Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2021

Новости за 19.01.2021

Ҳамкоронаш марги Ҳабибулло Абдураззоқовро талафоти ҷиддӣ номиданд

Ozodi.org 

Ҳабибулло Абдураззоқов,ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷикро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ чанд сол боз бемор буд ва рӯзи 19-уми январ дар 83-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

"Дигарон мардумро дастгирӣ мекунанд, дар мо – баръакс." Баҳси соҳибкорон бо моликони бозори Истаравшан. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тоҷирони бозори марказии шаҳри Истаравшан аз гарон шудани қимати иҷораи дӯкону растаҳо шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, бозор ягона ҷойи кор ва сарчашмаи даромади онҳост, вале дар се моҳи охир моликони бозор ду дафъа қарордодро иваз кардаанд. Раиси бозор гуфт, дар ин ҷо ҳеч қонуншикание нест.



"Касе хизмат кардан намехоҳад, пулро супорад"?

Ozodi.org 

"Ҷавононе, ки дар артиши Тоҷикистон хизмат кардан намехоҳанд, бигзор маблағ супоранд." Ворид кардани чунин тағийрот ба қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбиро дар Шӯрои порлумон, раиси Кумитаи намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният пешниҳод кардааст.

"Гуфт, пул медиҳӣ, гуфтам, не намедиҳам"

Ozodi.org 

Тоҷирони бозори марказии Истаравшанро боло бурдани қимати иҷораи дӯконҳояшон озурда кардааст. Фарзон Муҳаммадӣ оқибатҳои боло бурдани қимати иҷора аз дӯкондорон ва сабабҳои ин қарорро аз раиси бозори марказии Истаравшан пурсид.

Маросими видоъ бо Ҳабибулло Абдураззоқов дар Душанбе

Ozodi.org 

Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик ва яке аз фаъолони солҳои 90-умро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Абдураззоқов рӯзи 19-уми январ дар 83-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ чанд сол боз бемор буд.

Таҷаммӯи мухолифони Имрон Хон дар Исломобод

Ozodi.org 

Мухолифони Покистон рӯзи 19 январ дар Исломобод, пойтахти кишвар барои ширкат дар раҳпаймоии азими зидди ҳукумати нахуствазир Имрон Хон таҷаммӯъ карданд. Ӯро дар дарёфти ғайриқонунии маблағ аз хориҷа гунаҳгор мекунанд. Эътилофи нӯҳ ҳизби мухолифи ҳукумат Комиссиюни интихоботии Покистонро фишор меоранд, то ки дар заминаи шикояти шаш соли пеши зидди Имрон Хон дар  бораи дарёфти маблағҳо аз ИМА тасмим бигирад. Мақомот дар муқобил ҳазорҳо нирӯҳои амниятиву полисро сафарбар карданд. Аксар нирӯҳо барои ҳимоят аз биноҳои муҳими ҳукуматӣ... Читать дальше...

Тихановская аз САҲА дар бозгашти амни мухолифон ба Беларус кӯмак хост

Ozodi.org 

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская, ки баъди интихоботи баҳсбарангези президентии моҳи августи порсол кишварро тарк карда ба Литва рафт, аз САҲА дархост кард, ки барои бозгашти амни мухолифони режими Александр Лукашенко ба Беларус мусоидат кунад. Тихановская рӯзи 18 январ дар вебсайташ навишт, ки дар ин бора дар мулоқот бо сафирони ИА дар САҲА дархосте кардааст. Тихановская гуфт, бо нигоҳ ба вазъи Алексей Навалний, ки баъди бозгашт ба Русия боздошт гардид, зарурати кӯмаки САҲА-ро дар... Читать дальше...



Нашрия: Коҳиши муҳоҷирон дар Русия нархи хонаҳоро арзон кард

Ozodi.org 

Кам шудани муҳоҷирон дар Русия дар замони пандемияи COVID-19 нархи иҷораи хонаҳоро дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург аз 10 то 14 фойиз  арзон кардааст. Коршиносон гуфтаанд, аз як тараф тарки Русия кардани  муҳоҷирон, бекор мондани теъдоде аз шаҳрвандони хориҷӣ ва ё ба кори фосилавӣ гузаштани қисмати дигари одамон ба ин   раванд  боис шудааст.  Нашрияи “Московский комсомолец“ менависад, ҳоло нархи  иҷораи хонаи якҳуҷрагӣ дар Маскав ҳудуди 38 ҳазор рубли русӣ, манзили дуҳуҷрагӣ... Читать дальше...

