Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2021

Новости за 26.01.2021

Муттаҳиди Путин хост, Навалнийро ба зидди Русия истифода накунанд. Эътирозҳои бештар дар пеш аст

Ozodi.org 

Муттафиқи деринаи Владимир Путин, президенти Русия, ба Ғарб ҳушдор дод, ки аз пешвои мухолифин Алексей Навалний барои "бесубот" кардани Русия истифода накунад.

Аз набудани коронавирус то танқиди бахши энержӣ. Паёми Раҳмон ба порлумон

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ дар паёми имсолааш асосан ба масъалаҳои тандурустӣ, барқ, роҳ ва мактабу маориф таъкид кард. Ҳарчанд коршиносон гуфтанд, баъзе аз масъалаҳое ба мисли муҳоҷират ва мушкили онҳо зиёд аз сӯи президент садо надод.



Ҳушдори мақомот ва омодагиҳои охирин ба кушодани масҷидҳо дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

То замони фаъолияти масҷидҳо дар Тоҷикистон панҷ рӯзи дигар мондааст, аммо мақомот аз ҳоло гаштаву баргашта ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дари ибодатгоҳҳоро дигарбора мебанданд.

Масҷидҳои Тоҷикистон ба намозҳои дастҷамъӣ омода мешаванд

Ozodi.org 

Масҷидҳои Тоҷикистон барои қабули намозгузорон омода мешаванд. Масъулини масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта мегӯянд, намозгузорон бояд чанд қоидаи беҳдоштиро ҳатман риоя кунанд. Ҳафтаи гузашта Ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон ба намозгузорӣ дар масҷидҳо сар аз 1-уми феврали имсол иҷозат дод.

Дастур барои боло бурдани стипендия ва нафақа. Таваррум чӣ мегӯяд?

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон амр дод, ки  шурӯъ аз моҳи сентбяри соли 2021 андозаи  стипендияи донишҷӯён 30 дарсад, нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ 20 фоиз ва маъюбони гуруҳи якум 50 дарсад боло бардошта шавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳини ироаи паёми солонааш  ба порлумони кишвар рӯзи 26 январ дар ин замина ба   ҳукумат дастур дод. Дар ин суханронӣ раисҷумҳур аз ҷумла гуфт, нафақаи маъюбон мутобиқ бо  қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»   баланд бардошта шавад Айни замон, ба иттилои Оҷонсии  суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон... Читать дальше...

Доналд Трамп дар Флорида дафтари кории худро боз кард

Ozodi.org 

Доналд Трамп, ки 20-уми январ салоҳиятҳои кориаш дар мақоми президенти ИМА ба анҷом расид, дар аёлати Флорида дафтари кории худро боз кард. Ёварони Трамп дар иттилоияие хабар доданд, ки ин дафтари корӣ бо танзими мукотибаҳо, ташкили суханрониҳо, баромадҳои ӯ ба ҳайси собиқ президенти ИМА ва ташвиқи дастовардҳои маъмурияти пешинааш  машғул хоҳад буд. Хабар рӯзи душанбе нашр шуд. Ин ҳамон рӯзе буд, ки Маҷлиси намояндагони Конгресс ба Сенат – палатаи болоӣ қарори импичменти Трампро таслим кард ва... Читать дальше...

"Мушкил нест, бояд як сафсаттаро батакрор навиштаву паҳн кунӣ". "Фабрикаи троллҳо" чӣ гуна кор мекунад?

Ozodi.org 

Сергей К. пештар дар ФАН ё Оҷонси интернетии таҳқиқотӣ дар Санкт-Петеребург кор мекард. Ин гурӯҳ бо номи "фабрикаи троллҳо" маълум аст ва онро Евгений Пригожин, ‘’ошпази Путин’’, сарпарастӣ мекунад.



Қарори Трамп дар бораи манъи хидмати сарбозии трансгендерҳо бекор шуд

Ozodi.org 

Президент Ҷо Байден қароре имзо кард, ки амри қисман манъ кардани хидмати сарбозии  трансгендерҳои маҳаллиро бекор мекунад. Зимни имзои ин қарор рӯзи 25-уми январ Байден гуфт, “Коре, ки мекунам, ин имкон медиҳам ҳама  амрикоиҳои қобили хидмат битавонанд бо либоси низомӣ барои кишварашон хидмат кунанд”.   Президенти пешин Доналд Трамп соли 2017 тавассути Твиттер эълон кард, ки ба гурӯҳи трансгендерҳое, ки рӯшод аз ин мавқеи худ дарак медиҳанд, хидмати низомӣ манъ мебошад. Ӯ дар шарҳи қарораш гуфт... Читать дальше...

