Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2021

Новости за 20.01.2021

Ҷо Байден, президенти 46-уми Амрико савганд ёд кард. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Дар пайи як интихоботи ҷанҷолбарангези президентӣ ва давраи гузори пурбаҳсе дар таърихи Амрико, Ҷо Байдени демократ зери чораҳои сахти амниятӣ дар Вашингтон ба ҳайси президенти 46-уми Амрико савганд ёд кард.



Нахустин марказ барои наҷотдиҳандагони Осиёи Миёна дар Тоҷикистон таъсис меёбад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи сешанбеи 19-уми январ дар минтақаи Қаратоғи Тоҷикистон сохтмони нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ дар Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд. Дар ин марказ ҳамзамон наҷотдиҳандагони Афғонистон низ метавонанд таълим бигиранд, зеро офтаҳои табиӣ дар ин кишвар мушобеҳи ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон будааст. Бунёди нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ дар харобаҳои қисми низомии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар масоҳати 28 гектар шурӯъ шуд. Читать дальше...

Қарор содир шуд. Ба фаъолияти масҷидҳо дар Тоҷикистон иҷозат доданд

Ozodi.org 

Ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон эълон кард, ки аз 1-уми феврали имсол ба намозгузории дастҷамъӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа, дар масҷидҳои кишвар иҷозат додааст, аммо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ. Қарор дар ин бора рӯзи 20-уми январ содир шуд.

Тағйири қонуни хидмати ҳарбӣ. Боз чӣ дигар шуд?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон солона то 10 дарсади ҷавонони синни хизмат ба артиш ҷалб мешаванд ва аз ин ба баъд онҳое, ки аз ин берун мемонанд, метавонанд бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд.

Оғози сохтмони нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар Осиёи Миёна

Ozodi.org 

Рӯзи сешанбеи 19-уми январ дар минтақаи Қаратоғи Тоҷикистон сохтмони нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ дар Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд. Дар ин марказ ҳамзамон наҷотдиҳандагони Афғонистон низ метавонанд таълим бигиранд, зеро офтаҳои табиӣ дар ин кишвар монанд ба ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон будааст.



Охирин омодагиҳо ба маросими савгандёдкунии Байден

Ozodi.org 

Дар Вашингтон омодагиҳо ба маросими савгандёдкунии президенти 46-уми Амрико, Ҷо Байден, идома дорад. Нисфирӯзии 20-уми январ Байден ба ҳайси президенти нав сари кор меояд ва даврони раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп ба поён мерасад.

Трамп Кохи Сафедро тарк кард. Байден баъди чанд соат вориди он мешавад. АКС

Ozodi.org 

Дар Вашингтон, дар пайи як маъракаи хеле пурбаҳси интихоботӣ ва давраи гузор дар таърихи Амрико, демократ Ҷо Байден нисфирӯзии 20-уми январ дар Капитол ба ҳайси президенти 46-уми ин кишвар савганд ёд мекунад.

Даъвати Аврупо аз ИМА: Равобити дуҷонибаро таҷдид бикунем

Ozodi.org 

Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо аз ИМА ва ИА хост, ки дар заминаи равобити дуҷониба “як аҳдномаи наве” имзо кунанд. Шарл Мишел чунин даъватро аз Ҷо Байден кард, ки қарор аст имрӯз дар мақоми президенти ИМА савганд ёд бикунад.  ИА ва ИМА қудратҳои азимтарини тиҷоратии ҷаҳонӣ буда, равобити наздики фарҳангиву таърихӣ, тиҷоративу дифоӣ доранд, вале президенти рафтаистода Доналд Трамп Иттиҳоди Аврупоро канор гузошта,  аз ҳайати он  хориҷ шудани Бритониёро пуштибонӣ кардааст. Мишел гуфт, ки “имрӯз вақти он расидааст... Читать дальше...

