Ҷеенбеков дар Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунад
Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷашнҳои бахшида ба 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ дар шаҳри Маскави Русия ширкат мекунад. Дар ин бора Толгонай Стамалиева, котиби матбуотии раиси ҷумҳури Қирғизистон хабар дод. Пештар аз ин расонаҳои Русия ҳам навиштанд, ки Ҷеенбеков дар Ҷашни Ғалаба ширкат хоҳад кард. Владимир Путин, президенти Русия эълом кард, ки Ҷашни Ғалаба 24 июн таҷлил шавад. Вай ҳамзамон ба зердастонаш дастур дод, ки омодагӣ бинанд. Ҷашни Ғалаба ҳамасола 9 май таҷлил мешуд... Читать дальше...