Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Новости за 15.04.2020

Путин ва Раҳмон аз коронавирус гуфтанд, аз андозу патенти муҳоҷирон чӣ?

Ozodi.org 

Раҳбарони Тоҷикистону Русия дар суҳбати телефонӣ густариши КОВИД-19 ва вазъиятеро, ки ин бемории ҳамагир ба вуҷуд овардааст, баррасӣ кардаанд. Дар Русия беш аз 24 ҳазор нафар ба коронавирус гирифторанд. Дар Тоҷикистон расман ягон ҳолати мубтало шудани сокинон ба ин беморӣ сабт нашудааст.  Кремлин хабар дод, ки суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бо дархости ҷониби Тоҷикистон 15-уми апрел сурат гирифт. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, раисҷумҳур Раҳмон ба Путин барои кумаки башардӯстона... Читать дальше...

Мансаби нави Шариф Раҳимзода ва чанд тағйироти дигари кадрӣ

Ozodi.org 

Шариф Раҳимзодаи 61-сола, раиси пешини Бонки Миллии Тоҷикистон, мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳо таъин шуд. Қарори ҳукумат дар ин бора рӯзи 15-уми апрел содир гардид. Раҳимзода дар мақоми нав Лютфилло Саидмуродовро иваз кард, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мансаб рафтааст.  Шариф Раҳимзода дар панҷ соли гузашта узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буд. Вай дар гузашта дар мансаби вазири рушди иқтисод ва савдо, намояндаи расмии Тоҷикистон дар чанд кишвару... Читать дальше...

Девори Ислом Каримовро дар Самарқанд вайрон мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти шаҳри Самарқанд тасмим гирифтанд, девореро вайрон кунанд, ки соли 2006 барои амнияти президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов бунёд шуда буд. Девор майдони Регистонро аз қисми қадимии шаҳр ҷудо мекард. Ба гуфтаи як корманди Идораи фарҳанги Самарқанд, қарори тахриби девори пушти майдони "Регистон"-ро Департаменти мероси фарҳангӣ, Горди миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Узбекистон тасдиқ кардаанд. "Ин девор соли 2006 бо далоили амниятӣ бунёд шуда, арзиши таърихӣ надошт. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд... Читать дальше...



Гирифтории беш аз 100 табиб ба вирус. Сардухтур барканор шуд

Ozodi.org 

Сардухтури бемористони марказии шаҳри Алматои Қазоқистон Алмос Ҷувашев баъди мубтало шудани беш аз сад табиб ба коронавирус аз мақом барканор шуд. "Сардухтур аз мақом барканор шуд. Дар беморхонаи зери раҳбарии ӯ ҳудуди 200 кас беморанд. Шояд ӯ дар умури ташкилотии худ иштибоҳеро медонист, ки бо хиҳиши худ аризаи аз кор рафтанро навишт", - иттилоъ дод сардори Идораи тандурустии Алмато ба рӯзноманигорон. Пештар мақомоти Алмато хабар дода буданд, ки бемористони марказии шаҳрӣ ба карантин гирифта шудааст. Читать дальше...

Муҳоҷирони мубтало ба коронавирусро ошкор карданд, вале ба бемористон набурданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шаҳраки Новосергиеваи вилояти Ленинград хобгоҳеро ошкор карданд, ки дар он тақрибан 35 муҳоҷири гирифтор ба бемории КОВИД-19 зиндагӣ доранд. Ҳоло хобгоҳ бастааст ва сокинонаш ба карантин фаро гирифта шудаанд. Бино ва фурӯшгоҳҳои наздик ба хобгоҳро "дезинфексия" ё поккорӣ мекунанд.

Додрас ба мурофиаи "боз"-и Далер Шарифов даҳҳо нафарро роҳ надод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба мурофиаи рӯзноманигор Далер Шарифов, ки рӯзи 15-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд, танҳо вакили мудофеъ, шоҳидон ва падару модараш роҳ ёфтанд. Тақрибан 30 нафари дигар, аз ҷумла хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, паси дар монданд.

Мусаллаҳон ба киштии нафткаше дар соҳилҳои Эрон нишастанд

Ozodi.org 

Як созмони бритониёӣ ва ширкати хусусие гуфтанд, ки гурӯҳи мусаллаҳони ношиносе савори киштии нафткаше шуданд, ки дар наздикиҳои гулӯгоҳи Ҳурмузи Эрон шино мекард. Созмони тиҷорати баҳрииБритониё  гуфт, ки киштӣ рӯзи 14 апрел соҳилҳои Эронро тарк кард, вале базудӣ озод карда шуд. Ширкати хусусии иттилооти баҳрии Dryad Global гуфт, маълум нест, ки то куҷо ин киштӣ дучори мушкил шуд ваё аз ҳимояти Эрон бархӯрдор будааст. Ширкат гуфт, ки киштии Ҳонгконг SC Taipei ном дошт ва ба самти Ал-Ҷубайли Арабистони Саудӣ ҳаракат мекард. Читать дальше...