Баъди чор сол сагҳо ҳам бо соҳибонашон ба Кохи Сафед бармегарданд

Ozodi.org 

Баъди чор сол дар паҳлӯи соҳибонашон сагҳо ҳам ба Кохи Сафед бармегарданд. Ҳамроҳ бо ҳамсарон Ҷо ва Ҷилл Байден рӯзи 20-уми январ ба Кохи Сафед сагҳои онҳо  Меҷор ва Чемп ҳам мекӯчанд. Аз соли 1860 ба ин тараф   Доналд Трамп танҳо президенти Амрико буд, ки на саг, на гурба ва ҳеҷ ҷонвари дигари хонагӣ надошт. Солҳои 1920 президент Келвин Кулиҷ ҳатто енотро ҳамчун ҷонвари хонагӣ дар Кохи Сафед нигаҳ медошт. Меҷор саги овчарка буда, аввалин навъи сагҳои наҷотдиҳанда аст, ки дар Кохи Сафед зиндагӣ хоҳад кард. Читать дальше...

Шурӯи эмкунии оммавии воксинаи чинии Sinopharm дар Сербия

Ozodi.org 

Сербия аввалин давлати аврупоӣ шуд, ки бо истифода аз воксинаи чинии Sinopharm сокинонашро бар зидди COVID-19 эм мекунад. Дар шаҳри Белград навбати калони кормандони соҳаи беҳдошт ва садҳо низомиён саф кашидаанд. Златибор Лончар, вазири беҳдошти Сербия, ки дар пахши зиндаи телевизионӣ аввалин шуда  воксина гирифт,  гуфт, ки ин кор “танҳо роҳи бозгашт ба ҳаёти маъмулӣ аст”. Ӯ воксинаро ҳамчун “бисёр амн” таъриф кард. Воксинаи Sinopharm дар бисёр кишварҳои ғарбӣ баҳсбарангез шуд. Чин ин воксинаи сохтаи... Читать дальше...

Суханронии Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ

Ozodi.org 

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская ҳафтаи ҷорӣ дар Шӯрои амнияти СММ  дар бораи саркӯбҳои идомаёбандаи эътирозгарон ва матбуоти мустақил дар Беларус суханронӣ хоҳад кард. Тими матбуотии Тихановская дар Телеграм-канали худ гуфт, ки дар   суханронии рӯзи 22-юми январ мавзӯи фаъолони зиндонӣ матраҳ хоҳад шуд. Инчунин Тихановская масъалаи шурӯи таҳқиқоти байналмилалии ҷиноятҳои (режими президент Александр Лукашенко)-ро бардошта дар як ҷаласаи расмии Шӯрои амният дар бораи бӯҳрони Беларус суханронӣ мекунад”, омадааст дар хабарнома. Читать дальше...

Чин иттиҳомоти ИМА дар бораи наслкушии уйғурҳоро рад кард

Ozodi.org 

Чин изҳороти ИМА дар бораи дар наслкушии қавми уйғур ва дигар ақаллиятҳо гунаҳгор кардани Пекинро ҳамчун “як пора коғази бекора” рад кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ҳуа Чунйин рӯзи 20-уми январ дар як нишасти матбуотӣ дар Пекин гуфт, ки иттиҳомоти озори гурӯҳҳои аққалияти мусалмон дар вилояти Шинҷони Чин ба шакли наслкушӣ “ҳеҷ гоҳ дар гузашта, имрӯз ва оянда рӯй надодааст ва рӯй нахоҳад дод”. Посухи ӯ дар ҳоле садо дод, ки котиби давлатии амалкунандаи ИМА Майк Помпео Чинро дар “наслкушӣ ва... Читать дальше...

Чин иттиҳомоти ИМА дар бораи наслкушии уйғарҳоро рад кард

Ozodi.org 

Чин изҳороти ИМА дар бораи  дар  наслкушии қавми уйғур ва дигар аққалиятҳо гунаҳгор кардани Пекинро ҳамчун “як пора коғази бекора” рад кард.  Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ҳуа Чунйин рӯзи 20-уми январ дар як нишасти матбуотӣ дар Пекин гуфт, ки иттиҳомоти озори гурӯҳҳои аққалияти мусалмон дар вилояти Шинҷони Чин ба шакли наслкушӣ “ҳеҷ гоҳ дар гузашта, имрӯз ва оянда рӯй надодааст ва рӯй нахоҳад дод”. Посухи ӯ дар ҳоле садо дод, ки котиби давлатии амалкунандаи ИМА Майк Помпео Чинро дар “наслкушӣ... Читать дальше...