Боздошти ду корманди ВКД бо гумони содир кардани ҷиноят

Ozodi.org 

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди вазорати корҳои дохилӣ бо иттиҳоми гирифтани пора  хабар дод. Ба қавли манбаъ, гумонбарон  Зебуниссо  Исматшозода, сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи вазорати корҳои дохилӣ ва  корманди дигари ҳамин ниҳод  Қумригули Раҷаб бо гумони содир кардани ҷиноят боздошт шудаанд. Боздоштшудаҳо барои аз бойгонии маълумотии вазорати корҳои дохилӣ тоза кардани иттилоъ дар бораи доғи судии як шаҳрванд аз ӯ 1200 доллари амрикоӣ хостаанд ва  10-уми... Читать дальше...

Пешгӯии сардшавии ҳаво дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон дар чанд рӯзи оянда сард шудани ҳавои кишварро пешгӯӣ мекунад.   Эҳтимол меравад, ки ҳарорати ҳаво то охири ҳафта даҳ дараҷа сард шуда барфу борон меборад. Аз ҷумла дар Душанбе баъди гармиҳои 16-дараҷаӣ  ҳароратсанҷ то  2 даарҷаи зери сифр пойин хоҳад омад.  Дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоми дирӯз аллакай боридани барф шурӯъ шудааст. Ширкати IRS мегӯяд, роҳро   бо маводи зиддилағзиш коркард доранд. Ҳамчунин ба қавди ин ширкати масъули нигоҳубини шоҳроҳ барои тоза кардани... Читать дальше...

Сӯхтор дар қароргоҳи беруни Вашингтон ҳолати асабониятро ба вуҷуд овард

Ozodi.org 

Сӯхтор дар як қароргоҳи афроди бехонумон дар Вашингтон дар фазои омодагии ИМА барои баргузории маросими савгандёдкунии Ҷо Байден дар мақоми президент, ки 20-уми январ баргузор мешавад, ҳолати асабониятро эҷод кард. Сӯхтор рӯзи 18-уми январ дар қароргоҳи воқеъ дар фосилаи яккилометрии Капитол – бинои Конгресс рух дод ва дуди сиёҳи ғализе ба ҳаво печид. Дар натиҷаи ин ҳодиса, нақшаи тамрину омодагӣ ба савгандёдкунӣ бекор карда шуд. Қароргоҳ баста гардид. Ба макони сӯхтор чархболҳои марбут ба хадамоти... Читать дальше...

Шумораи варзишгарон дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Токио-2020 коҳиш меёбад

Ozodi.org 

Созмондиҳандагони Олимпиадаи Токио-2020 ният доранд шумораи варзишгаронеро, ки дар маросими ифтитоҳи бозиҳо иштирок мекунанд, кам намоянд. Ба иттилои нашрияи Yomiuri, дар ибтидо қарор буд, ки дар ин чорабинӣ 11000 варзишгар аз 200 кишвар ширкат варзад. Аммо аз сабаби пандемияи коронавирус, кумитаи тадорукоти бозиҳо ин шумораро коҳиш доданист. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) интизор дорад, ки дар маросими ифтитоҳ ҳудуди 6000 варзишгар иштирок намояд. Ба ин тартиб, созмондиҳандагон умедворанд... Читать дальше...

Бори соҳибкорони тоҷик моҳҳо боз дар Чин банд мондааст. Тоҷирон мепурсанд, "роҳ кай боз мешавад?"

Ozodi.org 

Баъзе аз соҳибкорони тоҷик шикоят доранд, ки молу колои харидаашон моҳҳо боз дар Чин банд монда, тиҷораташонро баҳам задааст. Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон аст ва бештари молҳои ниёзи мардум аз онҷо ворид мешавад.

Рустам Хоҷаев сармураббии "Хуҷанд" шуд

Ozodi.org 

Рустам Хоҷаев, мутахассиси 48-солаи тоҷик, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - таъйин шуд. Ба иттилои бошгоҳи футболи «Хуҷанд», Рустам Хоҷаев ба ҳайси сармураббии ноиби қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ шуруъ кард. Бояд гуфт, ки Хоҷаев солҳои 2017 - 2018 дар вазифаи сармураббии «Хуҷанд» кор кардааст. “Хуҷанд” бо раҳбарии ӯ соли 2017 медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Рустам Хоҷаев... Читать дальше...

Туркманистони "орӣ аз COVID" ваксинаи "Sputnik-V"-ро ба қайд гирифт

Ozodi.org 

Бунёди сармоягузории мустақими Русия гуфтааст, Туркманистон ваксинаи "Sputnik V"-ро, ки ба зидди COVID-19 мебошад, барои истифода дар ин кишвар ба қайд гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам мегӯяд, ки ҳеч мавриди олудагӣ ба COVID-19 дар қаламраваш номнавис нашудааст.


