Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2021

Новости за 15.01.2021

Акмалиддин Каримов: Орзуи ман қаҳрамони ҷаҳон шудан аст. ВИДЕО 

Ozodi.org 

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сербистон медали нуқра ба даст овард, ки ин натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар риштаҳои ғайриолимпӣ дар соли 2020 мебошад.

Акмалиддин Каримов: “Орзуи ман қаҳрамони ҷаҳон шудан аст”

Ozodi.org 

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сербистон медали нуқра ба даст овард, ки ин натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар риштаҳои ғайриолимпӣ дар соли 2020 мебошад.

"Набаранд кӯдакони моро, барои чӣ мебаранд?" ВИДЕО

Ozodi.org 

Пешниҳодҳо барои ислоҳи Қонуни оила ба порлумон, ки ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ ва модариро барои “даллаҳо” ва соҳибони фоҳишахонаҳоро пешбинӣ мекунад, аз ҳама зиёдтар занони танфурӯшро нигарон кардааст.



Тоҷикистон гуфт, ки дар як соли раисиаш дар СҲШ чӣ кор мекунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, ки кишвар дар як соли раёсаташ дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бештар масоили рафъи оқибатҳои пандемияи COVID-19 барои кишварҳои узвро матраҳ мекунад.

Дар Тоҷикистон замимаи "Раҳнамои муҳоҷир" фаъол шуд

Ozodi.org 

Бори нахуст барои муҳоҷирони кории тоҷик замимаи мобилии “Роҳнамои муҳоҷир” таҳия шудааст.Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бовар дорад, ки тавассути ин замима муҳоҷироне ки асосан дар Русия ҳастанд, метавонанд аксари мушкилоти худро ҳал кунанд. Гузориши Барот Юсуфӣ.

СPJ аз Русия хост, ки таҳдид ба хабарнигоронро бас кунад

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз ҳукумати Русия хост, қонуни баҳсбарангез дар бораи маъмурони хориҷиро беэътибор кунад ва нагузорад, ки Роскомнадзор барои таҳдиду озори хабарнигорон ва сензура истифода шавад.



Эрон озмоиши силоҳи баллистикиро барпо кард

Ozodi.org 

Дар пасманзари фишорҳои ИМА болои Теҳрон, дар Эрон машқҳои низомӣ бо истифода аз силоҳҳои баллистикӣ баргузор шуд. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 15-уми январ гуфт, ки нирӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар як минтақаи биёбонии кишвар чанд мушаки баллистикии навъи “Замин ба замин”-ро озмоиш кард. Дар ин машқҳо мушакҳои навъи “Зулфиқор” ва “Дезфул”, ҳамчунин дронҳои бомбафкан санҷида шуданд. Ҳафтаҳои охир бо наздик шудани мӯҳлати анҷоми раёсатҷумҳурии президенти ИМА Доналд Трамп, машқҳои низомии Теҳрон афзоиш ёфтааст. Читать дальше...

Дар Узбекистон сокинон зидди дарахтбурӣ эътироз карданд

Ozodi.org 

Наздики 200 сокини маҳаллаи "Буюк Турон"-и шаҳри Қаршии Узбекистон ба тасмими мақомот дар бораи буридани дарахтон эътироз карданд. Сокинон субҳи 13-уми январ бо истифода аз дарахтҳои буридашуда роҳи мошингардро бастанд. Сокинон аз он норозианд, ки мақомот мехоҳанд 12 га дарахтони мевадиҳанда ва сояафканро ба хотири бунёди корхона аз байн баранд. Шоҳидон гуфтанд, шаҳрдорӣ бо ҳудуди 20 тан аз кормандони мақомоти қудратӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва роҳро тоза карда, 3 занро аз шумори эътирозгарон ба идораи пулис бурд. Читать дальше...

