр дар ҳоле содир шуд, ки зоҳиран қаиқҳои низомии эронӣ ҳафтаи гузашта дар обҳои Халиҷи Форс киштиҳои амрикоиҳоро азият мекарданд.  Трамп дар твиттераш рӯзи 22 апрел навишт: “Ман нирӯҳои баҳрии амрикоиро дастур додам, ки ҳама гуна киштиҳои низомии эрониро, ки дар фикри халалдор кардани қаиқҳои мо дар баҳр ҳастанд, ҳадаф қарор дода хароб бикунанд”. Читать дальше...

Афғонистон 71 зиндонии Толибонро озод кард

Ozodi.org 

Афғонистон гуфт, ки дар идомаи барномаи табодули зиндониҳо дар чаҳорчӯби созиши сулҳ бо гурӯҳи шӯришӣ 71 зиндонии дигари Толибонро озод кард. Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ дар паёми худ дар Твиттер навишт, ки ин шумор зиндониҳо аз ҳафт маҳбаси вилоятҳои Нангарҳор, Лағмон, Кунар, Нуристон, Форёб, Урузгон ва Бағлон  озод шуданд. Шурӯъ аз 8 апрел ҳукумати Афғонистон 432 узви Толибонро аз зиндон озод карданд. Бар асоси созиши 29 феврали миёни ИМА ва Толибон, аз ҳукумати Афғонистон тақозои... Читать дальше...

Зеленский ба Саакашвилӣ мақоми муовини нахуствазир оид ба ислоҳотро пешниҳод кард

Ozodi.org 

Президенти Украина Владимир Зеленский ба собиқ раиси ҷумҳурии Гурҷистон  Михаил Саакашвилӣ пешниҳод кард, ки ба мақоми муовини нахуствазири ҳукумати Украина оид ба  ислоҳот таъин шавад. Дар ин бора  Саакашвилӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар додааст.    Рӯзи 22 апрел Саакашвилӣ навишт, ки аллакай шароити корро бо нахуствазири Украина Денис Шмигал муҳокима кардааст. Саакашвилӣ гуфт, ки ин пешниҳод барои ӯ “мояи ифтихор” аст ва ёдовар шуд, ки дар интихобот аз Владимир Зеленский пуштибонӣ карда аз тими ӯ умеди зиёд дорад. Читать дальше...



Фавти 4 нафар аз илтиҳоби шуш дар як бемористони Душанбе

Ozodi.org 

Дар ду рӯзи ахир дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони машҳур бо номи Якум Советский) дар шаҳри Душанбе 4 нафар бар асари бемории пневмония ё илтиҳоби шуш фавтидаанд. Вазорати тандурустӣ шоми чаҳоршанбе бо нашри баёнияе гуфт, аз бегоҳии 21-уми апрел то 22-юми апрел чаҳор бемор, ки синнашон аз 60 то 73-соларо ташкил медод, аз бемории илтиҳоби шуш ҷон доданд.  Фавтидагон аз Душанбе, Варзоб ва ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Дар ин марказ, ба гуфтаи мақомоти вазорат, 155 нафар бистарӣ... Читать дальше...

Дар Олмон нахустин санҷишҳои воксини зидди коронавирус шурӯъ шуд

Ozodi.org 

Дар Олмон барои нахустин санҷиши клиникии воксинаи зидди коронавирус иҷоза доданд. Дар ҷаҳон шумори мубталоёни вирус аз 2,5 миллион нафар гузашта, то ҳол 178 ҳазор нафар ҷон додааст. Нахустин озмоиши воксин дар бадани 200 ихтиёрии солим барпо шуда, дар навбати баъдӣ нафароне ҷалб мешаванд, ки дар ҳолати риски бештари олудашавӣ қарор доранд.  Санҷиши воксине бо номи BNT162 инчунин дар ИМА ҳам ба нақша гирифта шуда буд. Ин кишвар феълан беш аз дигарҳо аз паҳншавии вирус осеб дидааст. Президент Доналд Трамп гуфт... Читать дальше...

