Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Новости за 08.04.2020

Дар Душанбе ва баъзе минтақаҳои дигари Тоҷикистон барф борид. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шоми 8-уми апрел дар шаҳрҳои Душанбеву Панҷакент ва баъзе аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон барф борид. Аз ҳоло кишоварзон ва сокинони деҳаҳо нигаронанд, ки сардии ҳаво метавонад ҳосили дарахтон ва зироати онҳоро нобуд кунад. Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон эҳтимоли сард шудани ҳаво ва боридани барфро дар рӯзҳои 8 ва 9-уми апрел пешбинӣ карда буд. Бино иттилои марказ, "шаби 8-уми апрел ва субҳи 9-уми апрел дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд эҳтимол барф меборад." Масъулони марказ мегӯянд... Читать дальше...

"Нафаскашиам ба онҳо хуш наомад". Ёддоштҳои хабарнигори рус пеш аз марг аз коронавирус

Ozodi.org 

Журналисти рус Анастасия Петрова рӯзи 31-уми март дар як беморхонаи шаҳри Перми Русия даргузашт. Сабаби расмии марги ин зан пневмония ё илтиҳоби шуш гуфта шудааст, вале баъдан мақомот эътироф карданд, ки зани 36-сола ба коронавирус олуда шуда буд.



Туркманистон машқҳои оммавӣ баргузор кард

Ozodi.org 

Рӯзи 7-уми апрел дар Туркманистон дар Рӯзи Ҷаҳонии Сиҳатӣ машқҳои оммавии варзишӣ баргузор карданд, ҳарчанд баръакси ин дар кишварҳои дигар барои роҳ надодан ба густариши коронавируси нав ба мардум дастур додаанд, ки аз ҳам фосила бигиранд. Дар Туркманистон ба гуфтаи мақомот, ҳеҷ мавриди сирояти беморӣ сабт нашудааст ва ҳаргуна баррасии мавзуъ дар ин бора мамнӯъ аст. Рӯзи 7-уми апрел Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури худкомаи Туркманистонро дар телевизион намоиш доданд, ки ҳамроҳ бо гурӯҳи... Читать дальше...

Вирус Вуҳанро раҳо кард, гиребони Аврупову Амрикоро сар надодааст

Ozodi.org 

Дар шаҳри Вуҳони Чин, ки пандемияи коронавируси нав аз онҷо оғоз ёфт, муқаррароти манъи равуоро комилан бардоштанд. Айни замон теъдоди қурбониёни бемории КОВИД-19 дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунон зиёд мешавад. Хотимаи маҳдудияти якмоҳаи равуо ва гаштугузор дар Вуҳон, маркази пайдоиши вирус, ки то кунун 82 ҳазор нафарро дар ҷаҳон куштааст, як нишонаи умедворкунанда ба ҳисоб меравад. Аз тарафи дигар вирус ҳамчунон дар кишварҳои зиёде бедодгарӣ мекунад ва мардуми зиёдтарро мекушад. Бино ба омори расмӣ... Читать дальше...

Корхонаи "Трансформатор"-и Бохтар бозсозӣ мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Корхонаи "Трансформатор"-и шаҳри Бохтар баъд аз солҳои зиёд бозсозӣ шуда, дар назар аст, иқтидори истеҳсолиашро зиёд кунад. Ин корхонаи азим бо ширкатҳои русӣ қарордод бастааст.  Назаралӣ Давлатшоев, мудири корхонаи "Трансформатор"-и шаҳри Бохтар мегӯяд, "баъди азнавсозии корхона мо ҳам сифатан хуб мешавад, ҳам арзиши аслии маҳсулот арзонтар шавад ва ҳам дар бозори ҷаҳонӣ ҷойи худро меёбад". Корхонаи саҳомии "Трансформатор" дар Бохтар яке аз азимтарин корхонаҳои тавлиди трансформаторҳо дар Тоҷикистон аст. Читать дальше...