Кайя Каллас - нахустин зан дар мақоми нахуствазири Эстония

Ozodi.org 

Кайя Каллас аввалин зане шуд, ки дар мақоми нахуствазири Эстония  тасдиқ гардид. Номзадии ӯ дар овоздиҳии парлумон баъди тасдиқи эътилофи нави ҳукумат, ки аз аъзои ҳизби “Ислоҳот”-и марказу ростгаро ва ҳизби чапгарои “Марказ” ташаккул ёфтааст, қабул шуд. Дар парлумони иборат аз 101 узв аъзои ҳукумати нав  59 курсиро ишғол мекунанд. Ҳукумати нав  бар ивази ҳукумати пошхӯрдаи пешин сари кор омад, чун  дар авҷи моҷарои фасод водор шуд тарки мақом кунад. Ин моҷаро ба ҳузури  ҳизби ростгарои EKRE дар эътилофи ҳукуматӣ хотима гузошт. Читать дальше...

Шиновари тоҷик дар Қазон барои дарёфти роҳхати олимпӣ омодагӣ мебинад

Ozodi.org 

Саддам Рамзиёрзода, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ, дар ҷамъомади семоҳаи таълимию тамринӣ, ки дар шаҳри Қазони Русия, дар Маркази рушди Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA), доир шудааст, ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи миллии шиноварии кишвар дар доираи Барномаи бурсияи FINA, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Саддам... Читать дальше...

Сенат барои номзадии Блинкен дар мақоми котиби давлатии ИМА овоз медиҳад

Ozodi.org 

Рӯзи 26-уми январ Сенати Амрико барои тасдиқи номзадии Энтони Блинкен ба мақоми котиби нави  давлатии ИМА овоз медиҳад. Раҳбари аксариятҳои Сенат Чак Шумер (демократ аз Ню-Йорк) овоздиҳиро баъди он таъин кард, ки дар Кумитаи равобити хориҷии Сенат 25-уми январ аксар аъзояш ба тарафдории тасдиқи номзади президент Ҷо Байден мувофиқат карданд. Интизор меравад, ки аз Блинкен намояндагони ҳарду ҳизби сиёсӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ кунанд. Аксар вакилон, аз ҷумла ҷумҳурихоҳҳо, тақозо карданд, ки тасдиқи номзадии Блинкен дар фурсати кӯтоҳ сурат гирад... Читать дальше...

Байден аз тарзи бархӯрд бо Навалний “бисёр нигарон” аст

Ozodi.org 

Президенти ИМА Ҷо Байден аз саркӯби мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва ҳам эътирозгарон изҳори нигаронӣ кард. Ду рӯз баъди ҳабсҳои дастаҷамъии мухолифони президент Владимир Путин дар саросари Русия ва ҳам зиндонӣ кардани Навалний, Байден рӯзи 25 январ гуфт, ки ӯ аз ин ҳодисаҳо «бисёр нигарон шудааст». Ӯ гуфт, ки ҳанӯз бояд ба қароре бирасад, ки дар посух ба вазъи атрофи Навалний чӣ вокуниш мекунад, вале изҳори умедворӣ кард, ки ИМА ва Русия метавонанд дар бахшҳои мавриди манфиати ду ҷониб кор кунанд. Читать дальше...

Санади ба қонуншиканӣ муттаҳам кардани Доналд Трамп ба Сенат рафт

Ozodi.org 

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи 25-уми январ санади ба қонуншиканӣ муттаҳам кардани раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трампро ба Сенат, палатаи болоии Конгресс пешниҳод карданд. Вакилони мардумӣ Доналд Трампро “ба барангехтани ошӯб” дар рӯзи 6-уми январ муттаҳам мекунанд. Дар он рӯз тарафдорони Доналд Трамп ба бинои Конгресс ҳуҷум бурданд ва ҷаласаи тасдиқи натиҷаҳои интихобот ва пирӯзии Ҷо Байден - рақиби демократи Доналд Трампро баҳам заданд. Дар натиҷаи ҳуҷум ва ҳарҷу марҷи он рӯз 5 нафар, аз ҷумла як афсари пулис кушта шуданд. Читать дальше...

Путин гуфт,"қасре", ки дар таҳқиқоти Навалний зикр шудааст, ба ӯву наздиконаш тааллуқ надорад

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия таҳқиқоти мухолифи рус Алексей Навалнийро дар бораи қасре дар минтақаи Геленҷики Русия шарҳ дод. Путин дар ин бора дар як ҷаласаи видеоӣ бо ҳузури намояндагони донишгоҳҳои он кишвар суҳбат кард. Президенти Русия гуфт, филми таҳқиқотиро ба далели "камбуди вақт" надида, аммо чанд порчаи онро аз назар гузаронидааст. "Аз он чизҳое, ки дар филм ҳамчун амволи ман зикр шудааст, ҳеч кадомашон на ба ман ва на ба наздиконам тааллуқ надоранд ва ҳаргиз тааллуқ надоштанд. Ҳаргиз", - гуфт Путин дар посух ба суоли донишҷӯе. Читать дальше...

Таҳдиди ҷарима ва басташавии чанде аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Рӯзи 25 январ мақомоти андози Қазоқистон ду созмони ҷамъиятиро ба додгоҳ кашида, талаби қатъи фаъолият барои 3 моҳ ва ҷаримаҳои ҳангуфт кардаанд. Пештар созмонҳоеро ҷазои ҳамсон дода буданд, ки ба мониторинги интихоботҳо дар Қазоқистон машғул буданд. Ба ин тартиб, рӯзи 25 январ мақомоти андози шаҳри Алмато созмони иҷтимоии Бюрои байналхалқии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ва "Ташаббуси байналхалқии ҳуқуқӣ"-ро бо баҳонаҳои ҳисоботи молӣ ба додгоҳ кашидаанд. Мақомот аз ин ду созмон дар маҷмуъ бештар аз 4750 доллар ҷарима талаб доранд. Читать дальше...

