Дар Қазоқистон истеҳсоли ваксинаи русии зидди КОВИД-19 оғоз мешавад
Дар Қазоқистон сар аз 22 декабр истеҳсоли ваксинаи русии "Sputnik V" зидди коронавируси нав оғоз хоҳад шуд. Дар ин бора баъди мулоқоти президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев бо сарвазири ин кишвар Аскар Мамин хабар дода шуд. "Ба раҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки тибқи созиши ӯ бо президенти Русия Владимир Путин 22 декабри соли равон истеҳсоли ваксинаи русии "Sputnik V" зидди коронавирус дар Қазоқистон оғоз хоҳад шуд", - хабар додааст Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд... Читать дальше...