Дар Покистон 7 ҷангҷӯро кушта, силоҳҳояшонро гирифтаанд

Ozodi.org 

Артиши Покистон мегӯяд, бо юриш ба ду пинҳонгоҳи Толибон дар марзи Афғонистон 7 нафари онҳоро кушт. Дар баёнияи расмӣ аз рӯзи 7-уми апрел омадааст, ки чаҳор ҷангҷӯро дар вилояти Вазиристони Шимолӣ куштанд, ки дар солҳои гузашта ба пойгоҳи чанде аз гурӯҳҳои ифротии дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфтааст. Се ифротгарои дигар дар минтақаи қабоилнишини Муҳманд нобуд карда шудаанд. Дар баёнияи артиши Покистон омадааст, ки нерӯҳои амниятӣ ҳамчунин аз ҳарду пинҳонгоҳ аслиҳа ёфта ва мусодира кардаанд. Ҳоло маълум нест... Читать дальше...



Рӯҳонӣ хост, IMF барои иқтисоди беҳоли Эрон зудтар қарз бидиҳад

Ozodi.org 

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон аз Сандуқи Байналмилалии Пул хост, ба кишвараш қарзи чанд миллиардоллариеро ихтисос бидиҳад, ки барои мубориза бо хуруҷи бемории КОВИД 19 тақозо кардааст. “Ӯ рӯзи 8 -уми апрел дар нишасти ҳукумат, ки дар телевизион намоиш доданд, гуфт: “Мо узви Сандуқи Байналмилалии Пул ҳастем. Ва инҷо дар қарз додан набояд ҳеҷ табъизе вуҷуд дошта бошад.” Бонки Марказии Эрон моҳи гузашта аз Сандуқи Байналмилалии Пул хост, аз хазинаи кӯмакҳои фаврии махсус барои мубориза бо коронавирус 5 миллиард доллар қарз бидиҳад. Читать дальше...

Се миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ ба камбизоатони тоҷик

Ozodi.org 

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар чаҳорчӯби омодагии кишвар ба муқобила бо вируси ҳамагири КОВИД-19, ба аҳолии камбизоат ва маъюбон се миллион доллар кумак карда хоҳад шуд. Насим Олимзода рӯзи 8-уми апрел, баъди иштирок дар ҷаласаи порлумон, гуфт, ин бахше аз кумаки беш аз 11-миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ аст.

Даҳҳо нафари тамосдошта бо марди фавтида дар Ҷаббор Расулов карантин шуданд

Ozodi.org 

29 нафар аз афроде, ки бо марди фавтида дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар тамос будаанд, таҳти карантин қарор доранд. 9 нафари калонсол ва 9 кӯдак аъзои оилаи ин мард буда, 11 нафари дигар кормандони тиббии бемористоне мебошанд, ки марди 60-сола дар ин ҷо бо диагнози пневмония даргузашт. Мақомоти тандурустии вилоят мегӯянд, санҷишҳо то ҳоло мавҷудияти вируси коронаиро дар тани ин афрод ошкор накардаанд. Ба карантин гирифта шудани ин афродро мақомоти тандурустии вилояти Суғд як чораи эҳтиётӣ ва пешгирикунанда меноманд. Читать дальше...

Иҷоранишинони рондашуда, муҳоҷирони байни замину осмон дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Муҳоҷирони рондашуда аз хонаи иҷора, мусофирони байни замину ҳаво, интизорӣ барои гирифтани патент дар Тюмен аз видеоҳоест, ки дар барномаи имрӯз мебинем. Тавсияи як ҷавонеро ҳам мешунавем, ки мегӯяд, дар утоқҳои танг чӣ гуна дилгир нашавед.