Ҳуқуқдони тоҷик: Онҳое, ки коронавирусро пинҳон медоранд, ҷавобгар мешаванд

Ozodi.org 

Масъулияти мақомоту мардум барои пешгирӣ аз бемории ҳамагири Ковид-19 чист? Оё вазъи фавқулода ва "карантин" ҳаққи одамонро маҳдуд мекунад? Кумакҳои давлат дар шароити коронавирус танҳо ба шаҳрвандони дохили кишвар рабт дорад ва ё онҳоеро низ дар бар мегирад, ки дар хориҷ ҳастанд? Бо онҳое, ки вуҷуди коронавирусро пинҳон медоранд, чӣ хоҳад шуд? Ба ин ва чанд суоли дигари Радиои Озодӣ дар бораи то куҷо мутобиқ будани қонунҳои феълӣ ба вазъи пешомада вакили мудофеъ ва додраси пешин Ватан Абдураҳмонов посух дод.

Президенти Қирғизистон аз ҳамтои чиниаш барои баргардонии қарзҳо муҳлати бештар хост

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо "масоили муҳим ва ояндаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла талошҳои муштарак дар амри мубориза бо вируси корона ва барқарории равуои мошинҳои боркашро баррасӣ карданд", хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон.  Ҷеенбеков ҳамзамон аз ҳамтои чиниаш хостааст, ки имкони сабукӣ ва додани муҳлати бештарро барои баргардонии қарзҳо баррасӣ кунад. Қарзи хориҷии Қирғизистонро 3 миллиарду 874,57 млн доллар ташкил медиҳад... Читать дальше...

Ҳукумати Гурҷистон чор шаҳри калонро бо сабаби коронавирус баст

Ozodi.org 

Ҳукумати Гурҷистон тасмим гирифт ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус роҳҳои ҳаракат ба чор шаҳри калонтарини кишварро масдуд кунад. Нахуствазир Гиорги Гахариа рӯзи 14 апрел дар ҷаласаи ҳукуматӣ гуфт, ки тасмими барои даҳ рӯз масдуд шудани роҳҳо шаҳрҳои Тифлис, Руставӣ, Батумӣ ва Кутаисиро дар бар хоҳад гирифт. Гахариа гуфт, ки ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки дар як рӯз  дар кишвар 30 ҳодисаи нави олудашавӣ ба корнавирус ба қайд гирифта шуд. Ба сокинони ин шаҳрҳо амр шудааст, ки баъди соати 9 шом аз хонаҳо берун нараванд. Читать дальше...

Дар Кобул истифодаи мотосикл манъ шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки бо ҳадафи таъмини бештари амният дар шаҳри Кобул ҳаракати мотосиклу скутерро манъ мекунанд. Рӯзи 14 апрел Тариқ Ориён, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки аксар ҷиноятҳо, аз ҷумла кушторҳои ҳадафмандона бо истифода аз мотосиклҳо анҷом мешавад. Дар Кобул истифодаи мотосиклу скутер бисёр маъмул аст. Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки дар сурати вайрон кардани ин қоида василаи нақлиёт мусодира мешавад. Монеаи нав барои кормандони бахши хидматрасонӣ сабукӣ медиҳад... Читать дальше...

Таъйини аъзои нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон шаш тан аз аъзои нави  Маҷлиси миллии Тоҷикистонро таъйин кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел иттилоъ дод, ки бо фармони президент Фарҳод Раҳимӣ, Ҳусния Раҷабзода, Ҳасан Дӯстзода, Низом Қосим, Мақсудалӣ Умарализода ва Бурҳониддин Ҷабборӣ аъзои Маҷлиси миллӣ таъйин шуданд.  Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон 33 курсӣ дорад ва бисту панҷ узви он аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон... Читать дальше...

Ба мурофиаи "боз"-и Далер Шарифов на ҳама роҳ ёфтанд.

Ozodi.org 

Рӯзи 15-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нахустин мурофиаи парвандаи парвандаи рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов  баргузор шуд. Дар ибтидо вакили дифои Далер Шарифов гуфт, ки ҳеҷ асосе барои пушти дарҳои баста доир шудани ин мурофиа вуҷуд надорад. Вакили дифоъ аз қавли додрас гуфт, ки мурофиа боз мегузарад, вале бо назардошти тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар робита ба коронавирус, шумораи маҳдуди одамон ба толор роҳ дода мешаванд. Дар нахустин мурофиа шоҳидони ҷониби айбдоршаванда пурсида шуданд. Читать дальше...