Музыкальные новости
Концерт

Концерт «Моя Москва» покажут на mos.ru





Rss.plus
#123ru.net

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» правит миром, расшифровал «ДНК В.И.Ленина», отменяет налоги. И… отключает институты времени. Разгадка «научных теорий заговоров».




Гений места

На северо-западе Москвы женщина на несколько дней оставила 12-летнего сына-инвалида в квартире

Новый дом построили в микрорайоне Рекинцо-2 в Солнечногорске

20 мая в филиалах МОККВД пройдет день бесплатной диагностики родинок




Гузоришҳо: Трамп дар рӯзи охири президентиаш мехоҳад даҳҳо нафарро афв кунад

Ozodi.org 

Интизор меравад, ки Доналд Трамп дар охирин рӯзи пурраи кориаш  дар мақоми президенти ИМА қарори афви даҳҳо нафар, аз ҷумла ҷинояткорони маҳкумшударо содир кунад. Ин дар ҳолест, ки мизони маҳбубияти Трамп дар поинтарин сатҳ - 34 дарсад қарор дорад. Матбуот бо такя ба манбаъҳо дар Кохи Сафед менависад, ки эҳтимолан аз 60 то 100 нафар, аз ҷумла, бархе гурӯҳҳо бахшида шаванд. Дар миёни онҳо матбуот аз исми як репсаро ва як духтури зиндон ёд мекунад, ки барои тақаллуб ҷазо гирифтааст.  То ҳол маълум нест... Читать дальше...

Олмон дар фикри тамдиди маҳдудиятҳои марбут ба пандемия аст

Ozodi.org 

Интизор меравад, ки мақомот дар Олмон рӯзи 19-уми январ маҳдудияти марбут ба коронавирусро то охири моҳи январ тамдид кунанд. Ин тасмим зоҳиран бо сабаби бисёр зуд паҳн шудани шакли нави вирус гирифта мешавад ва айни замон, барномаи эмгузаронии аҳолӣ ҳам босуръат идома дорад. Қарор дар бораи тамдиди маҳдудиятҳо дар ҷаласаи садри аъзам Ангела Меркел ва раҳбарони 16 минтақаи федеролии кишвар гирифта шавад. Мақомот гуфтанд, ки дар роҳи муқовимат ба вирус натиҷаҳои муайяни мусбат ба даст меояд ва бархе бемороне... Читать дальше...

Наҷоти кӯдакон аз зарурати кӯмак ба атфоли Афғонистон хабар дод

Ozodi.org 

Як созмони ҳомии ҳуқуқи кӯдакон мегӯяд, мумкин аст, имсол бештар аз 10 миллион кӯдаки афғон нимгурусна монанд ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, барои пешгирӣ аз ин хатар миллиардҳо доллар кумаки молӣ расонад. Созмони Наҷоти Кӯдакон (СНК) рӯзи 19-уми январ бо нашри як муроҷиатномае гуфт, дар Афғонистон 18 миллион кӯдак ва аз ҷумла 9.7 миллион нафари онҳо ба маҳсулоти ниёзи аввал, мисли хӯрок эҳтиёҷ доранд. Созмон гуфтааст, ки барои кӯмак ба онҳо ба 3 миллиард доллар дар соли 2021 ниёз дорад. Крис Нийамандӣ... Читать дальше...

Псаки қарори Трампро дар бораи иҷозаи сафари аврупоиҳо рад кард

Ozodi.org 

Сухангӯи президенти мунтахаб Ҷо Байден рӯзи 18-уми январ як эълони президент Доналд Трампро рад кард, ки гуфт, базудӣ манъи  сафари мусофирон аз Аврупову Бразилия бо сабаби пандемия бекор мешавад. Ҷен Псаки, ки қарор аст бо сари кор омадани маъмурияти нав аз 20-уми январ ба ҳайси сухангӯи Ҷо Байден кор кунад, дар Твиттер навишт, ки “бо машварати тими табибони мо, маъмурият ҳоло дар фикри бекор кардани маҳдудиятҳо нест”.  Ӯ афзуд, ки маъмурияти Байден ният дорад тадбирҳои сиҳҳатии оммавиро дар заминаи парвозҳои байналмилалӣ тақвият диҳад. Читать дальше...



Москва

Армяне России поддерживают движение «Тавуш во имя Родины»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Диана Арбенина

Диана Арбенина и группа «Ночные снайперы» выступят на GARAGE FEST 2024




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»


WTA

Виктория Азаренко пробилась в четвертьфинал турнира WTA в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Юрий Лужков

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России