Марде, ки имрӯз ба Кохи Сафед мекӯчад. Ҷо Байден кист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъд аз 50 соли фаъолият дар саҳнаи сиёсии Амрико Ҷо Байдени демократ ба курсии прзидентӣ менишинад. Оғози давраи раёсатҷумҳурии ӯ ба замоне рост омадааст, ки Амрико дар бӯҳрони амиқи сиёсӣ қарор дорад.

Котиби ояндаи давлатии ИМА аз созиши қавитари ҳастаӣ бо Эрон гуфт

Ozodi.org 

Номзад ба мақоми Котиби давлатии ояндаи ИМА гуфт, ки маъмурияти ӯ дар фикри эҷоди созиши “дарозмуддат ва қавитар”-и ҳастаӣ бо Эрон хоҳад буд. Энтони Блинкен, ки дидгоҳҳои худро ба сиёсати хориҷии Амрико дар чор соли баъдӣ арзёбӣ мекард, таъкид кард, ки айни замон барои дастёбӣ ба созиш бо Эрон фурсати бештар лозим мешавад. Зимни суханронӣ дар назди Кумитаи умури хориҷии Сенат 19-уми январ Блинкен гуфт, ки баробари ба кор шурӯъ кардани президенти нав ба иқдомҳои Эрон ҳам нигоҳ хоҳанд кард, то бубинанд, ки то куҷо ба ӯҳдадориҳои худ пойбанд аст. Читать дальше...

Шарҳи ҳоли Ҷо Байден, президенти мунтахаби Амрико

Ozodi.org 

Баъд аз 50 соли фаъолият дар саҳнаи сиёсии Амрико Ҷо Байдени демократ ба курсии прзидентӣ менишинад. Оғози давраи раёсатҷумҳурии ӯ ба замоне рост омадааст, ки Амрико дар бӯҳрони амиқи сиёсӣ қарор дорад.


Музыкальные новости
Елена Волкова

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях





Rss.plus
Арцах

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?




Суд в Москве арестовал оскорбившего участников СВО блогера

Что по плану? Тарифы на коммуналку в России вырастут летом

Ребята из Магадана в финале турнира "Будущее зависит от тебя"

Эксперт Гагарин: новые врио губернаторов займутся созданием «экономики победы»




Блинкен: "Ҳайратовар аст, ки Путин аз як одам ин қадар метарсад"

Ozodi.org 

Номзад ба мақоми Котиби давлатии ИМА Энтонӣ Блинкен гуфт, маъмурияти президенти тозаинтихоби ин кишвар Ҷо Байден талошҳои мақомоти русро барои хомуш сохтани мухолифи сарсахти Кремл Алексей Навалний қотеъона маҳкум мекунад. "Сухани онҳо, ки назари миллионҳо шаҳрванди Русия аст, бояд дар ин кишвар шунида шавад", - изҳор дошт Блинкен дар ҷаласае, ки аъзои Кумитаи умури хориҷии Сенат номзадии ӯро баррасӣ мекарданд. Блинкен дар мавриди боздошти Навалний баъди баргашташ ба ватан афзуд, "Ҳайратовар аст, ки Путин аз як одам ин қадар метарсад. Читать дальше...

Дар ИМА ва ИА талафот бар асари COVID-19 аз 400 ҳазор бештар шуд

Ozodi.org 

Дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо шумори талафоти инсонҳо аз  COVID-19 аз 400 ҳазор нафар гузашт. Ин омор дар ҳолест, ки дар ин ду қора талошҳо барои суръат бахшидани ҷараёни эмкунӣ бар зидди коронавирус афзоиш меёбад ва айни замон, нигарониҳо аз зуд паҳн шудани шакли  нави вирус ҳам вуҷуд дорад. Ҷо Байден, ки қарор аст имрӯз ба ҳайси президенти нави ИМА савганд ёд кунад, ваъда додааст, ки барномаи азими эмкунии сокинони ИМА-ро дар авлавияти кори худ қарор медиҳад. Дар маросими гиромидошти хотири қурбониҳои COVID-19... Читать дальше...