Иттиҳоди Аврупо стратегияи сабуктар кардани маҳдудиятҳоро андеша дорад

Ozodi.org 

Рӯзи 15 апрел Иттиҳоди Аврупо қарор аст стратегияи хуруҷи тадриҷии кишварҳои узв аз маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ва бозгашт ба ҳаёти маъмулиро пешниҳод кунад. Нақшаи мақомоти аврупоӣ эҷоди талаботи умумӣ барои кишварҳои узвро дар назар мегирад, вале таъкид мешавад, ки иҷрои онҳо барои аксар кишарҳои аврупоӣ ҳатмӣ неву машваратӣ хоҳанд буд. Ҳар кишвари узви Иттиҳоди Аврупо мустақилона қарор мекунад, ки тадбирҳои сабуктар кардани маҳдудиятҳоро чигуна татбиқ хоҳад кард. Ин пешниҳод дастурамали кор дар давоми чанд моҳи оянда хоҳад буд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

Певец ЮрКисс заявил, что никогда не хотел совместного трека с Тимати





Rss.plus
Владимир Потанин

В "Рексофт" рассказали, как развивается рынок ИИ-ассистентов в России




Китайский «Москвич» становится московским

Тендер на поставку медоборудования в больницу объявили в Одинцове

Центр "Фобос": очередная волна холода в Москве ожидается на предстоящей неделе

Армяне России поддерживают движение «Тавуш во имя Родины»




Эълони номи шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар Олмон

Ozodi.org 

Пулиси Олмон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро ба тарҳрезӣ ва омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар муттаҳам кард. Додситони федерол дар шаҳри Карлсруэ гуфт, чаҳор нафари онҳо субҳи 15-уми апрел дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт шуданд.

Пешниҳоди ҷорӣ кардани низоми гӯшанишинӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Аъзамхон Акбаров, мудири кулли ширкати телевизион ва радиои "Азия" дар Хуҷанд, аз вазири тандурустии Тоҷикистон хостааст, бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти бемории Ковид-19 расман низоми гӯшанишиниро ҷорӣ кунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ба ҳама маълум аст ва "хуруҷи коронавирус дар кишварҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон низ шадидтар шудааст". "Аҳамияти масъаларо худатон аз ман беҳтар медонед", - нигоштааст ӯ. Номаи Аъзамхон Акбаров рӯзи 14-уми апрел дар "Фейсбук" нашр шуд ва то кунун тақрибан 700 нафар онро писандида... Читать дальше...

Мақомоти амрикоӣ бо фармондеҳи артиши Покистон сулҳи Афғонистонро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод ва фармондеҳи аршади амрикоӣ генерал Скотт Миллер дар Исломобод бо мақомоти низомии покистонӣ дидору гуфтугӯ карданд. Ин мулоқот баъди мулоқот бо намояндагони Толибон дар Давҳа баргузор шуд. Музокироти Покистону Қатар дар ҳоле ҷараён гирифт,ки ҳукумати Афғонистон ва Толибон аввалин табодули зиндониҳоро анҷом доданд. Озодкунии зиндониҳо шарти муҳими шурӯи ҷараёни татбиқи сулҳ дар Афғонистон баъди 18 соли ҷанг мебошад. Сафорати ИМА дар Покистон бо нашри изҳороте рӯзи 14 апрел гуфт... Читать дальше...

ИМА маблағгузории Созмони ҷаҳонии беҳдоштро қатъ мекунад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ба маъмурияташ амр дод, то маблағгузории Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) дар робита бо тарзи бархӯрди ин созмон дар нисбати пандемияи коронавирус қатъ шавад. Трамп рӯзи 14 апрел гуфт, ки СҶБ “вазифаи асосии худро иҷро карда натавонист ва бояд барои ин ҷавоб диҳад”. Трамп дар идома дар нишасти матбуотиаш дар Кохи Сафед гуфт, ки дар давоми 60 то 90 рӯзи баррасии кори СҶБ, ИМА маблағгузории ин созмонро қатъ мекунад. Трамп гуфт, ки агар ин бахши СММ замони пайдоиши вирус дар Чин гузоришҳоро таҳқиқ мекард... Читать дальше...

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Эрон баргузор мешавад

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон хостори рушди ҳамкориҳои бештари фарҳангӣ байни ду кишвар шудаанд. Ба иттилои сайти расмии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, ин мавзуъ дар мулоқоти  сафири ин кишвар дар Душанбе Муҳаммадтақӣ Собирӣ бо Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, матраҳ шудааст. Мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири Эрон рӯзи 13-уми апрел сурат гирифтааст. Дар хабар аз ҷумла омадааст, ки Эрон аз пешниҳоди Тоҷикистон барои сабти гиромидошти 5500-солагии таъсиси шаҳри... Читать дальше...



Москва

Национальный конгресс по регенеративной медицине впервые пройдет в Санкт-Петербурге: ученые и врачи обсудят достижения и перспективы развития регенеративной биомедицины


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о работе сервиса «Вместе с культурой»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Жена бывшего Волочковой раскрыла имя сына после выписки из роддома




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


Даниил Медведев

Теннисист Медведев не смог выйти в четвертьфинал турнира серии «Мастерс» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России