СММ аз гармии рекордии ҳавои сайёра дар соли 2020 хабар дод

Ozodi.org 

СММ гуфт, ки соли 2020 гармтарин сол буд, чун ҳарорати ҳаво дар қиёс бо солҳои аз ин пеш ба дараҷаи рекордӣ ва “фоҷеабор” баробар шуд.  Ташкилоти  ҷаҳонии ҳавошиносии вобаста ба СММ (WMO)  рӯзи 14-уми январ дар гузориши нави худ аз паёмадҳои нигаронкунандаи   тағйироти ҳаво ба саломатии инсон ва сайёра ҳушдор додааст. Созмони воқеъ дар Женева гуфт, ки агар соли 2016-ро аз назари гармии ҳаво рекордӣ мегуфтанд, соли 2020 ин рекордро зад.  Муҳаққиқон дар гузориш навиштаанд, ки соли 2020 ба ҳисоби миёна... Читать дальше...

Аз дӯстию ҳамкорӣ то даъвои “фурӯбарии Тоҷикистон”. Нигоҳе ба матолиби расонаҳои Чин

Ozodi.org 

Чанде аз хабаргузориҳои Чин дар авоили моҳи январ дигарбора дар мавзӯи заминҳои баҳсии Тоҷикистону Чин мақолаҳои нав ба нашр расонданд. Дар ду ҳафтаи ахир дастикам чаҳор матлаб дар ин мавзӯъ бо забони чинӣ расонаӣ шуд.

Аз шӯриши мардумии Тунис 10 сол пур шуд

Ozodi.org 

Дар кишвари Тунис 10-солагии шӯриши мардумӣ, ки боиси суқути  раҳбари худкомаи он ва тавсеаи “Баҳори Араб” дар дигар нуқоти минтақа шуд, рӯзи 14-уми январ бо сабаби пандемияи коронавирус дар шароити маҳдуд таҷлил гардид. Маконе, ки соли 2011 маркази эътирозҳои мардумӣ гардид, имсол холӣ буд ва полис посгоҳҳо гузошта санади мардумро месанҷид. Дар ҳодисаҳои 10 соли  пеш, баъди он ки  як тоҷири хурди хиёбонӣ Муҳаммад Буазиз бо нишони эътироз аз вазъи иқтисодиву иҷтимоиаш худкушӣ кард, эътироз бархост... Читать дальше...

Президенти Булғористон интихоботро ба 4 апрел таъин кард

Ozodi.org 

Румен Радев, президенти Булғористон эълон кард, ки 4-уми апрел дар ин кишвар интихоботи навбатии парлумонӣ баргузор мешавад. Радев мунаққиди ҳукумати нахуствазири муҳофизакор Бойко Борисов аст ва дар даъвати пешинаш хост, ки интихобот 28-уми март баргузор шавад. Баъди  музокирот бо ҳизбҳои сиёсӣ Радев интихоботро ба як ҳафта баъдаш таъин кард. Ин кишвари фақири аврупоӣ чандин моҳ аст, ки шоҳиди эътирозҳо бо талаби истеъфои ҳукумат мебошад, вале нахуствазири он Бойко Борисов то ҳол даъватҳои истеъфоро рад кардааст. Читать дальше...

Сарвазири нави Қирғизистон баъди савгандёдкунии президент маълум мешавад

Ozodi.org 

Эътилофи аксарияти порлумони Қирғизистон то ҳол номзадии ҳеч касро ба мақоми сарвазирии он кишвар пешниҳод накардааст. Раиси эътилоф Исо Омурқулов рӯзи 14-уми январ дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, номзад ба мақоми сарвазирӣ баъди савгандёдкунии президенти тозаинтихоб пешниҳод мешавад. "Президент интихоб шуд. Баъди маросими савгандёдкунии ӯ бояд номзадӣ ба мақоми сарвазирӣ расман пешниҳод шавад. Бар асоси Конститусия, номзадро эътилофи аксарияти порлумонӣ пешниҳод мекунад. Дар... Читать дальше...

