Ҳушдор аз пурзӯршавии карантин ва маҳдудиятҳо дар Ӯзбекистон
Нозири давлатии беҳдоштии Узбекистон Нурмат Отабеков дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд сокинонро ҳушдор дод, ки агар қоидаҳои ҷориро риоя накунанд, ба иллати сахттар шудани маҳдудиятҳо дубора ба карантини хонагӣ гирифта хоҳанд шуд. "Дар Узбекистон карантин идома дорад. Ягон кас онро бекор накардааст ва нафаре ҳам кафолат намедиҳад, ки дар атрофи мо мубталоёни коронавирус нестанд. Мутаассифона, вақтҳои охир гирифторони вирус дар миёни сокинон, яъне миёни онҳое ошкор мешавад, ки дар карантин нестанд. Читать дальше...