Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Новости за 27.04.2020

Раҳматилло Зойиров гуфт, Тоҷикистон давраи савуми сирояти коронавирусро аз сар мегузаронад

Ozodi.org 

Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, изҳор дошт, ки коронавирус кайҳост, ба Тоҷикистон омадааст ва ҳоло кишвар марҳалаи савуми сироятёбии худро паси сар мекунад. Дар як баёния дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Раҳматилло Зойиров мегӯяд, вируси корона ҳанӯз дар моҳи январ ба воситаи тоҷироне, ки ба Чин сафар карда буданд, вориди Тоҷикистон гашт ва аз онҳо ба афроде гузашт, ки бо ин соҳибкорон дар тамос буданд. “Беморӣ ба андозаи кофӣ оммавӣ гашта буд, аммо танҳо аз як намуди вирус... Читать дальше...

Марги 11 нафар аз илтиҳоби шуш дар як бемористони Душанбе

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, аз 319 нафаре, ки бо гумони бемории илтиҳоби шуш дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони машҳур бо номи Якум Советский)-и Душанбе бистарӣ карда шуданд, то ин дам 11 нафар фавтидаанд. Мақомот мегӯянд, қариб нисфи ин беморон табибон ҳастанд.



Фарзандони Ҳотамов гуфтанд, орзуҳои падарро амалӣ мекунанд

Ozodi.org 

Марги Абдуфаттоҳ Ҳотамов, кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи хусусии "Ҳотам ва ПВ", бисёриҳоро дар кишвар озурда кардааст. Cоҳибназарон мегӯянд, саҳми ӯ дар рушди бахши маориф чашмрас аст ва набуданаш бохте бузург мебошад. Ҳотамов шоми 26-уми апрел бар асари сактаи қалбӣ дар Душанбе даргузашт ва ӯро 27-уми апрел дар зодгоҳаш, деҳаи Чамани ноҳияи Ваҳдат, дафн карданд.

Сабтиноми "меҳмонҳо" дар Бадахшон. Чораҳои пешгирӣ аз коронавирус

Ozodi.org 

Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба номнавис кардани сокиноне пардохтааст, ки аз пойтахт ва минтақаҳои дигари кишвар ба ин ҷо омадаанд. Ин бахше аз чораҳои пешгирӣ аз сирояти бемори ҳамагири КОВИД-19 аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун дар кишвар касе ба коронавируси нав сироят нашудааст, аммо чораҳои ҷилавгирӣ аз онро сахттар кардаанд. Замир, сокини 27-солаи шаҳри Хоруғ, мегӯяд, баъди як рӯзи аз Душанбе ба Хоруғ омадани падари ҳафтодсолааш, пизишкони маҳаллӣ субҳ ба суроғаш омадаанд. Читать дальше...

Саидҷаъфар Усмонзода: "Вазъам хуб, аммо хастагиву бемадорӣ ҳаст"

Ozodi.org 

Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, гуфт, бо гузашти як ҳафта аз бемории зукому роҳҳои нафас "имрӯз вазъи саломаташ беҳтар аст". Усмонзода 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхисҳо нишон додаанд, ки ӯ ба бемории зуком гирифтор шудааст ва тайи чанд рӯзи ахир таби бисёр баланд дошт. "Ҳоло таб надорам, лекин хастагию бемадорӣ ҳаст", - афзуд вай. Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба табобат дар шароити хона идома медиҳад ва ба гуфтааш пизишкон ба хубӣ аз ӯ муроқибат мекунанд. Читать дальше...

Дар як шифохонаи Душанбе 319 нафар бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шудаанд.ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони "Советӣ Як") дар Душанбе 319 нафар бо гумони бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуданд. Ба иттилои мақомот, то имрӯз 11 нафар фавтида, 107 кас шифо ёфтаанд.

Ниме аз беморони илтиҳоби шуш дар як шифохонаи Душанбе кормандони тиб будаанд. ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони "Советӣ Як") дар Душанбе 319 нафар бо гумони бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуданд, ки ниме аз онҳо кормандони тиб ҳастанд. Ба иттилои мақомот, то имрӯз 11 нафар фавтида, 107 кас шифо ёфтаанд.



Ниме аз беморони илтиҳоби шуш дар як шифохонаи Душанбе кормандони тиб будаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони "Советӣ Як") дар Душанбе 319 нафар бо гумони бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуданд, ки ниме аз онҳо кормандони тиб ҳастанд. Ба иттилои мақомот, то имрӯз 11 нафар фавтида, 107 кас шифо ёфтаанд.

