Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Новости за 11.04.2020



Карантин дар Маскав сахттар ва ҳаракат бо иҷозатнома хоҳад шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шаҳрдории Маскав аз 13-уми апрел карантини вобаста ба сирояти коронавирусро шадидтар карда, реҷаи ҳаракат бо иҷозатнома ё “пропуск”-ро ҷорӣ мекунад. Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, сабаби сахттар кардани карантин афзоиши шумори беморони илтиҳоби шуш ё пневмония аст. Ӯ гуфт, “иҷозатномаи ҳаракат аз ночорӣ аст. Вақте сухан аз ҳифзи тандурустии мардум меравад, интихоб нест. Мо мебинем, ки баъзеҳо тақозои низоми гӯшанишиниро иҷро намекунанд. Аз ҳафтаи ояндаи низоми ҳаракат бо иҷозатнома қадам... Читать дальше...

Сокинони Кӯлоб мегӯянд, аз бонкҳо доллар гирифта наметавонанд

Ozodi.org 

Бархе аз сокини минтақаи Кӯлоб шикоят доранд, ки рӯзҳои охир аз бонкҳо доллари амрикоӣ гирифта наметавонанд. Намояндагони баъзе аз бонкҳо вуҷуди мушкилро тасдиқ карданд. Валӣ Раҳимов, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, рӯзи нӯҳуми апрел натавонист аз бонкҳои минтақа сад доллар бихарад. “Аз як нафар сад доллар қарз гирифта будам, талаб дорад, ки доллар диҳам. Ба бонкҳо рафтам, ба намояндагии бонкҳои "Эсхата", "Ориёнбонк", ташкилоти қарзии "Имон Интернешнл" ва Бонки аввалини молиявӣ. Гуфтанд, ки доллар надоранд”, - афзуд ӯ. Читать дальше...

"Фароз" иддао дорад, ки дигар нест. Ҳукумат ба ширкати набуда чӣ гуна замин дод?

Ozodi.org 

Як намояндаи “Фароз” иддао дорад, ки ширкат расо як моҳ пеш, 11-уми март расман барҳам хӯрдааст. Расо дар рӯзе, ки ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор ба ин ширкат дар қаламрави шаҳри Душанбе барои сохтмони бозори масолеҳи сохтмонӣ 4,96 гектар замин ҷудо кард.

Радиои Озодӣ аз Қирғизистон шарҳи таҳдид ба хабарнигорро хост

Ozodi.org 

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз мақомоти Қирғизистон талаб кард, ки иддаои як афсари собиқи гумруки ин кишварро таҳқиқ кунанд. Эмилбек Кимсанов дар наворе гуфт, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов аз ӯ хоста буд, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Прага Алӣ Токтакуновро "зинда ё мурда" ба наздаш барад. Санаи сабти видео маълум нест. Наворро рӯзи 10-уми апрел Мария Заворотняя, ҳамсари Эмилбек Кимсанов, дар Фейсбук гузошт. Дар ин видео Кимсанов мегӯяд... Читать дальше...



Эрон ба соҳибони "касбу кори камхатар" иҷозаи фаъолият дод

Ozodi.org 

Мақомоти Эрон гуфтанд, ба соҳибони касбу кори камхатар дар шароити коронавирус дубора иҷозаи фаъолият доданд, аммо ин иқдом шаҳри Теҳронро дар бар намегирад. Ин тасмим рӯзи 11-уми апрел эълон шуд.  Хабаргузории расмии ИРНА гузориш дод, ки раисҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ аз шаҳрвандон хостааст, бо риояи тавсияҳои пизишкон аз густариши коронавирус ҷилавгирӣ кунанд. Хабаргузории "Тасним" гузориш дод, ки иттиҳодияи тиҷоратии Эрон рӯйхати корҳои камхатарро дар шароити коронавирус ба ҳукумат пешкаш кардааст. Читать дальше...

$10 миллион ҷоизаи Амрико барои маълумот дар бораи Кавсаронӣ

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои пешниҳоди маълумоте, ки ба боздошти як фармондеҳи баландпояи шохаи низомии "Ҳизбуллоҳ" кумак кунад, 10 миллион доллар ҷоиза таъин кард. Муҳаммад Кавсаронӣ бо Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи кушташудаи нерӯи қудси Эрон дар Ироқ, ҳамкорӣ доштааст. Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, дар ивази дарёфти иттилоот дар мавриди фаъолият, шабакаҳову ҳамкорони Кавсаронӣ подоши молӣ мепардозад. Дар идома омадааст, Кавсаронӣ дар ҳамоҳанг кардани гурӯҳҳои шӯришии зери ҳимояти Эрон дар Ироқ нақши калидӣ доштааст. Читать дальше...

Раҳбарони ниқобпӯши ҷаҳонро мешиносед?