Шумори талафоти ҷонӣ бар асари COVID-19 ба 2 миллион нафар наздик мешавад

Ozodi.org 

Талафоти ҷонӣ бар асари COVID-19  дар саросари ҷаҳон ба  2 миллион нафар наздик мешавад ва ин ҳолат эҳтиёҷи суръат бахшидани барномаи эмкуниро бар зидди коронавирус ба вуҷуд овардааст. Шумори талафоти ҷонии тасдиқшуда аз COVID-19 то рӯзи 14-уми январ 1 миллиону 993 ҳазору 146  нафарро ташкил дод. Афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ бар асари коронавирусро бо таҷлили дастаҷамъии идҳои Милоди Масеҳ ва Соли нав рабт медиҳанд, ки бо  вуҷуди ҳушдорҳои мақомот барои худдорӣ аз ҷамъшавии зиёди мардум, бисёриҳо ин даъватро нодида гирифтанд. Читать дальше...

Чаро музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон ба таъхир афтод?

Ozodi.org 

Гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон, ки қарор буд дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шавад, ба таъхир афтодааст. Хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ҳарду тараф мунтазиранд, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури нави Амрико дар робита ба Афғонистон чӣ сиёсатеро пеш мегирад.

Дар Амрико зиндоние, ки дар куштори 11 нафар даст дошт, қатл шуд

Ozodi.org 

Дар Амрико як қочоқчии маводи мухаддиро пас аз оне, ки Додгоҳи олӣ дархости муолиҷаи ӯро аз бемории COVID-19 рад кард, рӯзи 14-уми январ қатл карданд. Кори Ҷонсони 52 сола бо воситаи тазриқи марговар дар зиндони федералии иёлоти Индиана барои силсилаи кушторҳояш дар соли 1992 ба қатл расонда шуд. Ҷонсон 12-ум зиндоние аст, ки дар як соли гузашта ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эъдом кард. Иҷрои ҳукми қатл дар ин кишвар 17 сол боздошта шуда буд ва соли гузашта аз сар гирифта шуд. Вакилони мудофеи Ҷонсон иддао карда буданд... Читать дальше...

Нигаронии FBI аз эҳтимоли хушунат дар остонаи савгандёдкунии Байден

Ozodi.org 

Раҳбари Бюрои Федеролии тафтишот (FBI) аз эҳтимоли хушунат дар остонаи маросими савгандёдкунии президенти мунтахаб Ҷо Байден, ки 20-уми январ барпо мешавад, изҳори нигаронӣ кард. Кристофер Рей, раҳбари FBI рӯзи 14-уми январ гуфт,  мутахассисони ин созмон чандин муколамаи интернетиро ошкор кардаанд, ки дар онҳо аз даъват ба эътирозҳои мусаллаҳона сӯҳбат мешавад. Рей гуфт, ки ин ҳама муколамаҳо аз назари таҳдид ба амният мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, тахминан 200 нафар дар андешаи ташкили ҳамлаи монанд ба бинои Конресс мебошанд.


Музыкальные новости
Антонио Вивальди

30 мая «Времена года» Антонио Вивальди прозвучат в Эрмитаже





Rss.plus
Яндекс

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы




Почти 3 тыс. жителей подмосковной Ивантеевки переедут в квартиры по реновации

Приглашаем на мероприятие в Симферополе в честь официального открытия!

Совместный клип со Звездой.

СК: в Подмосковье задержали 15 фигурантов дела о незаконной миграции




Кореяи Шимолӣ дар паради низомӣ мушакҳои навро намоиш дод

Ozodi.org 

Дар остонаи маросими савгандёдкунии Ҷо Байден дар ИМА, ки 20-уми январ баргузор мешавад, Кореяи Шимолӣ як мушаки баллистикии киштиҳои зериобиро муаррифӣ кард. Дар аксҳое, ки рӯзи 14-уми январ дар матбуоти расмӣ нашр шуданд, раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун дар майдони марказии Ким Ир Сен дида шуд, ки  табассум мекард. Дар парад ё гашти низомӣ сарбозон, танкҳо, мушакандозҳо ва чанд мушаки кӯтоҳпарвози баллистикиро  намоиш доданд, ки ба қавли матбуоти давлатӣ “силоҳҳои бисёр муқтадири ҷаҳонӣ” мебошад. Читать дальше...