Дар Бемористони "Советӣ-Як"-и Душанбе 11 нафар фавтида, 107 кас шифо ёфтаанд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, аз 319 нафаре, ки бо гумони бемории илтиҳоби шуш дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони машҳур бо номи Якум Советский)-и Душанбе бистарӣ карда шуданд, то ин дам 11 нафар фавтидаанд. Мақомот мегӯянд, қариб нисфи ин беморон табибон ҳастанд. Масъулони маркази тиббии рақами 1-и Душанбе мегӯянд, дар беморхона то имрӯз беш аз 300 нафарро бо нишонии пневмония бистарӣ кардаанд. Сомонаи Вазорати тандурустӣ аз қавли Хуршед Рустамзода, директори беморхонаи мавсуф ба “Якум советский” навиштааст... Читать дальше...

ФИФА ба футболи тоҷик $500 ҳазор кумак мекунад

Ozodi.org 

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) эълом кард, ки ба ассотсиатсияҳои миллии футбол 150 миллион доллар пардохт хоҳад кард, то ба онҳо дар мубориза бо оқибатҳои паҳншавии сирояти коронавирус, ки мавсимро қатъ кардааст, кумак кунад. Вазъи паҳншавии пандемияи коронавирус ба ҳамаи ҷомеаи футбол таъсири хеле ҷиддӣ мерасонад. Мусобиқот қариб дар тамоми ҷаҳон қатъ шудааст ва ҳама пулро аз даст медиҳанд. Буҳрони молӣ ба ҳама намудҳои варзиш таъсир мерасонад. FIFA эълом дошт, ки дар ин лаҳзаи мушкил... Читать дальше...

Роҳи Made in China бастааст. Тоҷикистон ба камбуди CD дучор шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ширкатҳои сабти овоз ва студияҳое, ки ба тарҷумаву дубляжи силсилафилмҳои туркӣ машғуланд, аз камбуди дискҳои холии CD ва DVD дар Тоҷикистон шикоят доранд. Ба сабаби короновирус, марз бо Чин бастааст ва дискҳо ба Тоҷикистон ворид карда намешаванд.

Ду марги дигар дар ноҳияи Расулов. Интерфакс мегӯяд, "коронавирус ҳаст"

Ozodi.org 

Як вакили дифоъ ва як пизишки оилавӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов даргузаштаанд. Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар бораи ин маргҳои мармуз шарҳе нашр накардаанд. Вале хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз манбаъҳои худ мегӯяд, коронавирус ба Тоҷикистон омадааст ва ҳукумат дар садади эълон кардани мавҷудияти он дар кишвар аст. Субҳи 27-уми апрел вакили дифоъ Комилҷон Ибодуллозода (Солиев), ки чанде пеш аз шаҳри Душанбе баргашта буд, дар бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд даргузашт. Читать дальше...

Ҳудуди 180 шаҳрванди Қирғизистонро аз Иморот баргардонданд

Ozodi.org 

Ҳавопаймои ширкати Fly Dubai рӯзи 26-уми апрел 178 шаҳрванди Қирғизистонро аз Дубай ба Бишкек овард. Дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон хабар дод. Дар Ситод хабар доданд, ки парвозҳои иловагии чартерӣ рӯзҳои 3 ва 10 май низ дар назар аст. Ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА), ҳудуди 280 қирғизистонии дигар баргардонида хоҳанд шуд. Дар як ҳафтаи охир аз Русияву Туркия бештар аз 700 шаҳрванди Қирғизистон ба ватанашон баргардонида шуданд. Ба иттилои девони вазирони Қирғизистон... Читать дальше...

Вазъи фавқулода дар Қазоқистон то 11 май тамдид мешавад

Ozodi.org 

Сомонаи расмии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев изҳороти ӯро нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, вазъи фавқулода дар ин кишвар то 11-уми майи соли равон дароз карда мешавад. Ба гуфтаи Тоқаев, давраи авҷи мубталошавӣ ба коронавирус ҳанӯз сипарӣ нашудааст ва хатари аз назорат берун шудани вазъ дар Қазоқистон вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир вазъ дар минтақаҳои Қазоқистон гуногун буда, дар баъзе аз онҳо шумори мубталоён афзоиш меёбад. "Бо назардошти вазъи мавҷуда ва пешниҳоди комиссияи давлативу коршиносон тасмим гирифтам... Читать дальше...