Ozodi.org 

Пӯшидани ниқоби тиббӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар аксар кишварҳои ҷаҳон ҳатмӣ аст. Маркази назорати бемориҳо дар Амрико ба сокинони ин кишвар машварат дод, ки дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқоб ва ё маводи ҳифозатии роҳҳои нафас бигарданд. Президент Доналд Трамп гуфт, эҳтимол машварати ин муассисаро риоя нахоҳад кард. Раҳбарони дигар дар саросари ҷаҳон, баръакс, чунин машваратро ҷиддӣ гирифтанд. Оё Шумо номи даҳ президент ё нахуствазири ниқобпӯшро номбар карда метавонед ва оё... Читать дальше...

Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз вирус гузаргоҳҳои марзиро баст

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус гузаргоҳҳои марзиро бастанд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то ҳол дар кишвар ягон мавриди гирифтории сокинон ба коронавирус ошкор нашудааст. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳама гузаргоҳҳои марзӣ дар кишвар барои даромаданд ва берун рафтани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд баста шудаанд. “Гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон то ба эътидол омадани вазъият баста мемонанд”... Читать дальше...

Амрико ба Тоҷикистон 56 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак кард

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳида тавассути Оҷонси Амрико дар умури рушди байналмилалӣ ба Тоҷикистон беш аз 56 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ кумак кард. Ин ёрӣ аз ҷумла ба шаҳрвандоне равона шудааст, ки дар карантин ҳастанд.  "Дар доираи барномаи "Маҳсулоти ғизоӣ ба номи сулҳ"-и USAID ба маблағи беш аз 171 ҳазор доллар ба Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ кумак карда шуд", - омадааст дар хабари сафорати Амрико дар Тоҷикистон. Ба навиштаи хабаргузориҳо, кумаки мазкур ба муассисаҳои тиббии зидди сил, бемориҳои онкологӣ, равонӣ... Читать дальше...

Кобул истирдоди раҳбари шохаи ДОИШ-ро ба Исломобод рад кард

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дархости Покистонро дар мавриди истирдоди Абдулло Оракзай, машҳур бо номи Аслам Форуқӣ, раҳбари як шохаи гурӯҳи тунгарои "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро рад кард. Дар иттилоияи вазорат аз 10-уми апрел гуфта шудааст, ки "Афғонистон бо Покистон созишномаи истирдоди гунаҳкорону муттаҳамонро надорад ва, бинобар ин, Форуқӣ тибқи қонунҳои Афғонистон муҳокима мешавад". Мақомоти Вазорати умури хориҷии Покистон мегӯянд, дархости таслим кардани Форуқиро рӯзи 9-уми апрел ба сафири Афғонистон дар Исломобод супурданд. Читать дальше...

Марги беш аз 100 000 нафар бар асари олудагӣ ба коронавирус дар ҷаҳон

Ozodi.org 

Шумори қурбониёни бемории ҳамагири КОВИД-19 дар ҷаҳон аз 100 ҳазор нафар бештар шуд. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, рӯзи 11-уми апрел теъдоди фавтидагон аз марзи 102 ҳазор нафар фаротар рафт. Беш аз 1 миллиону 700 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин беморӣ мубталоянд. Зиёда аз 370 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.  Итолиё беш аз 18 800, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 18 700 ва Испания беш аз 16 ҳазор қурбонӣ додаанд. Дар Амрико сирояти беш аз ним миллион нафар ба коронавирус тасдиқ шуд. Бовар меравад... Читать дальше...

"Ошӯб" ва ҳамлаи нирӯҳои вижа. Дар зиндони Иркутск чӣ гузашт?

Ozodi.org 

Фаъолони ҳуқуқи башар аз ҳамлаи нирӯҳои вижаи Русия ба зиндони рақами 15 дар вилояти Иркутск хабар доданд. Созмони ғайриҳукуматии дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфт, зиндониён шаби 9-уми апрел, баъди ба иддаои онҳо латту кӯб шудани маҳбусе аз ҷониби зиндонбон, даст ба эътироз заданд. Бар асоси гузоришҳо, ин зиндонӣ пас аз латту кӯб шудан талош кардааст, худкушӣ кунад. Мақомот мегӯянд, ҳодиса замоне рух дод, ки як зиндонӣ ба як муҳофиз ҳамла кард. Ба гуфтаи онҳо, вазъияти зиндонӣ зери назорат аст. Гузориш шудааст, ки зиндонбон муолиҷа мегирад. Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганта и Смехова исключили из концерта памяти Окуджавы: Вдова барда извинилась - в том числе, за проведение события




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

В Москве пройдет Братский кубок с "Динамо", ЦСКА и сербскими "Партизаном" и ОФК

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)


WTA

Виктория Азаренко пробилась в четвертьфинал турнира WTA в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России