Натоиҷи нахустин даври марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе 

Ozodi.org 

Дар нахустин даври марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи  Тоҷикистон (ФФТ)-2021 дар минтақаи Душанбе, ки 25-уми январ оғоз ёфт, чаҳор бозӣ баргузор шуд.  Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар гурӯҳи «А» дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода тими «Шоҳмансур»-и Душанберо бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва ССКА-и Душанбе бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Дар гурӯҳи “Б” дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба дарвозаи намояндаи лигаи аввал - «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат - панҷ голи беҷавоб зад. Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон: "80% муҳоҷирон натавонистанд ба хориҷ раванд"

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар соли 2020 бо сабаби баста будани роҳҳо, ҳудуди 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик натавонистаанд ба хориҷ раванд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январ зимни ироаи паём ба порлумон изҳор дошт. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, аз 460 ҳазор муҳоҷири тоҷик, танҳо 111 ҳазори онҳо тавонистанд барои кор ба беруни кишвар раванд. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш берун аз варақ гуфт, чунин вазъ нишон медиҳад, ки дар дохили кишвар метавон муҳоҷиронро дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ ба кор таъмин кард. Читать дальше...

Сафири Эрон дар СММ: "Теҳрон мунтазири аввалин иқдоми дипломатии Ҷо Байден аст"

Ozodi.org 

Сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки Теҳрон барномае барои гуфтугӯ бо ҳукумати Ҷо Байден надорад ва мунтазир аст, ки раиси ҷумҳури нави Амрико гомҳои аввалро барои бекор кардани таҳримҳо ва бозгашт ба созиши ҳастаӣ бардорад. Маҷид Тахтравончӣ рӯзи душанбеи 25-уми август дар нахустин мусоҳибаи худ пас аз сари кор омадани ҳукумати нав дар Амрико, ба шабакаи хабарии NBC гуфт, ки Эрон то ин лаҳза бо ҳукумати нави Амрико сӯҳбат накардааст. Ин дипломати эронӣ сипас дар посух ба ин суол... Читать дальше...

Коргарони як чоҳи нафт дар Қазоқистон бо талаби маоши бештар коршиканӣ карданд

Ozodi.org 

Бештар аз 200 коргари чоҳи нафти Кокжде дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон бо талаби боло бурдани сад дарсадии моҳона рӯзи 25 январ коршиканӣ карданд. Як коргари чоҳ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, моҳона камтар аз 370 доллар маош мегирад, ки ба харҷи рӯзгораш намерасад. "То нисфи рӯз наздики 100 нафар будем, баъди нисфирӯз шумори коргароне, ки ба иқдоми мо пайвастанд, афзуд. Ҳоло бештар аз 200 кас ҳастем. Кор вазнин аст ва маош кам", - гуфт он коргар. Ширкати "КМК Мунай", ки чоҳи вилояти Оқтеппаро дар ихтиёр дорад... Читать дальше...

Раиси пешини КДАМ Қирғизистон баъди иштирок дар интихоботи президентӣ боздошт шуд

Ozodi.org 

Раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон Абдил Сегизбоев дар доираи як парвандаи ҷиноӣ боздошт шуд. Дар Додситонии низомии Қирғизистон гуфтанд, ки Додситонии кулли ин кишвар 14-уми январи соли равон дар асоси шикояти Алмамбет Шикмаматову шахсони дигар бо банди "сӯистифода аз мақом" парванда боз карда, Сегизбоевро ба барқасдона беобурӯй сохтани вакилони вақти порлумон Алмамбет Шикмаматов, Аида Салянова Омурбек Текебоев дар назди сокинон айбдор мекунад. Ба иттилои манбаъ... Читать дальше...

Исроил парвозҳои байналмилалиро як ҳафта манъ мекунад

Ozodi.org 

Исроил аз шоми рӯзи душанбе ҳамаи парвозҳои байналмилалиро ба муддати як ҳафта қатъ мекунад. Дар ин бора сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу рӯзи якшанбе иттилоъ дод. Ба гуфтаи Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил пурра баста шуда, шаҳрвандони ин кишвар танҳо бо сабабҳои "ҳаётӣ" метавонанд хориҷ ё дохил шаванд. Дар Исроил аз оғози пандемияи коронавирус чораҳои сахт ҷорӣ шуда, вуруд ба ин кишвар шадидан назорат мешавад. Иқдоми навбатии мақомоти Исроил низ бозгӯи он аст, ки талош доранд, намуди... Читать дальше...



Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Композитор

Композитор Классической музыки




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


ATP

Теннисист Медведев может спуститься на пятое место в ATP после "Мастерса" в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Москвичка оставила сына-инвалида одного дома и уехала к подруге



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России