Google ба Узбекистон 85 ҳазор евро андоз пардохт

Ozodi.org 

Ширкати Google ба Узбекистон барои семоҳаи аввали соли ҷорӣ 85 ҳазор евро андоз аз арзиши иловашуда ё НДС пардохт. "То имрӯз тавассути дафтарҳои андоз аз арзиши иловашуда дар Узбекистон ба ҳайси андозсупорандагони довталаб 9 ширкати хориҷӣ сабт шудааст",-хабар медиҳад Кумитаи давлатии андози Узбекистон. Ширкатҳои мазкур аз инҳо иборатанд: Google Commerce Limited, Google Ireland Limited, Google Voice Inc, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Samsung Electronics Co.... Читать дальше...


Музыкальные новости
Игорь Бутман

ЖКП: музыкант Игорь Бутман описал Пугачеву тремя буквами





Rss.plus
Спартак

"Спартак" обыграл "Краснодар" и продлил беспроигрышную серию до 7 матчей при Слишковиче




Примадонна оперной сцены Хибла Герзмава споет в ...

Отключения горячей воды начнутся в Москве с 20 мая

Задержанный в Москве голым американец извинился за свое поведение

Государственный Кремлёвский оркестр наградили Орденом «Святых Равноапостольных Кирилла и Мефодия»




Хароҷоти низомии кишварҳои ҷаҳон дар соли 2019 афзоиш ёфт

Ozodi.org 

Як пажӯҳишгоҳи масоили амниятии воқеъ дар Шведсия мегӯяд, харҷи низомии ҷаҳонӣ соли 2019 ба нишондоди рекордии 1,92 триллион доллар баробар шуда, азимтарин нишондод дар даҳ соли гузашта ба шумор меравад. Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сулҳи байналмилалии воқеъ дар Стокҳолм (SIPRI) рӯзи 27 апрел гуфт, ки панҷ кишвари аслӣ – ИМА, Чин, Ҳинд, Русия ва Арабистони Саудӣ 62 дарсади ҳаҷми умумии харҷҳои  низомиро дар соли 2019 анҷом додаанд. Дар қиёс бо соли 2018 харҷҳои низомӣ 3,6 дарсад афзуда аз соли 2010 ба ин сӯ ин мизони азимтарини хароҷот будааст. Читать дальше...

Эътирози ВКХ-и Тоҷикистон ба филми қазоқии "Патрул"

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел бо ирсоли  ёддоште ба Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, хостори "аз лиҳози ҳуқуқӣ баҳо додани фаъолияти маркази продюссерии "B.A.S production" ва Канали телевизиони мустақил (НТК) -- фармоишгари силсилафилми қазоқии "Патрул", шудааст.  Ахиран наворҳое аз ин силсилафилм дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид. Дар як пораи ин силсилафилм сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон бо як чеҳраи олуда зоҳир мешавад, ки гӯё ба ҷуз забони модарии худ ҳеҷ забонро... Читать дальше...

Русия содироти ғалладонаро муваққатан бозмедорад

Ozodi.org 

Вазорати кишоварзии Русия рӯзи 26 апрел эълон кард, ки содироти ғалладонаро то 1 июл муваққатан бозмедорад. Тасмими мазкур бар хилофи ҳушдорҳои созмонҳои байналмилалӣ гирифта шуд, ки аз кишварҳо даъват кардаанд занҷираи таъмини маводи ғизоро дар марҳилаи пандемияи Ковид-19 халалдор накунанд. Вазорат гуфт, ки тасмими  Русия ба интиқоли гандум, ҷуворимакка, ҷавдор, ҷав ва ҷав, ки омехтаи гандум ва ҷавдор мебошад, таъсир расонидааст. Дар изҳороти вазорат ҳеҷ ишорае ба пандемияи коронавирус карда намешавад... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

В Пушкинский день театр кукол «Ульгэр» выступил в райцентре Ресрублики Бурятия: Россия и Культура, Дети




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Москве пройдет Братский кубок с "Динамо", ЦСКА и сербскими "Партизаном" и ОФК

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)


Новак Джокович

Первая ракета мира Джокович получил бутылкой по голове после матча в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Game News

Badlands Champions 1.5.141



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России