Дар Арманистон маросими ёдбуди қурбониҳои кушторҳои соли 1915 барпо намешавад

Ozodi.org 

Дар Арманистон қарор шуд, ки бо сабаби пандемияи коронавирус маросими ёдбуди куштори арманиҳо дар даврони ҳукмронии туркони Усмониро имсол барпо намекунанд. Эдуард Агаҷанян рӯзи 21 апрел гуфт, ки маросими шамъафрӯзие, ки ҳар сол дар таърихи 23 апрел дар Ереван баргузор мешуд, бекор хоҳад шуд. Бар ивази ин, ба гуфтаи ӯ, дар остонаи таҷлили 105-умин солгарди фоҷеа  чароғи кӯчаву хиёбонҳо хомӯш шуда, садои зангӯлаҳои калисо баланд мешавад.  Рӯзи дигараш нахуствазир Никол Пашинян ва пешвои калисои католикии... Читать дальше...

Футболи Тоҷикистонро мустақиман дар Урупо тамошо мекунанд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Тоҷикистон аллакай "Лестер"-и худро дорад. Бозии марказии даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи "Истиқлол"  ва "Хатлон"-ро расонаи машҳури испании «AS»  бо ин сарлавҳа шарҳ додааст

Шарҳи мақомоти Русия дар бораи таваққуфи семоҳаи патент

Ozodi.org 

Ҳомиёни ҳуқуқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро аз шарҳи ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи фармони Путин аз 14-уми апрел нашр кардаанд, ки мутобиқи он муҳоҷироне, ки дар Русия тибқи патент ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, то 15-июн аз пардохти ҳаққи он озоданд.

СҶБ аз Беларус иҷрои муқаррароти фосилагириро тақозо кард

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз ҳукумати Беларус тақозо кард, маъракаҳои ҷамъиятиро бекор карда тадбирҳоеро ҷорӣ кунад, ки ба фосилагирии инсонҳо аз ҳамдигар ба хотири коҳиши паҳншавии коронавирус  равона шуда бошад. Машваратҳои  СҶБ рӯзи 21 апрел бар асоси сафари ошноии моҳи ҷории гурӯҳи мутахассисони ин созмон ба Беларус нашр шуд. Дар изҳорот омадааст, ки шумори мубталоён босуръат зиёд мешавад ва то 21 апрел дар ин кишвар 6724 олудашуда ва 55 ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст. Вале бо ин вуҷуд, президенти... Читать дальше...

Танаффус дар барномаи муҳоҷират ба ИМА 

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ба хотири ҳимоят аз коргарон, иҷрои барномаи муҳоҷират ба Амрикоро муваққатан бозмеорад, вале ин тасмим, ба андешаи мунаққидон, дар давраи муқобилаи кишвар бо коронавирус ихтилоф дар ҷомеаро бештар мекунад. Трамп, ки дар моҳи ноябр мехоҳад бори дигар номзади интихоботи президентӣ шавад, рӯзи 21 апрел гуфт, ки дар барномаи тақдими кортҳои сабз ё ҳақи иқомат дар ИМА 60 рӯзи танаффус ҷорӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки ин тасмим вокуниш ба поинравии нишондодҳои иқтисодӣ дар Амрико дар паи паҳншавии коронавирус аст... Читать дальше...


Музыкальные новости
Эдит Пиаф

В театре «Модерн» состоялась премьера моноспектакля «Исповедь счастливой женщины. Эдит Пиаф»





Rss.plus
Владимир Путин

Как Россия побеждает в Африке: Волна военных переворотов приносит Путину новых союзников




Выдано разрешение на возведение станции снеготаяния в Московском районе

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии креативных индустрий

Госветслужба Подмосковья промаркировала пасеку в Кашире

Во дворах Щелкова отремонтируют асфальтовое покрытие




Эрон иддао кард, ки маҳвораро ба мадор фиристод

Ozodi.org 

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии (СПИИ)-Эрон рӯзи 22 апрел гуфтанд, ки баъди  талошҳои нокоми чанд моҳи гузашта ниҳоят як маҳвораи низомиро ба мадор партоб карданд. Телевизиони давлатӣ ва оҷонсии хабарии марбут ба СПИИ-и “Тасним” дар нашри ин хабар партоби маҳвораро “муваффақиятомез” қаламдод карданд. Феълан тасдиқи ин хабар тавассути манобеи мустақил вуҷуд надорад, вале бархе таҳлилгарон изҳори нигаронӣ карданд, ки ин фанноварӣ ба Эрон дар эҷоди силоҳҳои байниқоравии баллистикӣ  мусоидат карда метавонад. Читать дальше...