Вазирони Еврогруп ба созиш нарасиданд

Ozodi.org 

Вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бо вуҷуди гуфтугӯҳои дароз дар бораи барномаи наҷоти иқтисоди иттиҳод аз бӯҳрони пешовардаи коронавирус сари қабули барнома ба созиш нарасиданд. Гуфтугӯҳои вазирон то субҳи 8-уми апрел идома кард. Марио Сентено, раиси Еврогруп ҳавзаи кишварҳои евро гуфт, “Баъд аз 16 соат мубоҳиса мо ба созиш наздик шудем, вале ҳоло ба даст наёмадааст. Ба гуфтаи ӯ, баррасии барнома рӯзи 9-уми апрел идома мекунад. Бо афзоиши фишор барои коҳиши паёмадҳои карантини саросарӣ ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Аврупо... Читать дальше...

3 миллион доллари Бонки Ҷаҳониро ба камбизоатони тоҷик медиҳанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар чаҳорчӯби омодагии кишвар ба муқобила бо вируси ҳамагири КОВИД-19 ба аҳолии камбизоат ва маъюбон се миллион доллар кумак карда хоҳад шуд.

Нахуствазири Бритониё ҳанӯз ҳам дар шӯъбаи эҳёгарӣ аст

Ozodi.org 

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё рӯзи дуввуми худро дар шӯъбаи эҳёгарии шифохонае дар шаҳри Лондон сипарӣ кард. Айни замон дар рӯзи 7-уми апрел дар он тарафи уқёнус дар Амрико теъдоди қурбониёни бемории КОВИД-19 аз 4000 нафар ҳам гузашт. Дар дигар гӯшаҳои ҷаҳон аз ҷумла Аврупо, манъи равуои зиёд ва нигаҳдории фосила аз ҳамдигар натиҷа додааст, ки суръати густариши вируси хатарнок сусттар мешавад. Вазъи сиҳатии нахуствазири Бритониё, яке аз раҳбарони шинохта дар ҷаҳон, ки чанде пеш вирус ба ӯ ҳам сироят кард... Читать дальше...

Мурофиаи додгоҳии Далер Шарифов ҳафтаи оянда оғоз мешавад

Ozodi.org 

Мурофиаи нахустини додгоҳии Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 13-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора вакилони мудофеи Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки аз ҳаққи Далер Шарифов ҳимоят мекунанд, хабар доданд.  Шарифов аз моҳи январ боз дар боздоштгоҳ аст. Маълум нест, мурофиаи ӯ паси дарҳои пӯшида мегузарад ва ё озод бо иштироки наздикону хабарнигорон.  Далер Шарифов расман ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам аст. Читать дальше...


Музыкальные новости
Бато Багдаев

Театр кукол «Ульгэр» выступил в райцентре Бурятии в День Пушкина - Россия, Культура, Дети





Rss.plus
Сергей Шойгу

В связи с «желтым» уровнем в Крыму и Севастополе не выполнили приказ Шойгу




Минэкологии взяло на контроль экологическую ситуацию в Химках

Более 1,4 млн жителей Подмосковья прошли диспансеризацию с начала года

Системы жизнеобеспечения Москвы работали в штатном режиме в майские праздники

«Июнь нам всем подгадит». Синоптики сказали, к чему нужно готовиться




Толибон аз идомаи гуфтугӯ бо ҳукумати Афғонистон даст кашидаанд

Ozodi.org 

Гурӯҳи Толибон ҳайати худро аз Кобул бозхондаанд ва чанд соат  баъд аз он ки гуфтанд, музокирот дар бораи табодули асирон бо ҳукумат қатъ шуд. Табодули асирон тадбири аслӣ барои музокироти сулҳ миёни ду тараф аст, ки бо мусоидати Амрико ба роҳ андохта шуд. Гурӯҳи 3 нафарии Толибон дар шаҳри Кобул бо чанде аз намояндагони ҳукумати Афғонистон дар бораи озод кардани зиндониёни Толиб гуфтугӯ доштанд. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар рӯзи 7-уми апрел дар Твиттер навишт, ҳайат “ҳамин лаҳза” аз музокирот даст мекашад. Читать дальше...