Як зан дар Узбекистон мехост, дар эътироз ба мусодира шудани хонааш худро оташ занад

Ozodi.org 

Сокини вилояти Фарғонаи Узбекистон Фотима Усмоноваро, ки 15 январ мехост, ба нишони эътироз худсӯзӣ кунад, ҳамсояҳояш наҷот доданд. Ба гуфтаи Усмоноваи 42-сола, кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистон дар набудани ӯ дари хонаашро шикаста, тамоми чизу чораашро ба кӯча баровардаанд. Усмонова баъди дидани ҳодиса хостааст, худро оташ занад, вале ҳамсояҳояш ӯро нагузоштаанд. Кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистон 15 январ замоне дари хонаи Усмоноваро шикастанд, ки ӯ барои коре ба шаҳри Тошканд рафта буд. Читать дальше...

Баҳси корманди "Эсхата" ва рӯзноманигори тоҷик

Ozodi.org 

Як корманди маркази хизматрасонии бонки “Эсхата” рӯзноманигори тоҷик Миҷгона Ҳалимоваро ба додгоҳ кашидааст. Хайриддин Шарифзода даъво кардааст, ки журналист Ҳалимова бояд барои паст кардани шаъну шарафи ӯ барояш дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товон пардохт кунад. Дар ҷавоб Мижгона Ҳалимова низ ба муқобили кормандони ин бонк барои муносибати дағалона ва истифодаи алфози қабеҳ ба додгоҳ ариза супурдааст. Дар ин бора матбуоти маҳаллӣ хабар медиҳад. Баҳси ду ҷониб моҳи октябри соли гузашта ва замоне шурӯъ шуд... Читать дальше...

АП: Бархе блогерҳоро барои андозсупорӣ даъват кардаанд

Ozodi.org 

Бархе аз блогерони тоҷик дар сӯҳбат ба оҷонсии “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳоро ба Кумитаи андоз даъват кардаанд. Аз блогерон хоста шудааст, ки дар бораи даромади худ ҳисобот дода андоз супоранд. Як манбаъ дар Кумитаи андоз ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ҳоло тартиби андозситонӣ аз блогерон дар ҳоли таҳия шудан аст. Ба қавли манбаъ, тибқи қонунгузории нави андоз, ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз пардохт намоянд, аз ҷумла блогерон ва онҳое , ки аз интернет фоидаи молӣ мегиранд. Аммо худи блогерон... Читать дальше...

Узбекистон соли 2020 ба Тоҷикистон 60% бештар газ додааст

Ozodi.org 

Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти тоҷик соли 2020-ум аз Узбекистон бар ивази беш аз 28 миллион сомонӣ гази табиӣ харидааст, ки дар нисбати соли 2019 зиёда аз 60 фоиз бештар мебошад. Ҷониби Узбекистон зимни натиҷагирӣ аз 11 моҳи соли гузашта гуфта буд, ки ба Тоҷикистон 250 миллион метри мукааб газ содир шудааст. Интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон баъди 6 соли танаффус соли 2018 барқарор гардид. Истеъмолкунандаи асосии гази узбекӣ ширкати ТалКо мебошад. Инчунин баъзе корхонаҳои дигар... Читать дальше...



Москва

Новая попытка азербайджанских вандалов исламизировать армянское культурное наследие в оккупированном Шуши


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: в ТиНАО создадут новые управы районов



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Бурятский госцирк представил новое руководство: Театр и цирк, Россия и культура, дети




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


Даниил Медведев

Теннисист Медведев не смог выйти в четвертьфинал турнира серии «Мастерс» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

Фестиваль-конкурс любительских творческих коллективов объединит в Архангельске хореографию, цирк, театр и балет



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России