Дар қабристони Қаротегини Душанбе "гӯрҳои махфӣ" нестанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки сарусадо дар бораи дафни пайиҳами беш аз 40 нафар дар рӯзҳои ахир дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе паҳн шудааст, мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар оромгоҳ чизи дигарро нишон дод.

Муроҷиат ба президент ва тавсия барои сарфаҷӯӣ дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Озодӣ Онлайни имрӯз муроҷиати даҳҳо муҳоҷири боздоштшуда ба Эмомалӣ Раҳмонро мебинем, ба суроғи онҳое ҳам меравем, ки аз хобгоҳҳояшон ронда шудаанд ва тавсияи яке аз ҳамроҳони шуморо барои кам кардани иҷорапулӣ дар ин шароити сахт мешунавем.

Беш аз 500 қирғизистониро аз Русияву Туркия ба ватанашон меоранд

Ozodi.org 

Интизор меравад, рӯзҳои 22 ва 24 апрел аз Русияву Туркия ҳудуди 500 қирғизистониро ба ватанашон баргардонанд. Дар ин бора Қубодбек Боронов, ноиб-сарвазири Қирғизистон хабар дод. Имрӯз, 22 апрел аз шаҳри Новосибири Русия 176 шаҳрванди Қирғизистон баргардонида хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, рӯзи 24 апрел бо як парвози чартерӣ 350 шаҳрванди Қирғизистон аз Истамбули Туркия баргардонида мешавад. Боронов гуфт, ҳамаи қирғизистониҳои баргаштаро ба карантин хоҳанд гирифт. Ба иттилои Девони вазирони Қирғизистон... Читать дальше...

Муовини пешини вазири тандурустии Қазоқистон ба коронавирус мубтало шудааст

Ozodi.org 

Муовини пешини вазири тандурустии Қазоқистон Камолҷон Нодиров, ки ахиран раҳбари бахши тандурустии шаҳри Алмато таъйин шуд, мубтало ба КОВИД 19 шудааст. Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов рӯзи чоршанбе хабар дод, ки натиҷаи ташхиси Нодиров шоми 21-уми апрел мусбат баромада, ӯ бистарӣ шудааст. Раҳбарии бахши тандурустии Алматоро дубора Тлеухан Абилдаев бар зимма гирифт, ки ахиран "бо хоҳиши худ" аз мақомаш истеъфо дода буд. "Ба иллати пеш омадани чунин ҳодиса дар мувофиқа бо шаҳрдори... Читать дальше...

Бонки миллии Қазоқистон гирифтани пули нақдро аз суратҳисоби бонкӣ маҳдуд кард

Ozodi.org 

Бонки миллии Қазоқистон рӯзи 21-уми апрел дарёфти асъори нақдро аз суратҳисоби бонкӣ барои шахсони ҳуқуқӣ маҳдуд кард. Қарор дар сомонаи бонк нашр шуд. Дар он омадааст, ки ин маҳдудият аз 1-уми июни имсол ҷорӣ мешавад. Намояндаи Бонки миллӣ нагуфт, ки ин тасмим бо чӣ ҳадафе рӯи даст гирифта шудааст, аммо дар ҳафтаҳои охир дар робита ба коронавирус мақомоти Қазоқистон талош доранд, доду гирифти ғайринақдиро бештар кунанд. Ба ширкатҳои тиҷорати хурд иҷозат мешавад, ки дар моҳ то 20 млн танга (наздики 46 ҳазор доллар)... Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Кажется, мы начинаем забывать Урганта: ведущего не пустили на 100-летие Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Не успели программисты сдать ГТО. Теперь УМО?

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании


Даниил Медведев

Медведев с трудом одолел 121-ю ракетку мира на турнире в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Джиган

Изумрудные луга, замок как у принцессы Рапунцель: сказочный отпуск Саймоловой и Джигана в Нормандии



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России