Дар Чехия теъдоди гирифторони КОВИД-19 ба 5033 нафар расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Чехия мегӯяд, теъдоди мубталоёни бемории КОВИД-19 ба 5033 нафар расидааст ва аз ин миён 91 нафари онҳо фавтидаанд. Беморие, коронавируси нав бармеангезад, то кунун гиребони 181 нафарро сар додааст.   Порлумони Чехия рӯзи 7 - уми апрел бо қабули як қарор вазъи фавқуллодаро, ки рӯзи 11 - уми апрел ба поён мерасид, 19- рӯзи дигар ва то 30 - уми апрел тамдид кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кард, ки қарздорон, аз ҷумла онҳое, ки барои харидани хона қарз гирифтаанд, то 6 моҳ пардохти... Читать дальше...

ИМА ба Туркманистон барои мубориза бо вирус наздики $1 млн медиҳад

Ozodi.org 

Амрико бо ҳадафи мубориза бо коронавирус ба Туркманистон 920 ҳазор доллар медиҳад. Дар ин бора сафорати ИМА дар Туркманистон хабар дод. Маблағи ҷудошуда барои таҳияи озмоишгоҳҳо, ташхиси гирифторӣ ба бемориҳои гузаранда, хабар додан аз хатарҳо ва ғайра сарф мешавад. Дар хабари вазорат омадааст, ки айни ҳол ҳукумати Туркманистон расман ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 -ро дар кишвар тасдиқ намекунад ва эҳтимол дорад, дар сурати ошкор шудани гирифторӣ низ тасдиқ накунад. Ҳукумати он кишвар ахиран... Читать дальше...

Таърихи нави қаҳрамонии футзали Осиё тасдиқ шуд

Ozodi.org 

Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) санаҳои нави баргузории мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё, инчунин қаҳрамонии бошгоҳии футзали қораро дар соли 2020 тасдиқ кард. Мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2020, ки мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд, ба иллати хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон ба рӯзҳои 5-16-уми август гузаронида шуд. Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2020 бошад, рӯзҳои 2-13-уми декабр дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад. Дастаи... Читать дальше...

Ҳушдори Назарбоев аз паёмадҳои коронавирус

Ozodi.org 

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, таъсири коронавирус ё худ COVID-19 ба иқтисоди ин кишвар аз буҳрони ҷаҳонии молии соли 2008 сахттар хоҳад буд. "Аз ҳоло мо бояд фикр кунем, ки баъди ин чи кор хоҳем кард. Иқтисод поин меравад. Шояд аз буҳрони молии соли 2008 дида сахттар шавад", - гуфт Назарбоев 7 апрел дар суҳбат бо сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин. Ба гуфтаи Назарбоев, ба ҳукумат дастур дод, ки сокинонро бо маводи ғизоӣ ва тиббӣ таъмин кунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки 8 апрел... Читать дальше...

Дар Узбекистон шумораи гирифторон ба коронавирус ба 520 тан расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, то 7-уми апрел дар ин кишвар 520 ҳолати мубталошавӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст. Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Узбекистон, 23 шаҳрванди ин кишвар низ, ки дар хориҷ қарор доранд, ба вируси корона мубтало шудаанд. Ин узбекистониҳо дар ИМА (10), Покистон (5), Қазоқистон (2), Австрия (1), Арманистон (1), АМА (1), Куриёи Ҷанубӣ (1), Русия (1) ва Тайланд (1) ба коронавирус мубтало шудаанд. Пештар дар бораи ҳалокати се узбекистонӣ аз коронавирус дар Ню-Йорк хабар дода шуд. Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о перспективном развитии соцполитики государства


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Тимати

Невеста Тимати сводит с ума туристов откровенными купальниками на Мальдивах




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге

"Зенит" в Москве обыграл ЦСКА и сравнял счет в серии

Пензенские регбистки выиграли первенство России


WTA

Потапова проиграла Остапенко во втором круге турнира WTA 1000



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

ХIХ Всероссийский форум «Здоровье нации» пройдет в Москве



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России