Зилзила дар Индонезия боиси марги 35 нафар шуд

Ozodi.org 

Зилзилаи шадиди рӯзи 15-уми январ дар ҷазираи Сулавеси боиси марги ҳади ақал 35 нафар ва ҷароҳат бардоштани садҳои дигар гаштааст. Дар ин бора мақомоти расмии Индонезия хабар доданд. Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи геологии Амрико, зилзила бо нерӯи 6,2 бал бо ҷадвали Рихтер дар 36 километрии ҷануби ноҳияи Мамуҷу дар Сулавесии ғарбӣ рух додааст. Дар натиҷа ҳазорон одам дар нимаи шаб манзилҳои зисти худро тарк кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, зилзила ва пасларзишҳо боиси қатъ шудани нерӯи барқ шуда, пулҳо, 60 хона... Читать дальше...

Байден аз барномаи азими кӯмакҳо дар шароити пандемияи COVID-19 хабар дод

Ozodi.org 

Президенти мунтахаби Амрико Ҷо Байден аз як барномаи азими кӯмакҳо хабар дод, ки ба гуфтааш, дар вокуниш ба бӯҳрони пандемияи коронавирус қабул мешавад. Байден, ки 20-уми январ савганд ёд мекунад, вазъи кунунӣ бо пандемияро «бӯҳрони талафоти ҷонӣ» номид ва гуфт, ки набояд вақтро аз даст дод. Барномаи 14-уми январ муаррифишуда сармоягузории маблағҳо ба барномаи эмкуниро пешбинӣ мекунад. Буҷаи ин барнома 415 миллиард долларо барои воксинаҳо, 1 триллион долларо барои кӯмак ба хонаводаҳо ва 440 миллиард... Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон бо Урдун ду бозии дӯстона анҷом медиҳад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» муқобили мунтахаби Муғулистон бо тими миллии Урдун ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Узбекистон барқарор шудааст

Ozodi.org 

Миёни Тоҷикистону Узбекистон парвозҳои доимӣ барқарор шуданд. Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ гуфтааст, ин парвозҳо ҳафтае якборӣ аз ҷониби ширкатҳои "Узбекистон ҳаво йуллари" ва "Сомон Эйр" анҷом мешаванд.

Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ба иштирок дар ғасби Капитолия айбдор мешавад

Ozodi.org 

Додгоҳи федеролии Вашингтон дар доираи парвандаи ҳамлаи ҷонибдорони президенти ИМА Доналд Трамп ба бинои Конгресс зидди қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба шиноварӣ Клит Келлер айб эълом кардааст. Бино ба хабари ESPN, узви пешини мунтахаби ИМА дар ғайриқонунӣ даромадан ба бино, ҳамла ба ҳудуди Капитолия ва монеа эҷод кардан ба кори маъмурони пулис дар ҷараёни бетартибиҳо айбдор мешавад. Клит Келлер бар асоси аксҳо аз рафти ҳамла шиносоӣ шудааст. Ӯ баъди ин ҳодиса саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоиро баста, тамосҳо бо худро низ қатъ кардааст. Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о роли несырьевого экспорта в российской экономике


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Московскому метрополитену исполнилось 89 лет



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Диана Арбенина

Хедлайнером GARAGE FEST Игора Драйв станут Диана Арбенина и «Ночные Снайперы»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


ATP

Стало известно, при каком условии Медведев может опуститься на 5-е место рейтинга ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Диана Арбенина

Диана Арбенина и группа «Ночные снайперы» выступят на GARAGE FEST 2024



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России